Аз дирӯз то ҳанӯз
Ҳамосаи ирфонӣ
(Дар ҳошияи “Масъуднома”- и устод Муъмин Қаноат)
Ба қалами Рустами Ваҳҳоб
Аз нахустин давраҳои фаъолияти шоирии Муъмин Қаноат дар офаридаҳои адабии ӯ ду ҷанбаи неруманди адабиёти форсии тоҷикӣ – рӯҳи ҳамосӣ ва рӯҳи ирфонӣ дар канори якдигар қарор доштаанд. Муъмин Қаноъат замоне вориди арсаи адабиёт гардид, ки жанрҳои назм ба унвони лирикӣ (ғаноӣ) ва эпикӣ (ҳамосӣ) ба ду бахш тақсим гардида, аввалӣ махсуси баёни эҳсосоту авотиф, тасвири пурэҳсоси манзараҳо ва ҳамчунин нуктагӯӣ ва дувумӣ махсуси нақлу баёни воқеаҳо ва саргузаштҳо буд. Тавре ки хоси он даврон буд, ҳама чиз мушаххас гардида, чаҳорчӯб ва таърифи он таъйин шуда буд. Аз ин рӯ буд, ки борҳо перомуни таъйини хусусиёти жанрии навиштаҳои Муъмин Қаноат баҳсу баррасиҳои пурдомана сурат мегирифт. Аз ҷумла баҳс дар хусуси жанри достони машҳури шоир “Сурӯши Сталинград” дар сафҳаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои адабии шӯравӣ ба солҳо тӯл кашид, ки ин достон лирикист (ғаноӣ) ё эпикӣ (ҳамосӣ)?
Вале ҳақиқати амр ин аст, ки дар назми суннатии форсии тоҷикӣ ҳеч гоҳ марзбандии қатъӣ миёни ин ду навъи каломи бадеъ вуҷуд надошта ва ғолибан ҷанбаи неруманди маънавӣ ба ҳадде тасвирҳо ва ривоятҳоро аз шарбати маънавият саршор намудааст, ки банду баст ва қолаби нақли ҳамосӣ дар ин таркиби маънавӣ маҳлул гардидааст.
Аз ин нигоҳ аст, ки адабиётшиносон «Маснавии маънавӣ»-ро ҳамосаи маънавӣ номидаанд. Зеро агар аз сӯе дар таркиби он нақлу ривоёти зиёд ба кор рафта бошад, аз сӯи дигар азамати маънавии ин шоҳасар рӯҳи қаҳрамононаеро ҷилвагар месозад, ки одат шудааст, онро аз ҳамоса биҷӯянд.
Бо эҳсос бар зарурати таъйини вижагиҳои «Масъуднома» аст, ки устод Муъмин Қаноат барои нахустин нашри он дар «Садои Шарқ» №3-2007 тавзеҳоти мухтасареро овардааст: «Ин ҳамоса ҳафт номаи сарбамуҳр, розҳои ботинии Аҳмадшоҳи Масъудро ба хонанда мерасонад. Дар ду давраи набарди ӯ, даврони ҷиҳод ва муқовимат шахсияти ӯ дугона таъриф ё таҳриф шудааст. Ман кӯшидаам ҷанбаҳои инсонӣ ва қаҳрамонии ӯро шоирона ҷилва диҳам. Ин асар ангораест аз чеҳраи нотакрори рустамона, орифона ва ошиқонаи Масъуд. Ӯ қаҳрамони марказии достон, симои бадеӣ ва ормонӣ аст».
