Адолат дар каломи арзишманди Расули Акрам(с)

Адолат дар каломи арзишманди Расули Акрам(с)

Паёмбари Акрам(с) дар мавриди адолат фармудаанд: “Як соат адолат беҳтар аз шаст сол ибодат аст, ки шабҳояш ба ибодату намозгузорӣ ва рӯзҳояш ба рӯзадорӣ бигзарад ва як соати беадолатӣ дар ҳукумат (ва доварӣ) назди Худованд сахттару сангинтар аз шаст сол гуноҳ аст”. (Ҷомеъ-ул-ахбор, 435/1216)

Расули Акрам(с):

“Ҳар як аз шумо мункареро дидед, бо дасти худ онро тағйир диҳед ва агар натавонистед, бо забон тағйираш диҳед (эътироз кунед) ва агар натавонистед, дар қалбатон онро инкораш кунед ва ин заифтарин марҳалаи имон аст”.

Аз Имом Содиқ(р) дар боби адолат нақл шудааст:

“Се чиз аст, ки ҳамаи мардум ба онҳо ниёз доранд: амният, адолат ва рафоҳу маишат”.

Амиралмӯъмин Алӣ(р), дар боби ҳукуматдорӣ ва ҳушдор ба ҳокимон фармудаанд: “Дилҳои мардум сандуқчаҳои ҳоким аст, пас он чӣ аз адолат ё зулм дар онҳо бигузорад, ҳамонро хоҳад дид”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шӯхи боданӯш
Биҳишт зери пои модарон аст

Матолиби пурбоздид