Алии Шамхонӣ кист?

Таҳлили хабарӣ
Алии Шамхонӣ кист?
Ахбори минтақа
Инак, пас аз оштӣ бо Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садади оштии комил бо Амороти Муттаҳида аст. Дар ҳамин соатҳо, Алӣ Шамхонӣ – дабири Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар, дар Аморот қарор дорад ва музокироти ӯ ва ҳамроҳонаш бо подшоҳи ин кишвар дар ҷараён аст ва бино бар навиштаи расонаҳои эронӣ, натиҷаи ин музокирот ба сурати комил расонаӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон, сухан аз оштӣ бо Баҳрайн ва Миср низ меравад.
Гуфтанист, қаҳрамони ин ба истилоҳ оштиҳо ва мусолиҳаҳо, як нафар аст: дарёдор (адмирал), женерол Алӣ Шамхонӣ. Ин оқо аз ислоҳталабони маъруф аст, аз тарафе ҳам, фарде наздик ба шаҳид Сулаймонӣ. Дар даврони риёсати ҷумҳурии Хотамӣ вазири дифои ин кишвар буд. Ду давра барои риёсати ҷумҳурӣ кондид шудааст. Ин сипоҳии собиқ ва сиёсатмадори кӯҳнакор аз эътибор ва ҷойгоҳи волое дар Эрон бархӯрдор аст. Аз Хузистони Аҳвоз аст, миллияташ араб ва аз шуюх ва сарони қабоили араб аст.
(Манбаъ: Сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ, дар Фейсбук)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дабири Ҳавзаҳои илмияи Эрон: Танҳо истисно “Исроил” аст; бо ҳама оштӣ мекунем!
Тафсире бар ҳукми ЛОҲА дар мавриди Путин

Матолиби пурбоздид