Абдулборӣ Атвон: Вокуниши Эрон ба амалиёти Димишқ вайронгар хоҳад буд

Таҳлили хабарӣ

Абдулборӣ Атвон: Вокуниши Эрон ба амалиёти Димишқ вайронгар хоҳад буд

Як таҳлилгари аршади арабӣ бо ишора ба итмоми сабри истротежики Эрон дар мавриди таҷовузи саҳюнистҳо, эълом кард, ки вокуниш ба ин терур, барои Исроил вайронгар хоҳад буд.

Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари машҳури араб ва сардабири рӯзномаи Раъюл-явм, дар мақолаи ҷадиди худ, ба ҳамлаи теруристии режими саҳюнистӣ ба сохтмони консулгарии Эрон дар Димишқ пардохта ва навишт, ки ин ҳамла ба шаҳодати чанд нафар аз ҷумла сардор Муҳаммадризо Зоҳидӣ, аз фармондеҳони бузурги Сипоҳи Қудси Ҷумҳурии Исломии Эрон мунҷар шуд, ки ба маънои хуруҷ аз тамоми қоонунҳои ҷанг ба шумор меравад.

Ин таҳлилгари аршади арабӣ таъкид кард, ки ҳамлаи мазкур, илова бар Сурия, таҷовуз зидди Эрон ба шумор меравад, ки бо ҳадафи эҷоди ҷанги минтақаӣ ва кашондани Омрико ба ин ҷанг сурат гирифтааст.

Ба навиштаи Атвон, Исроил дар ҳоли ҳозир бо бӯҳронҳои рӯзафзуни мутаъаддиде дасту панҷа нарм мекунад ва тамоми қудрати боздорандагӣ ва ҳимоятии худ аз шаҳракнишинонро дар манотиқи шимолӣ ё дар ғилофи Ғазза аз даст додааст. Ба ҳамин иллат аст, ки беш аз 250 ҳазор нафар аз сокинони ин шаҳракҳо хона ва кошонаи худро раҳо кардаанд ва омори муҳоҷирати маъкус ба Русия ва Омрико ва Урупо барои ёфтани манотиқи амни хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ, дар миёни саҳюнистҳо ба шиддат афзоиш пайдо кардааст.

Ин таҳлилгари аршади арабӣ, бо ишора ба ин ки вокуниши эрониҳо ба таҳрикҳои Исроил ҳанӯз мушаххас нест, таъкид кард, ки назар мерасад, корд ба устухон расидааст ва сабри истротежики эрониҳо дар ҳоли поён ёфтан аст.

Атвон дар поён тасреҳ карда, ки суоли муҳимтар ин аст, ки Эрон дар сурати тасмим ба интиқом, амалиёти худро чӣ гуна анҷом медиҳад? Оё аз мушакҳои худ истифода мекунад ё ин ки зерсохтҳои саҳюнистҳо дар Ҳифо ва Телавив ва Акко ва Сафад ва ҳатто Демуно ва Илотро тахриб мекунад?

Атвон, бурузи ҷанги минтақаиро қарибулвуқӯъ донист ва таъкид кард, ки агар Исроил оташи ин ҷангро равшан кунад, вокуниши эрониҳо ва бозувони қудратманди муқовамат дар Лубнон ва Яман барои Исроил вайронгар хоҳад буд ва мавҷудияти ин режимро ба поён хоҳад бурд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Хумайнӣ: “Ҷинояти режими саҳюнисти мӯҳтоҷи посухе муносиб ва боздоранда аст”
Сафири Эрон дар Сурия: “Муқобила ба мисл хоҳем кард”

Матолиби пурбоздид