Reuters: Инфиҷор дар як киштии муртабит бо Исроил

Reuters: Инфиҷор дар як киштии муртабит бо Исроил

Расонаҳои англисӣ аз инфиҷор дар як киштӣ дар халиҷи Адан хабар додаанд

Ахбори байналмилал

Созмон амалиётҳои тиҷорати дарёии Англис эълом кард, гузорише аз вуқӯи як инфиҷор дар шарқи шаҳри бандари Адан дар Яман хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, ин созмони англисӣ эълом карда, моҳияти ин ҳодиса равшан нест, аммо нерӯҳои яманӣ аз 23 ноябр ба ин сӯ барои эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ба киштиҳои муртабит бо Исроил ҳамла кардаанд.

Гуфтанист, ҳафтаи гузашта Ожонси иттилооти дифоии Омрико дар гузориши ҷадид эътироф карда буд, Эътилофи дарёӣ таҳти раҳбарии Вошингтун мавсум ба “Амалиёти нигаҳбони рифоҳ”, ки барои посух ба ҳамалоти Ансоруллоҳ ба киштиҳои муртабит бо Исроил дар баҳри Сурх роҳандозӣ шуда ба аҳдофи худ даст наёфтааст.

Ин созмон, ки ҷузъе аз Вазорати дифоъ ва ҷомеаи иттилоотии Вошингтун маҳсуб мешавад, дар ҷадидтарин гузориши худ, ки панҷшанбеи гузашта мунташир шуд, аз Ансоруллоҳ ба унвони “таҳдиди рӯ ба рушд” ёд ва хотирнишон кардааст, ҳамалоти ин гурӯҳ дар баҳри Сурх 30 ширкати бузурги энержӣ ва киштирониро водор ба тағйири масири худ дар баҳр кардааст.

Ожонси иттилооти дифоии Омрико дар он гузориш тасреҳ карда буд, дар фосилаи байни ноябри 2023 то марти 2024 дастикам 43 маврид аз ҳамалоти Ансоруллоҳ ба киштиҳоро дар баҳри Сурх ва халиҷи Адан шиносоӣ кардааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба зиндагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Абдулборӣ Атвон: “Телавив қабл аз шиллики аввалин мушак ба зоҳияи Бейрут, аз рӯйи нақша маҳв мешавад”

Матолиби пурбоздид