Андалус – II

Таърих

 

Андалус – II

Бахши дуввум

Испониёи феълӣ, ки дар ҳамин торих тавассути сипоҳи ислом фатҳ шуд, 8 қарн дар дасти мусалмонон буд ва нури тамаддуни он, ки поягузораш мусалмонон буданд, сар то сари Урупоро рӯшан кард.

 

Таъсири фарҳанги исломӣ бар Андалус

Бар пояи навиштаи муаррихони торихи тамаддун ба вижа Вил Дурон, фарҳанги исломии илмдӯстӣ чунон дар коми андалусиён ширин афтод, ки бисёре аз онон муштоқи гом ниҳодан дар ин роҳ шуданд. Ва ин ҳама дар ҳоле буд, ки Урупои он рӯз дар гирдоби “тафтиши ақоид” ва ваҳшигарӣ ва мухолифат бо илм ғӯтавар буданд.

Тибқи гуфтаи Вил Дурон, бо вуруди ислом ба Андалус, занон пой ба дунё ва фарҳанги дигаре ниҳоданд ва ба дараҷоти баланди илмӣ ва иҷтимоӣ даст ёфтанд. Саводомӯзӣ чунон рӯ ба фузунӣ ниҳод, ки танҳо дар муддати як сол дар Қуртуба беш аз 15000 ҷилд китоб навишта шуд ва бо интиқоли санъати чоп аз Бағдод ба Андалус, ин рақам фузунӣ ёфт. Доштани китоб ва китобхона нишонаи бузургӣ ва фахрфурӯшӣ гардид. Бузургоне дар майдони илм ва навоварӣ қад барафроштанд ва корҳои азимеро ба башар ва ҷаҳони илм арза намуданд.

Профессор Долмо, устоди бемориҳои занони Донишкадаи пизишкии шаҳри Montpellier эътироф мекунад: “Тамаддуни мусалмонон мунҳасир ба фанни меъморӣ ва нақшу нигори сохтмонҳо ва масоҷиди пуршукӯҳ нест, балки шомили бисёре аз улум ва маорифе мешавад, ки асоси улуми ҷадид ба вижа улуми гиёҳшиносӣ ва пизишкӣ аст.”

Наҳзати илмие, ки бо вуруди ислом ба Андалус падид омада буд, бо шукуфо кардани истеъдодҳои мардум андешмандони баноме чун Ибни Масарра, Ибни Хуррам, Ибни Боҷа, Ибни Рушд, Ибни Туфайл, Ибни Арабӣ, Ибни Сайиди Батламюсӣ, Алӣ ибни Аббос, Заҳровӣ, Ибни Саъиди Мағрибӣ, Ҳайён ибни Халафи Қуртубӣ, Абдулҳамид ибни Абдуни Андалусӣ ва ғайраро ба ёдгор гузошт.

Ҳамчунин бо тавсиъаи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар бахшҳои гуногуни санъат, ресандагӣ ва бофандагӣ низ аз рушди чашмгире бархӯрдор шуд, то ҷое ки танҳо дар шарҳи Тулайтила 50 корхонаи порчабофӣ вуҷуд дошт, ки теъдоде аз инҳо махсуси бофтани порчаҳои абрешимӣ буд ва ҳудуди 40 ҳазор коргар дар ин корхонаҳо машғул ба кор буданд.

Онон дар истифода аз маъодин низ ба мавқеиятҳои арзишманде расиданд. Онон тиллоро аз мосса ва шини рӯдхонаҳои Лорда, Шақар, Тоҷа ба даст меоварданд ва нуқраро аз маъодини Марсей, Ҳумма, Қуртуба, Боҷа ва оҳанро аз шимоли Водиюл-кабир.

Мусалмонон барои истифода аз заминҳои беоб бо баҳрагирӣ аз маҳоратҳои фаннии хеш равишҳои ҷадиди обёриро ихтироъ карданд ва аз ин тариқ, заминҳои бисёреро обод карданд. Бо рушд ва тавсиъаи иқтисодӣ, колоҳои санъатӣ ва кишоварзӣ ва содирот ва бозаргонӣ ва тиҷорати хориҷии Андалус равнақ ёфт ва колоҳое монанди: аслиҳа, варақи оҳан, зуруфи чинии музҳаб ва суфолӣ, кошиҳои рангоранг, фарш, анвоъи пату ва порчаҳои арбешамӣ ва ғайра содир гардид.

