Аврупо: Наметавонем ба Украина замонати амниятӣ бидиҳем

Аврупо: Наметавонем ба Украина замонати амниятӣ бидиҳем

Ахбори байналмилал

Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо: Ин иттиҳодия наметавонад замонатҳои амниятии муносибе ба Украина бидиҳад.

Петер Стано сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияи матбуотии худ, унвон кард: Иттиҳодияи Аврупо дар заминаҳои мухталифе аз Украина ҳимоят мекунад, аммо мавзуи замонатҳои амниятӣ ба Иттиҳодияи Аврупо марбут намешавад ва ин иттиҳодия як созмони амниятӣ нест.

Пештар Владимир Зеленский – раиси ҷумҳури Украина бастаи замонатҳои амниятӣ барои давраи пеш аз пайвастани ин кишвар ба НАТО-ро хабар дода буд.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков – сухангӯи Кремл чанде пеш гуфта буд: Кишварҳои аврупоӣ бо ироаи ҳар гуна замонати амниятӣ ба Украина, ин воқеиятро нодида мегиранд, ки амният гусастанӣ набуда ва бо ироаи замонати амниятӣ ба Украина, дар воқеъ ба амнияти Русия таҷовуз мекунанд ва ин иқдом, бо паёмадҳои бисёр зиёде ҳамроҳ хоҳад буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Адолати иҷтимоӣ
Решадор шудани баҳси парвандаи ҷиноятии писари раиси ҷумҳур Бойден

Матолиби пурбоздид