Wall Street Journal: Нафткаши эронӣ дар обҳои байналмилалӣ дар наздикии Венесуэла аз дасти нерӯҳои омрикоӣ гурехт
Омрико дар ҳоли ҷустуҷӯи ин киштӣ барои тавқиф
Ахбори байналмилал
Омрико дар ҳоли гирдоварии нерӯ, аз ҷумла нерӯҳои вокуниши вежаи баҳрӣ, барои юриш ба як нафткаши муртабит бо Эрон дар обҳои байналмилалӣ дар наздикии Венесуэла аст. Ин киштӣ пештар дар рӯ дар рӯӣ бо горди соҳилии Омрико тағйири масир дода ва аз муҳосираи нерӯҳои омрикоӣ гурехтааст.
Wall Street Journal ба нақл аз мақомоти омрикоӣ навишт: Нафткаши бисёр бузурги Bella 1, ҳафтаи гузашта дар обҳои байналмилалӣ дар наздикии Венесуэла ҳангоми рӯ дар рӯӣ бо горди соҳилии Омрико, дар иқдоме нодир, ногаҳон 180 дараҷа давр зад, ба нерӯҳои омрикоӣ иҷозаи бозрасӣ ва савор шудан бар рӯйи аршро надод ва бо тамоми суръат дар уқёнуси Атлас (Атлантик) аз Венесуэла дур шуд.
Ба гуфтаи ин мақомот, дар пайи ин иқдом, горди соҳилии Омрико мутаваҷҷеҳ шуд, ки барои вуруд ба ин нафткаш ба нерӯи пуштибонӣ ниёз дорад.
Euronews навишт, бино ба ин гузориш, акнун бо гузашти беш аз панҷ рӯз аз оғози таъқиби Bella 1, горди соҳилӣ ва артиши Омрико дар ҳоли гирдоварии нерӯи инсонӣ ва таслеҳот барои юриш ба ин киштӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ, ягонҳое, ки қарор аст барои ин амалиёт ба минтақа эъзом шаванд (“гурӯҳи вокуниши вежаи баҳрӣ”), барои савор шудан ба киштиҳои душман омӯзиш дидаанд.
Ба гузориши Wall Street Journal, таъқибу гурези Bella 1 метавонад ба хатарноктарин ҳодиса барои нерӯҳои омрикоӣ дар ҷараёни муҳосираи санъати нафтии Венесуэла то кунун табдил шавад.
Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико, шомгоҳи 17 декабр ҳукумати Венесуэларо “созмони теруристии хориҷӣ” муаррифӣ ва эълом кард, ки дастури муҳосираи “комил ва тамомайёр”-и ҳамаи нафткашҳои вурудӣ ба ин кишвар ва хуруҷӣ аз он кишварро содир кардааст.
Нерӯҳои омрикоӣ ҳафтаҳост, ки ба дастури Тромп, дар минтақаи Короиб дар наздикии Венесуэла мустақар шудаанд. Ин нерӯҳо то кунун даҳҳо бор ба шиноварҳо ҳамла кардаанд, ки бино бар гузоришҳо, ин ҳамалот беш аз 100 кушта бар ҷой гузоштаанд.
Гуфта мешавад, тавқифи нафткаши омрикоӣ дар халиҷи Форс дар ду рӯз пеш, дар вокуниш ба ҳодисаи фавқ будааст. Дар ҳоли ҳозир, нафткаши омрикоӣ дар ихтиёри Сипоҳи Посдорони Эрон аст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













