Амрико ва кишварҳои ғарбӣ омодаи ирсоли таслиҳоти низомӣ ба Украина ҳастанд

НАТО, кишварҳои ғарбӣ ва Амрико омодаи ирсоли таслиҳоти низомӣ ба Украина ҳастанд

Ахбори минтақа

Чанде пеш, Макрон раиси ҷумҳури Фаронса дар гуфтугӯ бо Зеленский аз тасмими Порис ҷиҳати ирсоли таслиҳоти низомӣ ба Украина хабар додааст.

Ин дар ҳолест ки сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков таъкид намудааст, ирсоли силоҳ аз тарафи кишварҳои ғарбӣ, наметавонад монеи амалиётҳои Русия дар Украина шавад.

Бар асоси гузоришҳо, НАТО ва Амрико то ин замон, ба арзиши даҳҳо миллиард доллар, таслиҳоти низомӣба Украина ворид кардаанд.

Инчунин гуфта шудааст, Итолиё ва Фаронса, дар ҳоли баррасии ирсоли таслиҳоти низомӣ ба Украина ҳастанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тасвир ва хаёл
Равобити дуҷонибаи Қазоқистон ва Исроил

Матолиби пурбоздид