Telegraph: “Ҳусиҳо қудрат гирифтаанд”

Telegraph: “Ҳусиҳо қудрат гирифтаанд”

Ахбори байналмилал

Ба гузориши рӯзномаи англисии Telegraph, бо идомаи ҳамалоти интиқомҷӯёнаи артиши Яман ба Исроил дар посух ба ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва ба рағми ҳамалоти ҳавоии шадиди Омрико, Ангилис ва Исроил ба ин кишвар, аммо ин иқдомот боиси таваққуфи ҳамалоти Яман ба Исроил ва ҳамчунин новҳои омрикоӣ нашудааст.

Ин рӯзномаи ангилисӣ дар гузорише дар бораи талоши Исроил ва муттаҳидонаш барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти артиши Яман навишт:

Ҳусиҳои Яман (Ансоруллоҳ) дар ҳоли ҳозир бахше аз Яманро таҳти контрол доранд, ки ҳудуди 80 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар дар он сукунат доранд.

Тибқи як манбаъи амниятии исроилӣ, агар артиши Яман ба ҳадаф қарор додани шаҳрҳо ва устонҳо дар Исроил идома диҳад, мумкин аст ин режим омодаи анҷом додани як амалиёти терур шавад.

Ин манбаъи иттилоотии исроилӣ эътироф кард, ки “Ҳусиҳо Исроилро ғофилгир кардаанд”, аммо нисбат ба идомаи ҳамалоти онҳо ба шиддати феълӣ, ибрози тардид кард.

Ӯ бо муқоисаи тавонмандиҳои Ансоруллоҳи Яман бо Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: “Онҳо аз зарфияти Ҳизбуллоҳ бархӯрдор нестанд, аммо дар айни ҳол тавлидоти худашонро доранд. Бархе аз инҳо дар ҳамалоти Омрико ва Ангилис ҳадаф қарор гирифт, аммо ҳамаи он набуд ва (ин таъсисоти таслеҳотӣ ва тавлидоти он) дар саросари Яман парокандаанд, бинобар ин, шиносоии маҳаллашон ё баромадан аз ӯҳдаи он осон нест. Аммо бо ин ҳол, фикр намекунам ин равия чанд сол тӯл бикашад.”

Ин манбаъи иттилоотӣ ба Telegraph гуфт, ки Исроил, ки то замони амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”, ки аз сӯйи Ҳамос дар 7-уми октябр анҷом шуд, артиши Яманро як таҳдид ба ҳисоб намеовард, ҳоло талош мекунад дар бораи онҳо иттилоот гирдоварӣ кунад.

Ӯ афзуд: “Тамоми ин муддат, мо бардоштамон ин буд, ки Ҳусиҳо мушкили Исроил нестанд ва бештар барои Омрико, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дарди сар эҷод мекунанд. Ҳоло гирдоварии иттилооте аз хонаи аввал оғоз мешавад.”

Ин манбаъи иттилоотӣ бо ишора ба душвории гирдоварии иттилоот дар ин бора гуфт: “Ҳеч марзе вуҷуд надорад ва (Яман) бисёр дур аст. Бинобар ин, гузинаҳои инсонии каме дорем. Агарчӣ, қабилаҳои зиёде он ҷо ҳастанд ва мо бо давлати қонунии Яман ҳамкорӣ дорем, ки метавонанд манобеъ ва иттилооти муфиде ба мо ироа кунанд.”

Марк Тот (Mark Toth), як коршиноси масоили амниятӣ ва иқтисоддон гуфт, ки бо бозгашти Дунолд Тромп, раисиҷумҳури мунтахаби Омрико ба Кохи сафед дар моҳи ҷорӣ, мумкин аст шоҳиди афзоиши ҳамалоти Омрико ба Яман бошем.

Ӯ афзуд: “Тромп иҷозаи идома пайдо кардани ин равияро нахоҳад дод. Агар ӯ ба ваъдаи худ мабнӣ бар ба кор бастани рӯйкарди “фишори ҳаддиаксарӣ” алайҳи Эрон амал кунад, ин корро хоҳад кард.”

Ба гуфтаи ин коршинос, “Тромп бо Ҳусиҳое мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки қодир ба ҳамла ба имконоти низомии Омрико дар Ҷибутӣ ва Эритрея ҳастанд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрдуғон: Барои таҳаққуқи руъёи Туркияи Бузург ҳар кореро анҷом медиҳем!
Ҳамлаи мушакии Яман ба нерӯгоҳи барқии Исроил

Матолиби пурбоздид