Оре, шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам чунон аст, ки ҳамоса ва маънавият, мардонагиву қаҳрамонӣ ва эҳсосу отифаи олии инсониро дар пайкар ва пайкори худ таҷассум намудааст. Аз ин рӯ замоне ки шоир ба сабки достонҳои пешини хеш ин достонро иборат аз «Ҳафт номаи сарбамуҳр» бастабандӣ мекунад, дар зеҳни хонандаи огоҳ аз шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеч суоле пайдо намешавад. Зимнан таваҷҷӯҳи шоир низ бар ин аст, ки шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд ҳатто дар даврони зиндагияш дар ҷомеъаи тоҷику афғон табдил ба як устураи ормонӣ гардида буд ва мардум аз кору пайкори вай хуб огоҳ буданд. Ва аз тарафи дигар, тавре ки шоир дар дебочаи достон таъкидро лозим донистааст, шахсияти фардии ин қаҳрамон, ки дугона «таъриф ё таҳриф» шудааст, чандон муроди шоир нест, балки чеҳраи маънавӣ ва ормонии ӯ муроди ғоии нигоранда мебошад. Чеҳрае, ки ҷомеъаи рӯз ба он ниёз дорад, зеро ҳамеша, тавре ки устод Бозор Собир гуфтааст, «орзуи рӯҳи волою тавоно мекунад». Аз ин назар устураи ҳамосӣ ва адабии Аҳмадшоҳи Масъуд аз шахсияти биюгрофӣ ва маъмулии вай камаҳаммияттар нест, балки метавонад нақши муҳимтар ва мондагортаре дошта бошад. Шоир бо тавозӯъ ин достонро «ангора» номидааст, яъне чанд хате, ки наққош қабл аз чеҳранигории комил рӯи коғаз ё порчаи наққошӣ мекашад. Вале гоҳе ин хатҳо он қадар дақиқ ва пурмаъно воқеъ мешаванд, ки айни таҷассуми комили чеҳраи манзури нигоранда мегарданд.
Аз ин нигоҳ шоир ниёзе ба нақлу ривоят аз саргузашти қаҳрамонаш эҳсос наменамояд. Заруратро бештар дар боз кардани ҷанбаҳои маънавии ин қаҳрамон мебинад.
Шуруъи достон ҷолиб аст:
Қафасфурӯш садо мекунад, ки зуд биё,
Ки мехарӣ зи даруну бурун навои зиё.
Биё, ки кабки дариаш ба сони шоҳин аст,
Ки ин сарои сароянда аст, эмин аст.
Ва ман қафас харидаму рафтам.
Аз нигоҳи марде, ки бар баландои қуллаҳои маърифат ва тавони инсонӣ мерасад, ҳам вуҷуди худаш ва ҳам дунёи ҳастӣ, ҳам тасаввури роиҷ аз ин ҷаҳон мисли қафас аст, таъйини ҳудуд ва марзҳои зарфияти хештан аст, ки бо ташхис додан ва шинохтани он инсон барои замоне дар худ эҳсоси амният ва ҳайсият мекунад, аз вазъи муаллақ будан берун меояд. Вале дар ниҳоят, замоне ки ба авҷи шинохти ин ҳама мерасад, дармеёбад, ки ҳама тасаввур ва пиндор ё худ деворҳои қафас аст ва ё ҳалқаҳои занҷир.
Аз ин нигоҳ Масъуди Муъмин Қаноат сарбози русро ҳам, ки зери чатр (парашут) ба хоки афғон поин меояд, дар қафас мебинад. Ин ҷо чатр ҳам қафас аст, даррае ҳам, ки сарбоз ба он фуруд меояд, вале қафаси аслӣ пиндори ин сарбоз аст, ки аз тору пуди идеологии як абарқудрат бофта шудааст ва мисли як ҳаваси ширин ба ин сарбози ҷавон тақдим шудааст:
Чу олам манзили меъроҷи инсон аст,
Ба роҳи Ҳақ расидан роҳи имкон аст,
Ва як тайёра ин дам дар Ниёб афтод,
Зи роҳи осмонӣ дар сароб афтод.
