Times: Сарбози англисии бозгашта аз ҷабҳаи Лубнон: “Нерӯҳои Ҳизбуллоҳ беҳтарин ҳастанд”
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи англисии Times фош кард, ки шуморе аз сарбозони англисӣ дар канори артиши Исроил дар ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳӣ Лубнон меҷанганд.
Times навишт: “Яке аз сарбозони англисӣ, ки дар канори нерӯҳои исроилӣ дар ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳ ҷангида, хотироти 8-рӯзаи худ бо нерӯҳои исроилӣ дар ҷабҳаи Лубнонро ба сабт расондааст.”
Ин рӯзномаи англисӣ дар идома овардааст: “Ин сарбоз дар хотироти худ, ки пас аз гузарондани таътилоти 3-рӯза бо ҳамсар ва писари 15-моҳааш навишта овардааст: аксари нерӯҳои Ҳизбуллоҳ, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шудаанд, дар Сурия таҷрибаи размӣ касб кардаанд.”
Вай аз нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ба унвони “беҳтарин нерӯҳо” ёд карда ва афзудааст: “Нерӯҳои Ҳизбуллоҳ беҳтарин нерӯҳо ва зубдатарин нерӯҳо ҳастанд.”
Ин рӯзнома ба нақл аз ин сарбози англисӣ, ки аз ӯ ба Йосси ном бурда, овардааст: “Наметавонам тавсиф кунам, ки чӣ қадар хушшонс ҳастам, ки зинда мондаам.”
Times
Қаламонлайн