Аз назар чун бигзариву аз хаёл…
Таҳияи Сайидюнус Истаравшанӣ
Шеъру шоирӣ нест, ки Мавлоноро Мавлоно кардааст
Пештар, ду се сол пеш, дар як ёддошти кӯтоҳ – ки баъзе дӯстон дар ҳамин фазои маҷозӣ ишколу эродҳое ҳам бар он матраҳ карданд — ёдовар шуда будам, ин фақат шеъру шоирӣ нест, ки Мавлоноро Мавлоно кардааст. Агар ба Мавлоно фақат аз зовияи санъати шеър нигоҳ кунем, бале ӯ як шоири тавоност, аммо дар ин арса ӯ беҳамто нест. Монанди ӯ на танҳо дар гузашта, ки дар замони муосири худамон ёфт мешаванд. Ба унвони намуна, марҳуми Лоиқ дар санъати шеър чизе кам аз Мавлоно надорад ва ё Гулрухсор дар ин санъат дорои яди тӯлоест, Фарзона низ ашъораш зебост.
Балки он чи Мавлоноро Мавлоно кардааст ва ҳанӯз шайдояш ҳастанд – ва баҳақ бояд шайдо ва шефтаи ӯ буд – ин андеша ва афкор ва роҳи ӯст, на шеъраш. Ва аз ҳама муҳим, Мавлоно тавониста он андешаҳои воло ва афкори баландро дар лобалои достонҳо ва ҳикоятҳои бисёр ҷаззоб ва гиро ва дар қолаби шеър ба хонанда бирасонад.
Ҳол, ба муносибати Рӯзи Мавлоно ва барои исботи ин муддао, дӯст дорам имрӯз дар бораи фақат як ҷанба аз ҷанбаҳои баландии андешаҳои он мард бинависам. Ва он, дар бораи иллати ихтилофи инсонҳо дар дин ва чароии он аст.
Аз муддате пеш, ҳафтаӣ бо дӯстон дарс дорам, ки сабт ҳам мешавад ва дар коноли Youtube мегузорам; дарси шарҳи Маснавӣ, ки имрӯзҳо дар шарҳу тафсири “Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб” ҳастем.
Мавлоно дар лобалои достони мазкур ин ҳақиқатро тавзеҳ медиҳад, ки чаро пайравони адёну мазоҳиб бо ҳам ихтилоф доранд ва гиребони якдигарро мегиранд ва роҳи чора чист.
Хулосаи достон ин аст, ки яҳуд, подшоҳи бедодгаре доштанд, ки нисбат ба масеҳиён сахт кинатӯз буд. Ӯ дар садад шуд, ки ойини масеҳиёнро аз байн бибарад. Вазири кордон ва зираке дошт. Ин вазир медонист, ки имон ва ақидаи мардумро наметавон бо зӯр аз миён бурд, балки бояд коре кард, ки байни онон ихтилоф ва тафриқа эҷод бишавад, ки дар ин сурат, барои нобуд кардани онҳо дигар ниёз ба зӯр нест, балки ба ҷони ҳам меафтанд ва худашон ба дасти худашон нобуд хоҳанд шуд. Бо подшоҳ ҳамин пешниҳодро кард ва мавриди қабули он ситамгар қарор гирифт.
Ӯ ба шоҳ пешниҳод кард, ки эълон кунад, вазираш ба ойини масеҳиён гаройиш ёфта, пас бояд дасту гӯшу бинии ӯро бурид ва аз дарбор ронд. Вақте ин нақша амалӣ шуд ва вазир бо дасту гӯшу бинии буридашуда аз дарбори шоҳ ронда шуд, масеҳиён ба ӯ паноҳ доданд ва бар ӯ эътимод карданд. Рафта-рафта вазир дар миёни масеҳиён нуфузе устувор пайдо кард ва ҳамчун муаллим ва муршиде дар миёни онон шинохта шуд ва онон низ дил ба ӯ супурданд.
Эътимоди ҷумла бар гуфтори ӯ,
Иқтидои ҷумла бар рафтори ӯ.
Пеши ӯ дар вақту соат ҳар амир,
Ҷон бидодӣ, гар бад-ӯ гуфтӣ: бимир.
Оқибат вазир барои ҳар як аз сарони 12-гонаи масеҳият васиятномае ҷудогона тартиб дод, ки мазмуни ҳар як бо дигарӣ мутафовит буд.
Ҳукмҳои ҳар яке навъе дигар,
Ин хилофи он, зи поён то ба сар.
Ӯ раисонро ҷудо-ҷудо ба ҳузури худ мехонд ва ба ҳар як аз онон ба таври пинҳонӣ он тавсияро медод ва мегуфт, ҷонишини ман пас аз ман фақат ту ҳастӣ, на дигарӣ ва агар касе муддаии ин ҷойгоҳ шавад, козиб ва дурӯғгӯст ва бояд нобудаш кунӣ.
