Амрико мухолифи хуруҷи Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин

Амрико мухолифи хуруҷи Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин

Ахбори байналмилал

Guardian: Амрико аз Додгоҳи Лоҳа (Гаага) хост, ҳукме мабнӣ бар хуруҷи фаврии Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин содир накунад

Амрико аз Девони байналмилалии кайфарӣ хост, ба дунболи хуруҷи Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин нашавад.

Ба гузориши Guardian, Иёлоти Муттаҳида аз Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ (ICJ) дар Лоҳа (Гаага) хостааст, ки ҳукме мабнӣ бар хуруҷи фаврии Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин содир накунад. Давлати Омрико ингуна истидлол мекунад, ки амнияти Исроил бояд дар ҳар роҳи ҳалле барои муноқиша дар назар гирифта шавад.

Ричард Висек, мушовири ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Омрико, ба қозиҳои Девони байналмилалии додгустарӣ гуфт: “Ҳар гуна ҳаракат ба самти ақибнишинии Исроил аз каронаи Бохтарӣ ва Ғазза, мусталзими таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои амниятии воқеии Исроил аст”.

Ин иддаоҳои давлати Омрико дар ҳоле матраҳ шуда, ки Девони байналмилалии кайфарӣ ҳафтаи гузашта ҷаласоти таърихии худ барои таъйини вазъияти ҳуқуқии сарзаминҳои ишғолӣ ва паёмадҳои ишғолгарии Исроилро шурӯъ кард. Беш аз 50 кишвар қарор аст мавозеъи худро дар ҷаласоти истимоъи як ҳафтаӣ ироа кунанд, ки худ нишондиҳандаи инзивои Исроил аст.

Интизор меравад, ки Девони байналмилалии додгустарӣ то тобистон назари худро содир кунад ва агар ҳукм ба ғайри қонунӣ будани ин ишғол кунад, метавонад таъсири сиёсӣ ва ҳуқуқии густурдае дошта бошад.

Guardian

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти ҷадиди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пойгоҳи низомии Исроил
Нахуствазири Яман: “Санъо дар хатти муқаддами ҳимоят аз Ғазза аст, коре бо Омрико, Чин ва Русия надорем”

Матолиби пурбоздид