Амрико хостори “оташбаси фаврӣ” дар Ғазза шуд

Амрико саранҷом ночор хостори “оташбаси фаврӣ” дар Ғазза шуд

Ахбори байналмилал

France24.com

Амрико пешнависи қатъномаи Созмони Милалро барои “оташбаси фаврӣ” дар Ғазза ироа кард.

Ба гузориши France24, Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Омрико гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида пешнависи қатъномае ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ироа кардааст, ки дар он хостори оташбаси фаврӣ ва озодии гаравгонҳо дар навори Ғазза шуда ва умедвор аст, ки ин “як паёми қавӣ ва сигноли муҳкам барои оташбас” бошад.

Иёлоти Муттаҳида ба унвони аслитарин ҳомии Исроил, қатъномаҳои қаблии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҷанги тақрибан шашмоҳа дар Ғаззаро вето кардааст. Бо ин ҳол, дар ҳафтаҳои ахир Вошингтун фишор бар муттаҳиди худро афзоиш додааст.

Блинкен дар Арабистони Саудӣ гуфт: “Мо дар воқеъ қатъномае ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид додаем, ки хостори оташбаси фаврии муртабит бо озодии гаравгонҳост ва мо бисёр умедворем, ки кишварҳо аз он ҳимоят кунанд.”

France24.com

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқовамати исломии Ироқ нерӯгоҳи тавлиди барқро дар Исрил ҳадаф қарор дод
Ҳалокати теъдоде аз низомиёни исроилӣ дар ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон

Матолиби пурбоздид