New York Times: Исроил дар садади террори раҳбарони Эрон буд
Ахбори байналмилал
New York Times: Исроил бо ҳадаф қарор додани муҳофизони мақомоти эронӣ, дар садади терури раҳбарони Эрон буд, аммо ноком шуд
Ба гузориши рӯзномаи омрикоии New York Times
Исроил бо радёбии телефонҳои ҳамроҳи муҳофизони амниятӣ, тавонист ҳаракоти шахсиятҳои калидии Эронро расад карда ва дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи имсол онҳоро терур кунад.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амнияти миллии Эрон бо ҳак кардани телефонҳои муҳофизоне, ки масъулини Эронро ба маҳалли ҷаласа ҳамроҳӣ карда ва берун мунтазир монда буданд, ошкор шуд.
Тибқи ин гузориш, истифодаи бемулоҳизаи муҳофизони амниятии Эрон аз телефонҳои ҳамроҳ тайи солҳо, аз ҷумла интишори ёддошт дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши калидӣ дар имкони радёбии донишмандони атомӣ ва фармондеҳони низомии Эрон ифо кард.
Қаламонлайн