Амалиёти муштараки Яман ва муқовимати Ироқ алайҳи Исроил
Ҳамлаи паҳподии муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Яман ва муқовимати Ироқ ба ҷануби Исроил
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом карданд, ки амалиёти низомии муштаракеро бо муқовамати исломии Ироқ анҷом дода ва бо чандин паҳпод, як ҳадафи ҳаётиро дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард: “Барои ёрӣ расондан ба мазлумияти мардуми Фаластин ва нерӯҳои муҷоҳидаш ва дар посух ба ҷиноятҳои душмани исроилӣ дар ҳаққи бародарони мо дар навори Ғазза, нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо мушорикати муқовамати исломии Ироқ, амалиёти низомиеро анҷом доданд, ки як ҳадафи ҳаётиро дар ҷануби Фаластини ишғолӣ бо чандин паҳпод ҳадаф қарор дод ва ин амалиёт бо муваффақият ҳадафи худро муҳаққақ сохт.”
Дар ин баёния омадааст: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳамроҳи муҷоҳидони муқовамати исломии Ироқ, ба посух ба ҷиноятҳои душмани исроилӣ дар ҳаққи бародарони мо дар навори Ғазза идома медиҳанд. Ин амалиётҳо ҷуз бо таваққуфи таҷовузот ва бардоштани муҳосира аз навори Ғазза, мутаваққиф нахоҳад шуд.”
Қаламонлайн