Reuters: Артиши Исроил тахлияи сокинони Рафаҳро ба унвони муқаддимаи ҳамлаи заминӣ оғоз кард

Reuters: Артиши Исроил тахлияи сокинони Рафаҳро ба унвони муқаддимаи ҳамлаи заминӣ оғоз кард

Ахбори байналмилал

Расонаҳо гузориш доданд, ки артиши Исроил пеш аз ҳамлаи заминӣ, тахлияи сокинони манотиқи шарқии шаҳри Рафаҳ дар ҷануби навори Ғаззаро оғоз кардааст.

Reuters гузориш дод, ки тахлия ба самти урдугоҳҳои Хон-Юнус ва Алмувосӣ дар ҷануби навори Ғазза дар ҳоли анҷом аст.

Бино бар ин гузориш, тасмим барои оғози тахлияи Рафаҳ шаби гузашта дар ҷаласаи кобинаи Натонёҳу гирифта шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Йоав Галлант, вазири ҷанги Исроил рӯзи якшанбе бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Омрико дар бораи оғози тахлияи Рафаҳ сӯҳбат кард.

Reuters

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Филми синамоии “Масти ишқ”
Интиқоди намояндаи Кунгураи Омрико аз саркӯби донишҷӯён

Матолиби пурбоздид