New York Times: “Мавзеи Яҳё Синвор устувортар шуда ва қасди оташбас надорад”

New York Times: “Мавзеи Яҳё Синвор устувортар шуда ва қасди оташбас надорад”

Ахбори байналмилал

Рӯзномаи омрикоии New York Times

Раҳбари ҷадиди Ҳамос мавзеи сахттаре дар қиболи оташбас бо Исроил иттихоз кардааст.

Ин рӯзнома ба нақл аз чанд мақоми омрикоӣ, ки онҳоро мутталеъ номида навишт: “Яҳё Синвор, раҳбари ҷунбиши Ҳамос, дар ҳафтаҳои ахир мавзеи сарсахтонатар пайдо карда ва тарҷеҳ медиҳад Исроилро дар ин даргирии васеи минтақаӣ нигаҳ дорад, то ин ки Исроил ночор ба пазири оташбас бишавад.”

New York Times навишт, ки Синвор муддатҳост ба ин бовар расида, ки аз ин ҷанг ҷон бадар нахоҳад бурд, ба ҳамин хотир музокироти оташбасро комилан масдуд кардааст.

Бино бар ин гузориш, ин Натонёҳу, нахуствазири Исроил аст, ки бо коршиканиҳои худ бавежа дар мавриди ду гузаргоҳи “Нетзорим” ва “Филоделфиё”, бар печидагии музокирот ва сахт шудани мавзеи Синвор кӯмак кардааст.

Бар асоси гузориши New York Times, Синвор муддатҳост, ки аз васоили иртиботии электронӣ истифода накарда ва аз тариқи инсонҳо паёмҳои худро мунтақил мекунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаҳои исроилӣ: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамла ба Ироқ аст”
Бойден: “Ҳеч раиси ҷумҳуре бештар аз ман ба Исроил кӯмак накардааст”

Матолиби пурбоздид