Ва дидам сарнишинаш дар қафас омад,
Ба зери чатр бо боли ҳавас омад,
Ва дидам қаҳрамони рус буд, оваҳ,
Раҳо кардам, бирав аз раҳ, аё бераҳ!
Дар ин пораҳо ва дар ҳама тӯли достон хонанда ба ёди шоҳасари шоир «Сурӯши Сталинград» меафтад, ки низ ҳамосаи бузурги маънавӣ ва корномаи рӯҳи инсон аст. Қиёси аҷибе даст медиҳад. Шоире, ки азамати маънавии миллати русро дар дифоъ аз ватанаш бо наҷибтарин рангҳо ба тасвир кашида буд ва худ низ бо қаҳрамони тоҷикаш, ки ҳамчунин Аҳмад ном дошт, дар он набарди беамон ширкат намуда, қурбониҳо дода буд, ба ҳукми таърих водор гардида, то саҳнаи зидду нақиз бо он саҳнаи қаблиро ба тасвир бикашад, ки ин бор қаҳрамони миллии ӯ дар дифоъ аз хоки худ бо сарбози рус дар набард аст. Гумон меравад, ки ин таносуби зидду нақиз барои шоир мушкиле эҷод намояд ва ё ҳамин тазод унсури таинкунандаи мундариҷаи достони нави вай гардад. Аммо онгуна, ки дар достони «Сурӯши Сталинград» буд, ин бор ҳам шоир бар фарози он қуллаи баланди маънавӣ қарор дорад, ки аз ин бурҷ танҳо ду нуқта, ду қутбро метавон мушоҳида кард – хайр ва шар. Ҷузъиёти дигар дар ин миён нопадид мегардад. Қаҳрамони вай Аҳмадшоҳ низ дар ҳамин иртифоъ қарор дошт. Таҷовуз ва шарорат, хайр ва наҷобатро вобаста ба мансубиятҳои нажодӣ намедонист. Аз ин рӯ замоне, ки муваффақ ба қатъи шарорат мегардид, беҳтар медонист, ки омил ва асбоби онро тағйир бидиҳад, тарбият бикунад, на ин ки қасос ва маҳв намояд.
Боризтарин шоҳидони ин пирӯзии ҷовидони Аҳмадшоҳ ҳам он душманони собиқаш ҳастанд, ки пас аз асорат мактаби маънавии вайро тай карда, ба дӯстони содиқаш табдил шудаанд. Ин мактаби ҷавонмардӣ ва ирфонии куҳанбунёди миллӣ ва исломӣ аст, ки дар таърихи миллии мо намунаҳои дурахшон дорад, агарчи, сад тассуф, ҳамеша бо маҳрумиятҳо ҳамроҳ будааст.
Риққати қалб ва маънавияти волои Аҳмадшоҳ замоне бо дурахш метобад, ки вай аз кафтароне, ки дар зери тирборони душман дар дарраи Панҷшер пар-пар шуданд, узр мепурсад, аз номи ҳамаи инсонҳо, ки гурӯҳе ҷон ба ҷонпаноҳ кашиданд ва дигарҳо бар сари ин мушти пар тир бориданд:
Миёни тиру оташ селаи мурғон
Ба монанди фаришта мезанад ҷавлон.
Пари парранда меборид аз офоқ,
Фиғони булбулон аз синаи муштоқ.
Ва ин рақси самоъи хайли мурғон буд,
Нафири ҷони мурғони хушалҳон буд.
Гирифтам кафтари беҷони мискинро,
Ба чашмонаш бидидам ашки рангинро,
Ва пӯзиш хостам аз хайли кафтарҳо,
Ва нафрин хондаам бар хайли аскарҳо.
