Reuters: Омрико: “Аз тариқи кишварҳои мухталиф, ба Эрон паём фиристодем”

Reuters: Омрико: “Аз тариқи кишварҳои мухталиф, ба Эрон паём фиристодем”

Ахбори байналмилал

Омрико ба Эрон паём дода, ки дар ин “лаҳзаи ҳассос” барои Ховари Миёна, танишро ташдид накунад.

Ба гузориши Reuters, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Омрико гуфт:

“Иёлоти Муттаҳида, аз тариқи конолҳои диплумотик, аз дигар кишварҳо хостааст, ки ба Эрон бигӯянд, ташдиди таниш дар Ховари Миёна ба нафъи онҳо нест.”

Блинкен, вазири хориҷаи Омрико гуфт:

“Вошингтун даргири диплумосии шадид, тақрибан шабонарӯзӣ, барои кӯмак ба коҳиши танишҳо дар миёни тарс аз тадоруки ҳамлаи талофиҷӯёнаи Эрон алайҳи Исроил аст.”

Reuters

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири собиқи Исроил: Эъломи вазъияти омодабош, дастоварде барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ аст
Вазири хориҷаи Исроил: “Эрон моро аз тасмими худ барои ҳамла ба Исроил огоҳ сохтааст”

Матолиби пурбоздид