Аломат ва нишонаи хушахлоқӣ

Аломат ва нишонаи хушахлоқӣ

“Юсуф ибни Асбот гӯяд: аломат ва нишонаи хушахлоқӣ (ҳусни хулқ) 10 тост:

— раҳо кардани ихтилоф;

— боинсофӣ;

— ба дунболи ҷустуҷӯи лағзишҳои мардум нашудан;

— некӯ кардани он чӣ ба назар бад ҷилва мекунад. (Масалан, рафтореро аз як инсон мушоҳида мекунед, ки ба назаратон рафторе бад намоён мешавад, аммо шумо саъй мекунед онро нек ҷилва диҳед);

— узр ёфтан. (Масалан, як нафар бароятон дар бораи як инсони дигар бад мегӯяд, ки масалан ӯро дар наздикии манзили фалон зани бадкор дидааст ва он гоҳ бароятон чунин илқо кунад, ки гӯӣ ӯ марде бадкор аст. Дар инҷо шумо барои он инсон узр меоваред, ки шояд ба сурати тасодуфӣ онҷо будааст ва набояд зуд доварӣ намуд);

— таҳаммули озору азият. (Ба ин маъно, ки агар инсонҳои бемаърифат бо забони худ шуморо мавриди озору азият қарор бидиҳанд, шумо инро таҳаммул мекунед ва мисли онҳо беъмаърифат намешавед);

— маломат ва сарзаниниши худ (ба ҷойи сарзаниши дигарон);

— ба дунболи айбҳои хештан будан ба ҷойи айб ёфтан ва айб гирифтан аз дигарон;

— башшош ва гушударӯй будан барои бузургу кучак;

— хушзабонӣ бо ҳамагон, чӣ касоне ки аз шумо болотар ҳастанд ва чӣ касоне ки аз шумо пойинтар.”

(Эҳёи улуми дин, ҷ.3, саҳ.113)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тафриқа афкан ва ҳукумат кун!
Ислоҳи умури дунявӣ

Матолиби пурбоздид