Агар банда бо зиндагиномаи Аҳмадшоҳи Масъуд (нависанда Муҳаммади Регистонӣ) ошноӣ намедоштам, ин саҳна ва ин эҳсосотро танҳо марбут ба шоир мепиндоштам, ки эҷоди саҳнаҳои саршор аз драматизм сабки барҷастаи офаридаҳояш мебошад. Вале дар асл ин як саҳна ва эҳсосоти воқеист, ки аз қалби Аҳмадшоҳ гузаштааст. Вай гулу гиёҳ ва ҷонварони меҳанашро ҳам мисли мардумаш дӯст медошт ва ғами онҳоро мехӯрд.
Онгуна ки дар ҳамаи достонҳои Муъмин Қаноат ҳаст дар ин достони муҷаз ҳам бахше ба Модар бахшида шудааст, ки дар айни ҳол рамзи Меҳан аст ва чунин шуруъ мешавад:
Маро бигзор, то танҳо гузорам ман намозамро,
Ба модар мегузорам ин намозу ин ниёзамро.
Намоз бурдан ва намоз гузордан ба ғайр аз маънои мусталаҳи он, маънои таъзим ва тамҷид (бузургдошт)-ро дорад. Замоне ки Модар – Ватан мазлум қарор мегирад, доди онро хостан ва ҳаққи одилонаи онро таъмин кардан табдил ба вазифаи ҳам фарзандӣ, ҳам инсонӣ ва ҳам имонӣ мегардад. Озодии меҳани ишғолшуда амри муқаддасе аст, ки ҳама ормонҳои дигар дар гарави он қарор мегирад. Бино бар ин дар кишвари ишғолӣ, то даме ки дар тасарруфи бегонагон аст, ҳеч навъ ихтилофи назарӣ, ақидатӣ ва идеологӣ миёни фарзандони он кишвар, ки дар роҳи озодсозии он халал ворид созад, раво нест. Аҳмадшоҳ бо басирати комил дар ҳамин мавзеъ буд ва дар ҳамин мавзеъ ҷон бохт:
Ту, эй Меҳан, ки будам рафт охир аз пайи судат,
Вуҷудам об шуд дар ин набарди буду нобудат,
На ман тоҷи каён ҷустам,
На амволи ҷаҳон ҷустам.
Туро ҳамчун макони адл дар кавну макон ҷустам,
Туро дарёфтам чун ҷавҳари номусу виҷдонам…
Яъне Ватан танҳо як маҳдудаи хокӣ ва миллат танҳо як маҷмӯъае аз инсонҳо нест, балки дар дунёе, ки – зери гардун одам одамро хӯрад – миллате бар миллати дигар чарад – Ватан ва миллат мисдоқ ва мисоқи паймонест миёни гурӯҳҳои башар барои таъмини адолат ва ҳифзи шоистагии барҳақи инсонии худ. Ин аст, ки имрӯз, масалан, мафҳумҳои муҷарраде чун адолат, ҳуқуқи башар ва ғайра дар сарзаминҳои ишғолӣ бо метр ва километр андозагирӣ мешавад ва таҳаққуқ меёбад ё тахаллуф мешавад. Яъне зӯргӯёни ҷаҳон агар инсонеро дар ҷое бо баҳонаи миллати ғайр ва ё шаҳрванди ғайр буданаш таҳқир ва таъқиб мекунанд, ин инсони бечора дар зери ин чарх бояд фазое ва пораи замине дошта бошад, ки дар он аз ин баҳонаҳои таҳқиру таъзир раҳо гардад. (Ин ормони инсон ҳатто дар ду бахш кардани майдони бозӣ ҳам бозтоб ёфтааст). Бавижа агар ин инсон зода ва парвардаи обу хоке бошад, ки масдари нахустин эъломияи ҳуқуқи башар будааст, ки танзимкунандаи он Куруши Кабир аст ва бар тибқи баъзе аз шавоҳиди таърихӣ Искандари Зулқарнайн, чорасози офати Яъҷуҷу Маъҷуҷ ҳамӯст ва ин хок сарзаминест, ки бар тибқи устураҳо нахустин пайғоми осмонӣ бар он (бар кӯҳи Фурӯш) фуруд омадааст:
Эй фалак,
Гӯй пайғоми мусово аз Куруш.
