Агар дине набуд…
Маорифи исломӣ
Дин ва таъолими осмонӣ аст, ки дар рӯйи замин адолат ҳаст, инсоф ҳаст, дурустӣ ва ростӣ ҳаст, эҳтиром ҳаст. Асосан, дин ва омӯзаҳои осмонӣ аст, ки имрӯз худи ИНСОН дар рӯйи кураи хокӣ ҳаст.
Агар таъолими осмонӣ ва паёмбарон ва дин набуд, ҳатто ҳамон таҳрифшудааш, имрӯз аз вуҷуди ИНСОН дар рӯйи замин дигар хабаре набуд. Ин дин буд, ки омад ва ба инсонҳо роҳу равиши зиндагиро омӯхт.
Дар ҳамин Ғарб низ, агар имрӯз таъолими масеҳият (ҳарчанд таҳрифшудаи он) намебуд, он вақт на никоҳе буд, на зиндагии марду зане зери як сақф ба унвони зану шавҳар буд ва на фарзанде аз онҳо зоида мешуд, то насли инсоният идома биёбад.
Чаро ки одамӣ бидуни таъолими осмонӣ ё ба ифрот мегаройид ва ё ба тафрит. Ба ин маъно, ки яке дарунгаро мешуд ва дар дарунгароӣ ифрот мекард ва он гоҳ на зан мегирифт ва на ташкили хонавода мекард, ба ин далел, ки инҳо инсонро андармон месозанд. Ва он яке ҳам, ба ҳадде дар моддиёт ва баҳрамандӣ аз лазоизи он ғарқ мешуд, ки ҳар чи ҳавасаш бихоҳад, онро дунбол мекард. Ӯ ҳам, дигар зан намегирифт, балки ҳар рӯз бо яке мехобид ва ё бо ҳамҷинси худ меомехт ва хулоса, дигар фарзанде зоида намешуд ва дар натиҷа насли инсон мунқариз мегардид.
Ҳамин имрӯз, агар ҳамин калисо ва ҳамин омӯзаҳои ҳарчанд таҳрифшудаи ойини масеҳият дар ғарб намебуд, касе ҳозир набуд ташкили хонавода бикунад.
Ин матлаб шояд ба назари баъзеҳо аҷиб намоён шавад, вале воқеият ҷуз ин нест. Магар на ин аст, ки донишмандони дилсӯзе дар ҳамин ҷомеаҳо имрӯз ҳушдор медиҳанд, ки дар натиҷаи дингурезӣ, асли зиндагӣ ва асли хонавода ва асли бақои инсоният дар ин кишварҳоро хатар таҳдид мекунад?! Агар азизон тардид доранд, каме дар ин замина мутолеа кунанд.
Аз ин рӯ, динситезӣ кори оқилонае нест. Шояд ба ин ё он фарди диндор, ба хотири рафторҳои ношоист ва ё ақоиди мунҳарифаш эроде дошта бошӣ, хеле хуб, ҳақ дорӣ эрод бигирӣ, вале ин набояд сабаб гардад, то асли дин ва асли омӯзаҳои осмониро зери суол бибарӣ ва бо он биситезӣ.
Сайидюнус Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн