Абуубайда: Ин ҷангро сароғозе барои озодсозии Фаластин ва ихроҷи Исроил медонем

Абуубайда: “Ғазза, гӯристони душман хоҳад буд. Ин ҷангро сароғозе барои ҷанги озодсозии Фаластин ва ихроҷи Исроил медонем”
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, тасреҳ кард: “Ғазза, гӯристони душман хоҳад буд. Ин ҷангро сароғозе барои ҷанги озодсозии Фаластин ва ихроҷи Исроил медонем.”
Ба гузориши Алмаёдин, Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ ба дунболи кӯчондани иҷбории мардуми Фаластин ва нобудии ин кишвар аст ва ин ҳаргиз таҳаққуқ нахоҳад ёфт.
Вай бо ишора ба ин ки то кунун бо хумпораҳои “Ёсин-105”, 22 худрави низомии исроилӣ мунҳадим шудааст, гуфт: “Нерӯҳои мо чанд амалиёти нуфуз анҷом доданд ва нерӯҳои душманро давр заданд ва муваффақ шуданд шуморе аз ононро аз пой дароваранд.”
Вай бо баёни ин ки дар амалиёти кунунӣ нерӯи дарёии муқовамат барои нахустин бор аз аждари «Алъосиф» истифода кардааст, тасреҳ кард: “Ғазза, гӯристони душман хоҳад буд. Ин ҷангро сароғозе барои ҷанги озодсозии Фаластин ва ихроҷи Исроил медонем.”
Абӯубайда бо киноя ба Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: “Агар Натонёҳуи шикастхӯрда, баъд аз як моҳи ҷанг, ба озод кардани як асир ифтихор мекунад, ба ин маънӣ аст, ки барои озод кардани соир асирони худ, ба 20 сол замон ниёз дорад.”
Вай ҳамчунин хабар дод, ки ба миёнҷиҳо гуфтаанд, ки дар ростои мавозеъи инсондӯстона ва ба ин хотир, ки ба асирони хориҷӣ ҳеч ниёзе надоранд, ононро озод хоҳанд кард.
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исмоил Ҳаниа: “Муқовамати Фаластин дар авҷи тавонмандӣ ва иқтидор қарор дорад”
Мақоми низомии яманӣ: То таваққуфи таҷовузоти Исроил, ба ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ идома медиҳем

Матолиби пурбоздид