Haaretz: “Синвор ба ҷанги равонӣ, ки аз 7-уми октябр ба роҳ андохта, идома медиҳад ва мутаассифона муваффақ аст”

Haaretz: “Синвор ба ҷанги равонӣ, ки аз 7-уми октябр ба роҳ андохта, идома медиҳад ва мутаассифона муваффақ аст”
Ахбори байналмилал
Haaretz
Рӯзномаи исроилии Haaretz, ба баррасии таъхири гурдонҳои Қассом дар озодии гурӯҳи дуввуми асирони саҳюнистӣ пардохт ва навишт, ин иқдом дар чорчӯби ҷанги равонии муваффақи раиси Ҳамос дар навори Ғазза алайҳи Исроил анҷом шуд.
Омус Ҳорил, таҳлилгари масоили низомии ин рӯзнома, дар таҳлиле навишт, ҷунбиши Ҳамос дар ҷараёни муомалаи табодули асирон, ба ҷанги равонӣ идома медиҳад ва таъхири гурдонҳои Қассом дар озодии гурӯҳи дуввуми асирони исроилӣ, ҳушдоре барои идомаи ин муомала аст.
Вай афзуд, Яҳё Синвор, раиси Ҳамос дар навори Ғазза, ба ҷанги равонӣ, ки аз 7-уми октябр шурӯъ кардааст идома медиҳад ва эҳтимолан дар мароҳили баъдӣ ҳам ба ин кор идома диҳад.
Ҳорил гуфт, аз ҳамон ибтидо мушаххас буд, ки Синвор барои истифодаи ҳар чи бештар аз абзорҳои фишоре, ки дар ихтиёр дорад, саъй хоҳад кард аз ҷанги равонӣ алайҳи Исроил истифода кунад. Комилан равшан аст, ки ташдиди нигаронии исроилиҳо, яке аз аҳдофи аслии амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-уми октябр буд.
Ин таҳлилгари рӯзномаи исроилии Haaretz гуфт, мутаассифона Ҳамос комилан ба ин ҳадафаш расид ва ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки Синвор ба ин ҷанги равонӣ идома надиҳад.
Вай гуфт, талоши Синвор барои таъхир дар аз саргирии ҳамалот то абад тӯл намекашад, бинобар ин Исроил бояд зарфи як ҳафта дар мавриди наҳваи ҷанг тасмим бигирад.
Ҳорил дар бораи ҳадафи муқовамат дар навори Ғазза гуфт, ҳадаф, озодии ниҳоии ҳамаи асирони исроилӣ аъамм аз мурда ва зинда дар изои озодии беш аз 6000 фаластинии асир дар зиндонҳои Исроил аст.
Вай дар робита бо муомалаи асирон, ки ҳадафи муқоваматро бароварда мекунад, таъкид кард, ки ин шикастани тобуе аст, ки ҳеч як аз кобинаҳои Исроил то кунун ба он наздик нашудааст.
Ҳорил афзуд, дар ҳоли ҳозир ташхиси ин мавзӯъ, ки оё табодули асирон мавриди ҳимояти густурдаи исроилиҳо қарор хоҳад гирифт ё хайр, душвор аст. Ин мавзӯъ бо вуҷуди ҳамдардии бисёр зиёд бо ранҷи хонаводаҳои зиндониён мушаххас нест.
Вай дар идома гуфт: “Исроил дар сурати адами дастёбӣ ба муомалаи асирони изофӣ, то ҳудуди як ҳафтаи дигар бояд дар мавриди идомаи ҷанг тасмимгирӣ кунад ва ин тасмим марбут ба шимоли навори Ғазза аст, аммо дар мавриди ҷануби навори Ғазза артиши Исроил ба зудӣ бо он муқобала хоҳад кард.”
Таъхири гурдонҳои Қассом дар озодии гурӯҳи дуввуми асирони исроилӣ мақомоти Исроилро маҷбур кард, ба шартҳои муқовамати Фаластин тан диҳанд ва ба бандҳои тавофуқи оташбас пойбанд шаванд.
Haaretz
Қаламонлайн
Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳаммадҳусайни Ланданӣ ва китоби “Қавонини забони форсӣ”
Ҳадяи таваллуд ба равиши саҳюнистӣ

Матолиби пурбоздид