Аларабияи англисӣ матни тавофуқи Эрон ва Омрикоро мунташир кард
Ахбори байналмилал
Шабакаи Аларабияи англисӣ матни тавофуқи Эрон ва Омрикоро мунташир кард, ки бад-ин шарҳ аст:
- Санади тавофуқ, поёни фаврӣ ва доимии ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳоро тасреҳ мекунад.
- Тибқи ин тавофуқ, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аз дахолат дар умури якдигар худдорӣ мекунанд.
- Ёддошти тафоҳум байни Эрон ва Омрико, музокирот барои тавофуқи ниҳоиро зарфи 60 рӯз таъйин мекунад.
- Ёддошти тафоҳум байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида таъйид мекунад, ки давраи музокирот бо тавофуқи ҳар ду тараф, қобили тамдид аст.
- Иёлоти Муттаҳида билофосила пас аз имзои тавофуқ, муҳосираи дарёии Эронро тибқи ёддошти тафоҳум лағв хоҳад кард.
- Тибқи ин тавофуқ, Иёлоти Муттаҳида мутаъаҳҳид мешавад, ки нерӯҳои размии худро зарфи 30 рӯз аз таърихи тавофуқи ниҳоӣ, аз манотиқи атрофи Эрон хориҷ кунад.
- Эрон тибқи ин тавофуқ, иқдомотеро барои тазмини азсаргирии тараддуди киштиҳои тиҷорӣ дар тангаи Ҳурмуз анҷом хоҳад дод.
- Тибқи ин тавофуқ, Эрон минаҳои мавҷуд дар тангаи Ҳурмузро хунсо мекунад.
- Тибқи ин тавофуқ, Иёлоти Муттаҳида мутаъаҳҳид мешавад, ки як тарҳи ҷомеъ барои эҳёи иқтисоди Эрон тадвин кунад.
- Иёлоти Муттаҳида, тибқи ин тафоҳумнома, мутаъаҳҳид ба лағви “ҳамаи анвоъи таҳримҳо” алайҳи Эрон аст.
- Эрон тибқи ин тавофуқ, мутаъаҳҳид шудааст, ки ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ тавлид накунад.
- Эрон тибқи тавофуқ, таъйид кардааст, ки сарнавишти ураниуми ғанишудаи дафншуда, дар ҷараёни тавофуқи ниҳоӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
- Иёлоти Муттаҳида тибқи ин тавофуқ, муофиятҳое барои содироти нафти хоми Эрон содир хоҳад кард.
- Дороиҳои масдудшудаи Эрони тибқи тавофуқи ҳосилшуда, дар ҳар тасмиме, ки Теҳрон бигирад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
* Тавофуқи ниҳоӣ байни Теҳрон ва Вошингтун аз тариқи қатъномаи илзомовари Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасвиб хоҳад шуд.
Қаламонлайн













