Wall street Journal: “Эрон ба як қудрати ҷаҳонӣ табдил шудааст”
Ахбори байналмилал
Як расонаи маъруфи омрикоӣ дар гузорише навишт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раҳбарии Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ тавониста дар баробари чандин даҳа фишорҳои Омрико муқовамат кунад ва бо ҳамкорӣ бо Русия ва Чин, талошҳои Ғарб барои мунзавӣ карданашро хунсо созад.
Нашрияи Wall street Journal дар ин гузориш, дар бораи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Эрон эътироф карда, ки ин кишвар имрӯз бо вуҷуди тамоми таҳримҳо, нисбат ба даҳаҳои гузашта нуфуз ва таъсиргузории бештаре дар арсаи байналмилалӣ дорад.
Ин нашрия зимни эътироф ба иштибоҳоти фаровони давлатҳои паёпайи Иёлоти Муттаҳида дар минтақа, навиштааст, Ҷумҳурии Исломӣ имрӯз, бузургтарин таҳдиди таърихи 45-солаи худ аз замони инқилобро Омрико дониста.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ҷунбишҳои муқовамати минтақа, ки ин расонаи омрикоӣ ба тавонмандии онҳо дар минтақа эътироф карда, таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд ва кишварҳое монанди Ироқ, Лубнон, Яман ва Сурия, аз Теҳрон таъсир мепазиранд.
Дар ин гузориш ҳамчунин ба амалиёти “Ваъдаи содиқ” ишора шуда, ки ба гуфтаи ин расонаи омрикоӣ, бузургтарин ҳамла ба Исроил будааст.
Сюзан Мелони, узви Андешкадаи Брукингс, ки дар давлатҳои мухталифи Омрико нақши мушовира дар мавриди Эронро бар ӯҳда дошта, Эрони имрӯзро қудратмандтар аз Эрони қабл аз инқилоби исломӣ арзёбӣ карда ва мегӯяд: “Аз бисёре ҷиҳот, Эрон имрӯз қудратмандтар, бонуфузтар, хатарноктар ва таҳдидомезтар аз 45 соли қабл аст.”
Ба навиштаи ин нашрия, аз замони давлати Ҷимми Картер дар Омрико, тамоми давлатҳои ин кишвар муқобила бо рушди Эронро дар дастури кори сиёсати хориҷии худ қарор додаанд, аммо имрӯз қудрати фазояндаи Эрон нишондиҳандаи шикасти Ғарб аст.
Дар ин гузориш омадааст: “Таҳлилгарон бовар доранд, таҳрим, ки абзори ҳамешагии Ғарб буда, дигар наметавонад Эронро дар арсаи ҷаҳонӣ мунзавӣ кунад. Эрон дар вокуниш ба таҳримҳо, иқдом ба таъмиқи ҳамкориҳои худ бо меҳвари Чин ва Русия кардааст.”
Ба навиштаи ин нашрия, давлатҳои мухталиф дар Кохи сафед ҳар як ба навбаи худ сиёсатеро дар қиболи Эрон дар пеш гирифтанд ва нисбат ба пешиниёни худ кӯшиданд, то арсаро бар Эрон тангтар кунанд. Бо ин ҳол, Эрон ҳамеша як сиёсати дифоии мунсаҷимро дар пеш гирифта, ки шомили эҷоди қудрати боздорандагӣ дар баробари ҳамалоти душман ва эҷоди шабакае аз муттаҳидони худ дар минтақа аст.
Ба гузориши ин рӯзнома, ҳузури низомии Омрико дар минтақа ва ҳамла ба Ироқ ва Афғонистон, натавониста монеъи рушди Эрон шавад ва нуфузи низомӣ ва сиёсии ин кишвар дар минтақа афзоиш ёфтааст. Эрон ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Русия ва Чин ба унвони 2 муттаҳиди қудратманди худ, саъй дорад дар саросари ҷаҳон бо нуфузи Иёлоти Муттаҳида муқобила кунад.
Wall street Journal
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: