Wall Street Journal: Артиши Омрико дар маърази хатар аст
Ахбори байналмилал
Wall Street Journal: Артиши Омрико ба тарзи ваҳшатноке дар маърази хатар аст
Беш аз 42 ҳавопаймои омрикоӣ дар ҳамалоти Эрон мунҳадим шуданд
Рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal навишт:
Ҳамалоти Эрон алайҳи пойгоҳҳои низомии Омрико дар Ховари Миёна аз ҷумла ахиран дар Урдун, таҳдиди фазояндаи мушакҳо ва паҳподҳои Эронро нишон медиҳад. Омрико ба андозаи кофӣ барои дифоъ аз пойгоҳҳои хориҷӣ, зерсохтҳои ҳаётӣ ва сарбозони худ омода нест.
Аз замони оғози амалиёти мавсум ба “Хашми ҳамосӣ”, Эрон беш аз 2000 ҳамлаи ҳавоӣ, мушакӣ ва паҳподӣ дар саросари Ховари Миёна анҷом дода ва ҳадди ақал ба 20 марказ дар 8 кишвари мавриди истифодаи артиши Омрико осеб расондааст.
Wall Street Journal менависад: Дар маҷмӯъ, Эрон беш аз 42 ҳавопаймои низомии Омрикоро, ки чандин маврид аз онҳо дар пойгоҳҳои ҳавоӣ буданд, мунҳадим кардааст.
Қаламонлайн













