The Guardian: Ҳушдори Ҳусиҳо ба киштиҳое, ки ба Исроил мераванд

The Guardian: Ҳушдори Ҳусиҳо ба киштиҳое, ки ба Исроил мераванд 
Эъзоми 4 нови исроилӣ ба баҳри Сурх
Ҳусиҳои Яман (Ансоруллоҳ) ба киштиҳое, ки дар масири ҳаракат ба самти Исроил ҳастанд, ҳушдор доданд.
Ба гузориши The Guardian, як мақоми аршади Ҳусиҳои Яман, ба киштиҳои борӣ дар баҳри Сурх ҳушдор дод, ки аз сафар ба самти Исроил худдорӣ кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки Ҳусиҳо масъулияти ҳамла ба як киштии тиҷории норвегияиро дар рӯзи сешанбе (12 декабр) ба ӯҳда гирифтанд.
Муҳаммадалӣ Ҳусӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман гуфт: “Киштиҳо бояд аз ҳаракат ба самти Исроил худдорӣ кунанд ва ҳар киштие, ки аз Яман убур мекунад, бояд радиоро равшан нигаҳ дорад ва ба суръат ба талошҳои Ҳусиҳо барои иртибот посух диҳад.”
Ҳусӣ ҳамчунин ба киштиҳои борӣ нисбат ба “ҷаъли ҳувият” ё барафроштани парчамҳои мутафовит аз кишвари мутаъаллиқ, ба молики киштиҳои борӣ ҳушдор дод.
Ҳусиҳо дар ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо, ки дар Ғазза мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтаанд, аз контроли худ бар соҳили ғарбии Яман, аз ҷумла бандарҳое монанди Ҳадида истифода мекунанд, то ҳамалотеро ба киштиҳои муртабит бо Исроил, анҷом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил аз эъзоми 4 нови ҷангӣ ба баҳри Сурх хабар дод. Ин аввалин бор аст, ки Исроил ба ин минтақа киштии ҷангӣ эъзом мекунад.
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Haaretz: “Артиши Исроил 13 исроилиро кушт”
Равил Айнуддин: “Ташкили кишвари мустақилли Фаластин, танҳо роҳи поёни хушунат дар минтақа аст”

Матолиби пурбоздид