Академик Аҳрор Мухторов

Таърих

Академик Аҳрор Мухторов

Ба қалами Сайфулло Муллоҷон

Бахши аввал

***

Ба баҳонаи зодрӯз ва садумин соли таваллуди донишманди шаҳири тоҷик академик Аҳрор Мухторов.

Панҷуми ноябр рӯзи таваллуди муаррихи некном Аҳрор Мухторов аст. Банда худро шогирди ин бузургвор медонам. Чун ду сол ба мо дар донишгоҳ дарс дода, дар ҷаласаи дифои рисолаи номзадиям суханронӣ ва маро дар илм (ба навъе) фотиҳа додаанд. То кунун 4 мақола дар бораи ин устод навишта, як мақолаи эшонро бо забони форсӣ таҳия ва нашр кардаам. Панҷ рӯзи оянда мехоҳам матолиби кӯчаке дар бораи устоди зиндаёд бигузорам. Зимнан, аз дӯстоне ки ба илми таърих алоқа доранду бо таҳқиқоти устод ошно нестанд, даъват мекунам, ки бо таълифоти ин муаррих ошно шаванд, ки аз манфаъат холӣ нест.

Чанд омиле ки (ба назари банда) дар ташаккули шахсияти Аҳрор Мухторовро муассир будаанд:

  1. Хостгоҳи хонаводагӣ; Аҳрор Мухторов ба дудмони кариму хонадоне шариф нисбат доранд. Қиблагоҳи эшон марде забондону огоҳ буда, гузаштагонашон дар гӯристони Сари Мазори Истаравшан мадфунанд. Ин оромгоҳро ду бор зиёрат кардаам ва фаҳмидам, ки дар ин макон шахсиятҳоии маъруфу нуҷабои рӯзгори худ дафн шудаанд (Дар маҷмуъ шаҳри Истаравшан танҳо дар ҳамин асри гузашта ба илму фарҳангии тоҷик даҳҳо донишмандону фарзона иҳдо кардааст, ки ин мавзӯе ҷудост. Инчунин Истаравшан ё Сурушана (Усрушана) номи вилоят аст, на шаҳр, ва аз ин лиҳоз низ ситаме бузург ба ин минтақа ворид шуда, ки дар ин бора ҳам ишорае хоҳам кард).
  2. Пайкор дар ҷабҳаи мубориза алайҳи таҷовузи Олмони нозӣ. Аҳрор Мухторов чанд сол дар ҷабҳаи ҷанги зидди Олмон алайҳи нозиҳои таҷовузгар ҷангида, дар ин кӯраи муборизаву пайкор обу тоб ёфтааст. Бештари фотеҳони ин ҷангро мардони ростгӯ, пок, пурталошу самимӣ дарёфтаам;
  3. Пири мо гуфт …. Нақши устоди раҳнамо дар интихоби роҳу таъйини мазӯъе ҷолиб хеле муҳим аст ва борҳо иттифоқ уфтода, ки интихоби хато соликони роҳи илмро маъюсу ноумед месозад. Роҳнамои илмии Аҳрор Мухторов донишманди мумтоз, ховаршиноси шаҳир, академик Александр Семенов дар таъйини роҳи дурусту мавзуе ҷолиб вайро роҳбару раҳнамо будааст;
  4. Шогирдӣ ва дӯстӣ бо Бобоҷон Ғафуров. Устод Аҳрор Мухторов дар ҷараёни дарсҳо бомуҳаббату ихлос аз устод ва дӯсти худ Бобоҷон Ғафуров ёдовар мешуданд ва чанд китоб низ дар бораи қаҳрамони Тоҷикистон таълиф кардаанд. Роҳнамоии эшон низ дар сарнавишти Аҳрор Мухторов таъсиргузор будааст.
  5. Мавзуъе ки аз офати рӯзгор эймин мемонад. Аҳрор Мухторов дар замони шӯравӣ ба дунё омада, рушд кардаву ном ёфтаанд. Бар хилофи бештари муҳаққиқони он давра, ки ғолибан дар мавзӯҳои давраи нав (замони Шӯравӣ, ки он давлат истиқрор дошт) таҳқиқот анҷом медоданд. Дар бораи як низоми сиёсӣ дар замони истиқрори он навиштан холӣ аз ишкол нест, чун ҷаҳон ҳамвора дар тағйиру таҳаввул буда “ҳамеша то бувад ойин-ш гирдгардон аст”. Мухторов ба пажӯҳиши давраи асрҳои миёна машғул шуданд. Тақрибан бештари навиштаҳои он кас бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар иваз шудани низоми идеоложӣ низ зарар надида, ба як бору чанд бор хондан меарзанд.

Акс, бист сол муқаддам, пойизи соли 2004 пас аз баргузории конференсияи илмӣ ба муносибати 80 – солагии устод дар факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ гирифта шудааст. Устод Аҳрор Мухторов, устодони зиндаёд Роҳат Набиева, Мусаммир Иброҳимов, банда ва Сабзаалӣ Асозода.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Китобхонӣ ва арзиши мутолиа
Нобудии як фарҳанг

Матолиби пурбоздид