Эй Худо,
Як сурӯше овар аз кӯҳи Фурӯш.
Агар ин ҳамаро устура ангорем ҳам, дастикам ин воқеиятро наметавон нодида гирифт, ки рӯҳи инсони ин сарзамин парвардаи ин навъ ҳикматҳои мутаъолист, ки ҷавҳари онро шоистагии инсонӣ, баробариву бародарӣ ва озодӣ ташкил медиҳад ва инсони ин сарзамин худро аз дидгоҳи таърихӣ муртакиби ҳеч ҷурму ҷинояте намебинад, то бархӯрди ғайриинсонӣ нисбат ба худро чун сазои аъмолаш таҳаммул кунад. Бинобар ин, дар муқобили чунин бархӯрд лолу ҳайрон мемонад ва дар пайи ҷустуҷӯи рози сиришти башар мебарояд. Худои ин инсон Худоест, ки бо хилқати ӯ нозидааст ва ҳама неъмати ҷаҳонро ба хотири вай офаридааст, на аз он илоҳаҳои мустабидест, ки фарде аз башарро (Прометейро) – ро барои расонидани неъмати оташ ба инсонҳо ба азоби ҷовидонӣ маҳкум намудаанд. Бинобар ин, инсони ин устураҳо ва ин фарҳанг дар баробари некӣ чашмдори некӣ аст ва инсонро барои инсон бародар медонад, на гург. Бо андеша бар сари ин нуктаҳо аст, ки ин хок, ин марзу бум муқаддас эҳсос мешавад ва:
Агар з-ин хок монад чун кафи пое,
Дар он бошам чу кӯҳи пойбарҷое.
Ва аз нав Панҷшеру марзу користон,
Ва Солангу Бадахшону Тахористон…
Ин инсони қаҳрамон, парвардаи фарҳанги олимашраб, ҷӯёи камол ва тамомӣ аст, дигаронро маъзур ва худро мақсур медонад. Дар ниҳоят доду адлро аз вуҷуди худ ҷӯё мешавад ва агар намеёбад ё ноқис меёбад, гиребони худро мегирад:
Чу нашнидем панди Балхи Бомиро,
Зи Мавлонои худ асли тамомиро,
Чу таркидем, гаштем аз дарун холӣ,
Зи даст афтод ҷоми сарнагун холӣ…
Ва барҷо монд девори валангоре,
Ва мо дар пои девори пурасроре.
Кӣ медонад, кӣ бошад дар паси девор,
Чу мо гаштем аз се пушти худ безор…
Ва шикаст аз толибон шикаст аз дасти худ арзёбӣ мешавад. Дар ин мақтаъ аст, ки Масъуд ба устураи шукӯҳманди Хуросони Бузург паноҳ мебарад:
Ман акнун менамоям такя бар Ҷайҳун,
Агарчи такя бар об аст аз афсун.
Зи дарё мебарояд шиҳаи аспони хатлонӣ
Ва аз дарёи даврон хест Исмоили Сомонӣ…
Вале рисолат поён пазируфтааст. Боз ба он бурҷи баланди оғозгоҳи ирфонӣ, ки шоир ва қаҳрамон дар ин роҳ қадам ниҳода буданд, бармегардем. Қаҳрамон ба интиҳои олами асбоб расидааст ва рӯҳи осмонӣ толиби макони аслии худ аст. Қафас бояд бишканад:
Марде, ки баст бори нахустин камар маро,
Имшаб занах бибаст, ситеғи ялон шикаст.
Суратгаре, ки зоҳири сурат ҳамегирифт,
Маъно гирифт, хонаи рӯҳу равон шикаст.
