Абдулборӣ Атвон: “Телавив қабл аз шиллики аввалин мушак ба зоҳияи Бейрут, аз рӯйи нақша маҳв мешавад”

Таҳлили хабарӣ

Абдулборӣ Атвон: “Телавив қабл аз шиллики аввалин мушак ба зоҳияи Бейрут, аз рӯйи нақша маҳв мешавад”

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари маъруфи ҷаҳони араб, ба воковии ҷадидтарин суханронии дабири кулли Ҳизбуллоҳ пардохт ва ба омодагии болои муқовамати Лубнон барои посух ба ҳар гуна ҳамоқати режими саҳюнистӣ ишора кард.

Ба гузориши Раъюл-явм, вай дар матлабе дар ин рӯзнома овардааст:

“Агар бихоҳем аҳаммияти суханронии (рӯзи чаҳоршанбеи) Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро бидонем, бояд ба се вокуниши асосӣ ба ин суханронӣ ишора кунем:

1) Нахуст, вокуниши Никос Христодулидис, раисиҷумҳури Қибрис буд, ки билофосила пас аз поёни суханронии Насруллоҳ, ҳар гуна мушорикати кишвараш дар иқдоми хасмона алайҳи Лубнонро рад кард;

2) Дуввум, иҷмоъи расонаҳои саҳюнист ва таҳлилгарони низомӣ ва бештари женеролҳои кунунӣ ё женеролҳои бознишастаи артиши режими Исроил мабнӣ бар ин ки ин режим бо авзоъи амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва равонии бадтар аз ҳар замони дигаре рӯ ба рӯст ва ин ки паҳподҳои Ҳизбуллоҳ хатарноктар аз мушакҳо ҳастанд; бавежа пас аз маъмурияти муваффақиятомези паҳподи “Ҳудҳуд”, ки ҳамаи родорҳо ва хутути дифоъи ҳавоӣ ва заминии режими Исроилро бидуни раҳгирӣ шудан рад кард ва пас аз тасвирбардорӣ ва ба даст овардани “ганҷе аз аҳдоф” дар шимоли Фаластини ишғолӣ, ба пойгоҳи худ дар ҷануби Лубнон бозгашт;

3) Севвум, мақолаи Тумос Фридман, рӯзноманигори саҳюнисти машҳур дар рӯзнома New York Times аст, ки дар он гуфта буд: “Исроиле, ки мешинохтем, рӯ ба завол аст ва дар ҳоли ҳозир бо эҳтимоли тақрибан қатъӣ ҷанг дар се ҷабҳаи Ғазза, Лубнон, каронаи Бохтарӣ ва қудрати бузурге ба номи Эрон рӯ ба рӯст, ки бо истифода аз бозуҳои низомии худ дар минтақа, ба дунболи аз байн бурдани Исроил аст.” Вай дар ин мақола ҳушдор дод, ки кобинаи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил Омрикоро вориди ҷанге дар Ховари Миёна хоҳад кард, ки натоиҷи он ба нафъи Чин ва Русия аст.

Ин аввалин боре аст, ки (Сайидҳасан) Насруллоҳ Қибрисро таҳдид ба ҳамлаи мустақим ва задани фурудгоҳҳо ва зерсохтҳои он кард ва иллати он низ иттилооти дақиқе аст, ки расадгарони муқовамат ба даст овардаанд ва ҳокӣ аз баргузории размоише дар апрели гузашта дар манотиқи кӯҳистонии Қибрис аст, ки авзоъи ҷуғрофиёии шабеҳи ҷануби Лубнон дорад ва низ ба даст овардани иттилооте, ки ҳокӣ аз тавофуқи маҳрамона бо Қибрис барои гушудани фурудгоҳҳояш ба рӯйи ҷангандаҳои исроилӣ ва низ ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар сурате аст, ки фурудгоҳҳои режими Исроил дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ нобуд шавад.

Женеролҳои исроилӣ тайи даҳ соли гузашта тавони мушакии Ҳизбуллоҳро расад карда, аммо “Ҳудҳуд”-и Ҳизбуллоҳ ва рахнаи хориқулъодаи он ба шимоли Фаластини ишғолӣ, онҳоро мутаваҷҷеҳи ҳақиқати тарсноке ба номи силоҳи паҳподии Ҳизбуллоҳ ва насли ҷадиди он кард, ки аз суръати бесобиқае бархӯрдор аст ва дар иртифоъоти бисёр пойин ҳаракат мекунад, ки родорҳо онро расад намекунанд ва муҷаҳҳаз ба кулоҳак бо қудрати инфиҷории боло ва дурбинҳои расад ва тасвирбардории олӣ аст.

Ҷанг алайҳи Ғазза барои режими саҳюнистӣ дар муқоиса бо ҷанги Лубнон ба масобаи тафреҳе хоҳад буд, ба вежа, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳ аз бакоргирии бе ҳадду ҳаср аз тавони низомӣ сухан гуфт. Мавзеъи муқовамат дар ҷануби Лубнон қавитарин аз ҳар замоне аз ҳайси руҳӣ ва таслеҳотӣ аст ва суханронии ахири Сайидҳасан Насруллоҳ таърихӣ ва намоёнгари ин воқеият аст. Рафтани дасти холии Омус Хокштейн, фиристодаи Омрико ба Лубнон аз Бейрут гувоҳи ин муддаъост, ки шоҳиди мавзеъи мунсаҷими лубнониҳо дар баробари диктаҳои Омрико ҳастем.

Йоаф Галлант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ Ҳизбуллоҳро таҳдид кард. Мо аз ин таҳдидот зиёд шунидаем агар Галлант тавони иҷроӣ кардани ин таҳдидотро дорад, пас бифармоед анҷом диҳад ё сукут кунад. Итминон дорем, ки Телавив қабл аз ин ки аввалин мушак ба зоҳияи Бейрут шиллик шавад, аз рӯйи нақша маҳв мешавад.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: Инфиҷор дар як киштии муртабит бо Исроил
Арманистон кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад

Матолиби пурбоздид