Хуб, Мавлоно он ҷо, ки тавсияи он вазири маккор ба ҳар як аз раисони 12-гонаи насороро баён мекунад — васиятҳое, ки ҳар як бо дигарӣ ба зоҳир тафовут дошт — манзури худро ба хонанда мерасонад.
Тавзеҳ ин ки: вазир, ҳар як аз руасоро ба умуре тавсия мекард, ки ин умур аз назари Мавлоно дар матни дин вуҷуд доранд, аз дин бегона нестанд, мунтаҳо агар инсон бо руҳи дин ва бо ҳақиқати дин ошно набошад, он умур ба назараш зидду нақиз мерасанд. Барои ин ки одамӣ бифаҳмад, он умур ҳар як дар ҷойи худ дурустанд, ӯ, илова бар ин ки бо ҳақиқати дин ошно бошад яъне аз илму маърифати лозим роҷеъ ба дин бархӯрдор бошад, бояд инсони худсохта, пок ва беолоише бошад, ӯ тобеъи ҳақ бошад, на ҳавову ҳавас.
Дар яке роҳи риёзатрову ҷуъ,
Рукни тавба кардаву шарти руҷуъ.
Дар яке гуфта: риёзат суд нест,
Андар ин раҳ махласе ҷуз ҷуд нест.
Дар яке гуфта, ки ҷуъу ҷуди ту,
Ширк бошад аз ту бо маъбуди ту.
Ҷуз таваккул, ҷуз ки таслими тамом
Дар ғаму роҳат ҳама макр асту дом.
Дар яке гуфта, ки воҷиб хидмат аст
В-арна андешай таваккул тӯҳмат аст.
Дар яке гуфта, ки амру наҳйҳост,
Баҳри кардан нест, шарҳи аҷзи мост.
То ки аҷзи худ бибинем андар он,
Қудрати Ҳақро бидонем он замон.
Дар яке гуфта, ки аҷзи худ мабин,
Куфри неъмат кардан аст он аҷз, ҳин.
Қудрати худ бин, ки ин қудрат аз Ӯст,
Қудрати ту, неъмати Ӯ дон, ки ҳуст.
Дар яке гуфта, к-аз ин ду баргузар,
Бут бувад ҳар чи бигунҷад дар назар.
Дар яке гуфта: макуш ин шамъро,
К-ин назар чун шамъ омад ҷамъро.
Манзур, шамъи истидлол ва назар аст, ки аз тариқи омӯхтани мантиқу фалсафа муяссар аст. Мегӯяд, шамъи назару истидлол роҳи моро равшан мекунад.
Аз назар чун бигзариву аз хаёл,
Кушта бошӣ ними шаб шамъи висол.
Дар яке гуфта: бикуш, боке мадор,
То иваз бинӣ назарро сад ҳазор.
Ки зи куштан, шамъи ҷон афзун шавад,
Лайлият аз сабри ту маҷнун шавад.
Тарки дунё ҳар ки кард аз зуҳди хеш,
Беш ояд пеши ӯ дунёву пеш.
Дар яке гуфта, ки он чи-т дод Ҳақ,
Бар ту ширин кард дар эҷод, Ҳақ.
Бар ту осон карду хуш, онро бигир,
Хештанро дармаяфган дар заҳир.
Дар яке гуфта, ки бигзор они х(в)ад,
К-он қабули табъи ту, радд асту бад.
Роҳҳои мухталиф осон шудаст,
Ҳар якеро миллате чун ҷон шудаст.
Гар муяссар кардани Ҳақ раҳ будӣ,
Ҳар ҷуҳуду габр аз ӯ огаҳ будӣ.
Дар яке гуфта: муяссар он бувад,
Ки ҳаёти дил ғизои ҷон бувад.
Ҳар чи завқи табъ бошад, чун гузашт,
Барнаёрад ҳамчу шӯра райъу кашт.
Ҷуз пушаймонӣ набошад райъи ӯ,
Ҷуз хасорат пеш н-орад байъи ӯ.
Он муяссар набвад андар оқибат,
Номи ӯ бошад муъассар, оқибат.
Ту муъассар аз муяссар боздон,
Оқибат бингар ҷамоли ину он.
Дар яке гуфта, ки устоде талаб,
Оқибатбинӣ наёбӣ дар ҳасаб.
Яъне дар васиятномае дигар гуфтааст: дар роҳи дин бояд муршид ва роҳнамое талаб кунӣ. Ӯ роҳро аз чоҳ бароят нишон медиҳад. Яъне лузуми доштани муршидро таъкид мекунад.
