Reuters: Ҳамос бо тарҳи оташбас дар Ғазза мувофиқат кард
Ахбори байналмилал
Як мақоми фаластинӣ ба хабаргузории Reuters гуфт, Ҳамос бо тавофуқи оташбас мувофиқ аст.
Мақоми фаластинии огоҳ дар бораи музокироти рӯзи ҷумъа, ба хабаргузории Reuters гуфт, ҷунбиши Ҳамос посухи худро ба пешниҳоди оташбаси 60-рӯза дар Ғазза, ки тавассути Иёлоти Муттаҳида матраҳ шуда буд, ирсол кардааст.
Ин мақоми огоҳ, ин посухро мусбат тавсиф кард ва гуфт, ин вокуниш бояд барои дастёбӣ ба тавофуқ кӯмак кунад.
Бар ин асос, Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико пештар эълом карда буд, як пешниҳоди ниҳоӣ барои оташбаси 60-рӯза дар ҷанге, ки тақрибан 21 моҳ аст байни Исроил ва Ҳамос ҷараён дорад, ироа дода ва гуфта буд, ки мунтазири посухи тарафайн аст.
Мақоми Ҳамос гуфт: “Мо посухи худро ба миёнҷигарон, яъне Қатар ва Миср, дар бораи пешниҳоди оташбас ирсол кардаем.”
Ин мақоми фаластинӣ, ки ба музокирот наздик буд, афзуд: “Посухи Ҳамос мусбат аст ва фикр мекунам, бояд ба расидан ба як тавофуқ кӯмак кунад.”
Тромп рӯзи сешанбе гуфта буд, ки Исроил шароити лозим барои ниҳоӣ кардани як оташбаси 60-рӯзаро пазируфтааст ва дар тӯли ин давра талошҳое барои поён додан ба ҷанги эътилофи Омрико бо гурӯҳи Ҳамос дар минтақиа Фаластин сурат хоҳад гирифт.
Аммо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳанӯз ба изҳороти Тромп вокунише нишон надодааст ва дар баёнияҳои умумӣ, мавозеи ду тараф ҳамчунон бисёр бо ҳам фосила дорад.
Натонёҳу қарор аст рӯзи душанбе бо Тромп дар Вошингтун дидор кунад.
Қаламонлайн