Ин маъно низ танҳо маҳсули тахайюли шоир нест, балки як воқеъият аст. Нависандаи зиндагиномаи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки яке аз наздиктарин ёронаш буд, аз забони ҳамсари ӯ нақл мекунад, ки Аҳмадшоҳ саҳаре ба васият пардохт, маҳалли мазорашро бар сари теппае васият кард ва гуфт: «Имшаб дар хоб дидам, он касе, ки дар аввали ҷиҳод маро сари пой гузошту камарамро бибаст, ин бор маро хобонид ва манаҳамро баст». Ин нависанда аз иртиботи мармузи Аҳмадшоҳ бо сӯфиён ва сӯфимашрабон хабар медиҳад, вале аз ҷузъиёти ин ин иртиботи маънавӣ изҳори беиттилоъӣ менамояд.
Имони беғашу маҳкам, маънавияти олӣ ва шуҷоате, ки аз ин сифот ва таваккули комил ба Ҳақ ҳосил мегардад, вуҷуди ин қаҳрамони беназир дар қарни 20 – ро табдил ба як намоди муҷассами ҳамоса ва ирфон месозад. Муъмин Қаноат дар шеъре, ки қабл аз ин достон дар васфи Аҳмадшоҳ суруда буд, низ ба ин маънӣ иноят доштааст:
Аҷаб бебасарҳо, аҷаб бехабарҳо,
Надиданд нури набӣ дар ҷабинаш.
Агар бо чашми моҳиятбин ба тамоми офаридаҳои устод Муъмин Қаноат бингарем, дармеёбем, ки ишон аз оғоз то кунун бо пои қалам ба сӯи ин мазҳар ва намод роҳ кашида ва дар ниҳоят ба сарвақти он расидааст.
Шайх Саъдӣ нуктае дорад, ки:
Мунтаҳои камол нуқсон аст,
Гул бирезад ба вақти серобӣ.
Шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд дар он мақтаъи таърихӣ, ки ба поёни вуҷуди ҷисмонии вай мунтаҳӣ гардид, дар матни ҷиҳоди озодихоҳии миллӣ ба камол расида буд. Дар ягона сафари хориҷии худ, ки чанд соле қабл аз ин ҳодиса ба Фаронса иттифоқ уфтода буд, дар як –ду нишасти бози хабарӣ Аҳмадшоҳ ба забон ва баёни хеш ва бо ҳузури ёрони худ аз ҳама қавму қабоил ва фирқаҳои мавҷуд дар Афғонистон (ба ҷуз толибон) ин воқеиятро ба рӯшанӣ ба намоиш гузошт, ки шахсияти вай мазҳари зиндаи тамоми Афғонистони озодихоҳ аст. Ин шахсиятро намешуд ғайриисломӣ ҷилва дод ва исломгароёнро бар зидди вай барангехт, намешуд ғайримиллӣ ҷилва дод ва миллигароёнро бар зиддаш шӯронд, намешуд тоҷики нажодпараст ҷилва дод ва қавму қабоили дигарро ба хусумат ва душманӣ бо вай таҳрик кард, намешуд омили як кишвари хориҷӣ хонд ва меҳанпарастонро аз ӯ дилсард кард ва намешуд бо вуҷуди ӯ ба оташи низоъи мазҳабӣ ҳам доман зад, намешуд ӯро бо чизе харид, зеро ӯ чизе барои фурӯхтан надошт, ҳар чи дошт ба пои меҳанаш рехта буд. Ва бештар аз ин ҳама вуҷуди ӯ бар фарози қудрати Афғонистон парчами эҳёи дигарбораи Хуросони Бузург ва барқарории сулҳу субот дар ин густараи азими таърихӣ буд. Вале дунёдорон мехоҳанд ҷанг идома дошта бошад ва касе он ҷо бошад, ки бо ҳар баҳонае, масалан саркӯбии толибон, иҷозаи таҷовузи дигарбораро бидиҳад. Вале Аҳмадшоҳ чунин кас набуд, агарчи танҳо ӯ дар рӯёрӯӣ бо толибон истода буд, ҳарфаш ин буд, ки толибон як омили хориҷист, мо як тақозо дорем: дахолати хориҷӣ ба Афғонистон қатъ гардад ва ҳамон соат ҳама масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи толибон ҳам ҳал мешавад. Яъне ин шахсият ба камоли сиёсӣ ҳам расида буд ва барои майдонхоҳон дар Афғонистон танҳо як чора боқӣ монда буд. Он чораи сиёҳе, ки амалӣ гардид. Рӯҳе, ки ба камол расида буд, аз қафас берун шуд, дар ҳоле, ки дар осмон буд ва дигар маълум нест, ки ин тайёра бо ин шитоб чиро ба куҷо мебарад:
Ҷайҳун ба зери шаҳпару тайёра дар ҳаво,
Ҳангоми ин убур ҳаме ҷои ҷон шикаст.
