Washington Post: “Исроил таҳқир шуд”

Washington Post: “Исроил таҳқир шуд”
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи омрикоии Washington Post эътироф кард, ки ҳамалоти муқовимати Фаластин ба сарзаминҳои ишғолӣ шикасте барои режими саҳюнистӣ буда ва боиси таҳқири ин режим шудааст.
Ин рӯзнома дар ин бора эълом кард: “Андоза ва густараи мушакҳое, ки муқовамат рӯзи шанбе ба самти Исроил партоб кард, бесобиқа буд”.
Washington Post таъйид кард, ки амалиёти “Тӯфони Ақсо” артиши режими саҳюнистӣ ва ниҳодҳои амниятии ин режимро ғофилгир кард ва пас аз моҳҳо ҳушдори мақомоти амниятӣ дар бораи бадтар шудани тавони боздорандагӣ, иттиҳомот ва интиқодоти талхеро ба ҳамроҳ дошт.
Йосси Вертер, таҳлилгари рӯзномаи Ҳооретс, дар мақолае таҳти унвони “Таҳқир ва шикаст… Тарсу шок ба Исроил чира шудааст”, навишт: «Исроил имрӯз таҳқир шуд ва шикаст хӯрд».
Вай бо ишора ба ҷанги режими саҳюнистӣ бо Миср ва Сурия дар соли 1973, гуфт: “Ҳатто агар Ғазза вайрон шавад, ин муҳимтарин шикасти амниятӣ пас аз он ҷангро ҷуброн нахоҳад кард”.
Ин рӯзнома гузориш дод, Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ба таври маъмул аз маҷмӯае аз рокетҳои маъмулӣ ва пешрафта барои ҳадаф қарор додани сарзаминҳои ишғолӣ истифода мекунанд ва андоза ва густараи мушакборони рӯзи шанбе бесобиқа буд.
Вертер дар идома овардааст: “Такондиҳандатарин иттифоқ ин аст, ки фаластиниҳо тавонистанд бар 22 шаҳрак дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ мусаллат шаванд”.
Фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос субҳи шанбе ва пас аз ҳамалоти густардаи рокетии муқовимати Фаластин ба шаҳракҳои саҳюнистӣ дар атрофи Ғазза, оғоз амалиёти “Тӯфони Ақсо”-ро эълом кард.
Бар асоси охирин оморҳо, то кунун 350 саҳюнист дар ин ҳамалот кушта ва 1590 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати беҳдошти Ғазза низ эълом кард, ки аз оғози набарди “Тӯфони Ақсо” то ин лаҳза 232 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд. Ин вазорат ҳамчунин эълом кард, ки омори маҷрӯҳон дар навори Ғазза низ ба 1697 нафар расидааст.
Даргириҳо миёни нерӯҳои муқовимати Фаластин дар Ғазза ва нерӯҳои саҳюнистӣ ҳамчунон идома дорад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кувейт ҳимояти худро аз мардуми Фаластин эълом кард
Реферондум – роҳи ҳалли буҳрони Фаластин

Матолиби пурбоздид