Алъон маҷол нест, вагарна ба тафсил дар бораи лузуми доштани як роҳнамои комил яъне ҳамон пиру муршид шарҳу тавзеҳ медодам. Албатта манзурам ин пиру муршидҳои ирсӣ нест, ки аз падар ба писар расида, ки инҳо инсонро на ба роҳи рост, ки мунҳариф месозанд, балки муродам инсоне комил аст; касе мисли Мавлоно. Худи ӯ Шамсро роҳнамо ва муршиди хеш медонист. Зеро муршид як равоншиноси комил аст, ӯ ҳар муридро бо таваҷҷӯҳ ба зарфият ва лиёқати ӯ иршод мекунад. Чи басо муридеро ба амре роҳнамоӣ ва иршод кунад, ки он амр ба назари муриде дигар роҳе зидди он роҳе намоён шавад, ки худи ӯро ба он тавсия карда.
Ин тавсияҳои ба зоҳир мутафовит инҳо ҳар як дар ҷойи худ ва мувофиқи истеъдод ва зарфият ва лиёқати ҳар фард дурустанд, мунтаҳо бояд донист, ҳар инсонеро ба кадом чизе иршод кард. Лузуми муршид ва роҳнамо яке аз ҳамин назар аст. Хуб, дар идома Мавлоно мегӯяд:
Дар яке гуфта, ки усто ҳам туӣ,
З-он ки усторо шиносо ҳам туӣ.
Яъне пиру пир намехоҳад, ҳамин ки метавонӣ пирро бишносӣ, пас роҳро мешиносӣ.
Мард бошу сухраи мардон машав,
Рав, сари худ гиру саргардон машав.
Дар яке гуфта, ки ин ҷумла якест,
Ҳар ки ӯ ду бинад, аҳвал мардакест.
Инаш ҷолиб аст. Мегӯяд, ҳамаи ин роҳҳо, ки то ҳоло гуфта шуд, инҳо ҳама яке беш нестанд, сабаби ихтилоф гуногунии роҳ нест, балки иллат дар худи туст, ки дубинӣ. Аҳвал яъне олус, касе ки дубин аст. Мегӯяд, ту дубин набош, олус набош, он вақт хоҳӣ дид, ҳама воҳид аст.
Дар яке гуфта, ки сад як чун бувад?
Ин ки андешад? Магар маҷнун бувад.
Ин ҷо хилофи сухани боло аст. Мегӯяд, магар имкон дорад, ки “сад” ҳамон “як” бошад? Яъне таъаддуди мазоҳиб нишон медиҳад, ки воқеан ҷавҳари онҳо бо ҳам ихтилоф дорад. Магар мумкин аст, одами оқил ин гуна андеша кунад ва бигӯяд, ки ҳамаи мазоҳиб як ҷавҳар доранд? Ин гуна афкор фақат ба девонагон таъаллуқ дорад.
Ҳар яке қавлест зидди ҳамдигар,
Чун яке бошад, яке заҳру шакар?
То зи заҳру аз шакар дарнагзарӣ,
Кай зи ваҳдат в-аз якӣ бӯйе барӣ?
Яъне модом, ки аз ихтилофи заҳру шакар сарфи назар накунӣ, кай мумкин аст, ки аз гулзори ваҳдат бӯйе бибарӣ? Яъне то вақте, ки дар сурати зоҳирии ҷаҳони касарот ва таъаюнот фурӯ мондаӣ, ҳаргиз наметавонӣ ба кӯйи ҳақиқат даройӣ.
Ин байт мунъакискунандаи ҷаҳонбинии ваҳдатгаройи Мавлоност.
Хулоса, Мавлоно дар ин ҳикоят таассуботи кӯри мазҳабӣ ва ҷанги ҳафтоду ду миллатро мавриди нақд қарор додааст. Ӯ мегӯяд, чун ҷавҳари ҳамаи адён яке аст, бояд аз низоъ ва шиқоқ дурӣ гузид.
Номи Аҳмад номи ҷумла анбиёст,
Чун ки сад омад, навад ҳам пеши мост.
Мавлоно найл ба ин ойини ҷомеъро фориғ аз ҷангҳои мазҳабӣ медонад.
Мақола ба тӯл кашид. Агар фурсате ёфтам, ҳатман бештар дар бораи Мавлоно менависам, иншоаллоҳ!
Дар поён танҳо ҳамин нуктаро бигӯям, ки Мавлоно вақте дунёро падруд гуфт, дар маросими ташйеъи ӯ ҳама омада буданд. Тибқи навиштаи тазкиранависон, “дар он рӯзи пурсӯз, сармо ва яхбандон дар Қуния бедод мекард ва донаҳои нарму ҳаририни барф дар фазо мерақсиданд ва бар замин менишастанд. Сайли пурхурӯши мардум, пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳиву яҳудӣ, ҳамагӣ дар ин мотам ширкат доштанд.” Афлокӣ мегӯяд: “Басе мустакбирону мункирон, ки он рӯз зуннор буриданд ва имон оварданд” ва чиҳил шабонарӯз ин азову сӯг барпо буд.
Баъди чил рӯз сӯйи хона шуданд,
Ҳама машғули ин фасона шуданд.
Рӯзу шаб буд гуфташон ҳама ин,
Ки шуд он ганҷ зери хок дафин.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн