Амрико дар ҳоли истиқрори як ҷабҳа алайҳи Русия дар Осиёи Миёна аст
Ахбори минтақа
Константин Косачев – ноиб раиси Шӯрои федеросиюни Русия дар мавриди барномаи амрикоии истиқрори як ҷабҳа дар Осиёи Миёна, ки ҳадаф аз он муқобила ва тазъифи нуфузи Русия дар минтақаи Осиёи Миёна аст, гузориш ва интиқод кард.
Косачев бо ишора ба пешниҳоди сенатори амрикоӣ, Крис Мурфи дар робита бо лағви маҳдудиятҳои тиҷории Ҷексон-Веник барои Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон гуфтааст: Ин иқдом ба дунболи манофеи жеополитикии Амрико дар Осиёи Миёна ва тақобул бо Русия аст ва дар ниҳоят бар зарари Русия хоҳад буд.
Қаламонлайн