Абурайҳон Берунӣ ва шоири дарборӣ
Рӯзе Абӯрайҳон дарс ба шогирдон мегуфт, ки хунрезу қотиле пой ба маҳалли дарсу баҳс ниҳод. Шогирдон бо хашм ба ӯ менигаристанд ва дар дил ҳазор дашном ба ӯ медоданд, ки чаро музоҳими омӯхтани онҳо шудааст. Он марди расво рӯй ба Абӯрайҳон кард ва чанд суоли содда пурсид ва посухашро гирифт ва рафт.
Фардои он рӯз, шоири мадеҳасаройи дарбор пой ба маҳалли дарс гузошт, то суоле аз Абӯрайҳон бипурсад. Шогирдон ба эҳтиромаш бархостанд ва ӯро мушойеат (ҳамроҳӣ) карданд, то ба пойи сандалии устод бирасад, ки диданд, аз устод хабаре нест. Ҳар тарафро назар карданд, асаре аз устод набуд.
Яке аз шогирдон, ки аз оғоз чашмаш ба Абӯрайҳон буд ва ӯро дунбол мекард, дар миёнаи кӯча ҷилави устодро гирифт ва пурсид:
– Чӣ гуна аст дирӯз одамкуше ба дидоратон омад, посухи пурсишҳояшро гуфтед ва имрӯз шоиру нависандаи саршинос омад, маҳалли дарсро раҳо кардед?!
Абӯрайҳон посух дод:
– Як фосиқ танҳо ба худаш ва маъдуде латма мезанад, аммо як нависанда ва шоири худфурӯхта кишвареро ба оташ мекашад.
Шогирд мутаҳайир ба чашмони устод менигарист, ки Абӯрайҳон аз ӯ дур шуд.
(Аҳвол-ул-уламо)
Қаламонлайн