Тайёра мепарад ва киро мебарад?
Куҷо?
Ончи шикастанист, Худоро, ҳамон шикаст.
Ин марги осмонӣ ҳам ҳусни хитоми зиндагии шукӯҳманди қаҳрамон аст, ки ҳамчунин як воқеияти болотар аз ҳар навъ рамзу маҷоз мебошад. Рост аст, ки мегӯянд, марги ҳар кас ба шоистагии зиндагонии ӯст. Дар ин доварии барҳақи Ҳақ ҳар навъ ваҳму гумон ва шакку тардид дар бораи ин шахсият ситурда мешавад:
Он рӯҳи лоязол париду ба чарх рафт,
Дар ин уруҷ пояи ваҳму гумон шикаст.
Муҷаз ва мухтасар будани ин достони маънавӣ монеъ аз он нашудааст, ки як ҷаҳон маъноро дар бар бигирад. Ҳақ бо шоир ва нависандаи хушсалиқаи эронӣ Ирфонназари Оҳорист, ки мегӯяд: «Инсон дар дунёи пурошӯби имрӯз чандон гирифтор аст, ки гӯӣ ман (шоир) аз пушташ метозам ва танҳо маҷоли онро дорам, ки чанд ҷумлаеро бо фарёд задан ба гӯшаш бирасонам ва он ҷумла ҳам бояд чандон гиро бошад, ки дар зеҳнаш биншинад».
Нависандаи ин достон ҳам мӯътақид аст, ки:
Фиғони қарнҳо дар «оҳ» мегунҷад,
Замони бекарон дар гоҳ мегунҷад.
Гоҳ, тавре ки шоир дар яке аз мусоҳибаҳои охири худ гуфтааст, хурдтарин воҳиди андозаи замон (вақт) аст.
Вале бо вуҷуди ниҳоят муҷаз будани достон, ҳанӯз шоир, тавре ки дар достонҳои пешинаш буд, дар фикри навозиши табъи хонанда ва таҷассуми ҳар чи муносибтари мавзӯъ, на танҳо аз тариқи забону баёни мувофиқ, балки вазну оҳанг ва мусиқии калом низ ҳаст. Аз ин ҷост, ки ин достони муҷаз иборат аз 9 бахш бо 5 вазн ва 5 қолаби шеърӣ: мусаммати мураббаъ, маснавӣ, мустазоди навоварона, қасида (ғазал) ва арӯзи нав суруда шуда, асари он дар зеҳн ба сурати як симфонияи чандпардагӣ боқӣ мемонад. Таъмини бадеияти баланд ба ин восита ва ба воситаи истеҳкоми каломи мамлу аз талмеҳоти барҷаста ва дархури ҳол ва саноеъи дигари шеърӣ мавзӯъест, ки албатта, фурсати дигареро мехоҳад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ин достони маънавии муҷаз як нуқтаи дигари нуронӣ дар осмони табъи шоири тавоно устод Муъмин Қаноат мебошад.
Рустам Ваҳҳобзода