Абӯалӣ ибни Сино

Таърих

Абӯалӣ ибни Сино

Ба баҳонаи зодрӯзи Бӯалӣ

Ин рӯзҳо мутаъаллиқ ба шайхурраис, Абӯалӣ ибни Синост. Дар ин ҳафта саъй мекунам матолибе дар бораи ин донишманди вораста бикорам, иншоаллоҳ, вале қабл аз ҳама, лозим аст нуктаеро ёдовар бишавам. Ва он ин ки:

Банда ҳамеша тааҷҷубам аз ин аст, ки чаро Абӯалӣ ибни Синоро дар ҷомеаи мо ва куллан дар ҷаҳон, фақат ба ин мешиносанд, ки ӯ пизишк будааст?! Яъне пизишк будани ӯ барҷаста шуда, агар нагӯем ӯро фарде мешиносанд, ки фақат табиб буда. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки агар бемористоне ҳаст, ба номи Бӯалист, агар дорухонае ҳаст, ба номи ӯст, агар пизишке ҳаст, нохудогоҳ зеҳнҳо мутаваҷҷеҳи Бӯалӣ мешавад, агар дар ҳавзаи пизишкӣ ҷоизае ҳаст, ба номи Шайхурраис аст ва ҳоказо.
Дар ҳоле, ки Бӯалӣ Сино пеш аз он ки пизишк бошад, як файласуфи беҳамтост, як риёзидони беназир аст, як донишманди динии берақиб аст, ки афкор ва андешаҳои динии ӯ то ба имрӯз тоза ва ӯ ҳарфи аввалро дар ин ҳавза мезанад, дар ҳоле, ки пизишкии ӯ ва табиб буданаш, хеле ҳам чашмгир нест, мо пизишкони мутабаҳҳиртаре аз ӯ дорем. Ва тоза, дидгоҳҳои пизишкии ӯ баъзе (ва балки бештар) кӯҳна ҳам шудаанд. Ё лоақал мутааллиқ ба даврони ӯянд. Ҳатто метавон гуфт, дар асри вай, мо пизишконе доштем, ки аз Бӯалӣ пешрафтатар буданд. Ва худи Бӯалӣ онро мегӯяд.

Аз ин рӯ, Бӯалиро дар навбати аввал бояд ба унвони файласуф ва соҳибназар дар ин ришта бишносем. Ӯ поягузори як мактаб дар ин замина аст; ӯ поягузори мактаби Машшоъ дар ҳавзаи фалсафа аст.

Бинобар ин, ба ҷойи бемористонҳо ва дармонгоҳҳо, бояд донишгоҳҳо ба номи ин абармард гузошта шаванд. Дар факултаҳои фалсафаи донишгоҳҳо, аз фанни фалсафа осори Бӯалӣ ва дидгоҳҳои ноби ӯ тадрис шаванд. Бояд ҷоиза дар риштаи фалсафа ва улуми ақлӣ ба номи Бӯалӣ таъйин ва фалосифаи барҷаста ба он сазовор гарданд.

Ва аз ҳама муҳим, дар ҳавзаи дин бояд орои Бӯалӣ ба сурати амиқ тадрис ва омӯхта шавад, ба хусус дар калом ва ақоид. Шайхурраис дар ин замина ҳарфҳои нобе дорад.

Хулоса, мо бояд Синошиносони воқеӣ дошта бошем. Абӯалӣ Сино ҳаммиҳани мост. Мо бояд ӯро ба ҷаҳон муаррифӣ кунем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Девони Шамси Тебрезӣ
Ормоншаҳр ё мадинаи фозила

Матолиби пурбоздид