Алӣ Мутаҳҳарӣ: “Ғарбиҳо ҳаводиси Фаластинро идомаи ҷангҳои салибӣ медонанд”

Алӣ Мутаҳҳарӣ: “Ғарбиҳо ҳаводиси Фаластинро идомаи ҷангҳои салибӣ медонанд”

Байналмилал

Муовини раиси пешини Маҷлис (порлумон)-и Эрон мӯътақид аст, он чи дар Ғазза мегузарад, идомаи роҳе аст, ки ғарбиҳо дар бораи ҷанги салибӣ доранд.

Алӣ Мутаҳҳарӣ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт:

“Агар ба ин хаёл ҳастем, ки ғарбиҳо бо расидани теъдоди шуҳадои Фаластин масалан ба 50 ҳазор, ба худ меоянд ва монеи режими саҳюнистӣ мешаванд, сахт дар иштибоҳ ҳастем. Онҳо дар ҳамин гузашта, наздики ҳудуди 300 ҳазор мусалмони Буснӣ ва Ҳерзегувинро бо виҷдоне ором саллохӣ карданд.”

Вай афзуд: “Ба баёни Оятуллоҳ Муртазо Мутаҳҳарӣ, ғарбӣ барои миллати худ ҳуқуқи башарро риоят мекунад, аммо барои миллати дигар ва ба хотири манофеи худ, як ҷонии (ҷинояткори) тамомаёр аст. Имрӯз ғарбиҳо ҳаводиси Фаластинро идомаи ҷангҳои салибӣ медонанд, ки дар он муртакиби ҷиноятҳои ваҳшатнок шуданд. Мусалмонон бояд бедор шаванд ва Фаластинро танҳо нагузоранд”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Агар уммати исломӣ аз қудрати дарунии худ истифода кунад, режими саҳюнистӣ аз қалби ҷомеаи исломӣ бардошта хоҳад шуд”
Раиси ҷумҳури Исроил: “Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ боиси овора шудани 100 ҳазор исроилӣ шудааст”

Матолиби пурбоздид