Ислом, ҳам бар забон ва ҳам бар фарҳанги кишварҳои урупоӣ таъсир гузошт. Ин таъсир дар Испониё бисёр зиёд буд, ки ҳатто имрӯза ҳам қобили пайгирӣ аст. Дар баъзе аз шаҳрҳои суннатии Испониё ҳанӯз ҳам пардаҳое ҷилави дари вурудии хонаҳо мезананд, ки агар дар боз бошад, дохили хона дида нашавад, ки тақлиде аз суннати исломӣ аст, ки барои хона ҳифози амн ва ҳиҷоб қоил мешавад.

 

Мавқеияти фарҳангӣ ва иқтисодии пеш аз ислом дар Андалус

Бидуни тардид, фарҳанги Испониёи пеш аз ислом дар муқоиса бо тамаддуни исломӣ, чизе барои ибрози вуҷуд надошт ва бартарии нисбии фарҳангии Испониёи пеш аз ислом дар муқоиса бо Урупои бетамаддуни он замон, чизеро собит намекунад ва аз арзиши хадамоти бисёри мусалмонон дар ин сарзамин намекоҳад. Авзои иқтисодии Испониёи пеш аз ислом ҳамчун вазъияти сиёсӣ ва фарҳангияш ҳолате ошуфта дошт ва ба гувоҳии торих, ҳеч гуна асаре аз пешрафти иқтисодӣ дар даврони подшоҳони Визигут вуҷуд надорад. гарчӣ дар давраи Румиён вазъ беҳтар буд.

Ҳангоме ки Офриқо дар ҳукумати исломӣ аз неъмати озодии ақида ва адлу дод бархӯрдор буд ва мароҳили такомул ва пешрафти асосиро бо суръати зиёде тай мекард, шибҳиҷазираи Испониё, ҳамсояи шимолии вай, зери бори ситами подшоҳони Визигут заъиф ва нобуд мешуд.

 

Далоили пирӯзии мусалмонон

Он чӣ дар ин пирӯзӣ аҳаммияти вижае дорад, нақши раҳбарии ин ҳаракати исломӣ буд. Дар ин набарди нобаробар ва дар шароите, ки душман аз имтиёзи ошно будани бо минтақа, пуштибонии низомӣ ва таъмини ғизоӣ ва тадорукотӣ бурхӯрдор буд, Ториқ шигирде ба кор бурд, то сарбозони мусалмонро ба рағми камии теъдодашон, аз лиҳози руҳӣ комилан омода намояд ва аз теъдоди ками ҷанҷӯёни ислом бештарин баҳраро бибарад. Вай ибтидо дар баробари дидагони ваҳшатзадаи сарбозон дастур дод, то киштиҳоеро, ки бо он аз дарё убур карда буданд ва ҳамчунин андӯхтаҳои ғизоияшонро оташ бизананд ва танҳо ба андозаи як ваъда ғизо нигоҳ доранд. Он гоҳ дар ҳоле ки анбӯҳи лашкари душман аз як сӯ ва фосила андохтани танга миёни мусалмонон ва марказияти онон дар шимоли Офриқо аз сӯи дигар, бар сахтӣ ва нобаробарии ҷанг ба нафъи душман меафзуд, дар як суханронии ҳаяҷонбарангез пас аз фаро хондани нерӯҳояш ба ҷиҳод ва фидокорӣ ва баъд аз ҳамду санои Парвардигор, хитоб ба лашкариёнаш гуфт:

“Эй лашкариён! Аз ин ҷазира ба куҷо хоҳед гурехт? Дар ҳоле ки дарё дар пушти сар ва душман дар баробари шумост. Пас ба Худо қасам, ки чорае ҷуз пойдорӣ ва шикебоӣ нест. Бидонед, ки шумо дар ин ҷазира аз кӯдакони ятим дар канори суфраи афроди лаъим забунтаред. Акнун душмани шумо бо лашкаре анбӯҳ, силоҳе бурранда ва захираи ғизоии фаровон ба истиқболатон омадааст ва шумо ҷуз шамшерҳоятон паноҳе надоред ва ҷуз он чӣ аз душман бигиред, ғизое надоред.

Агар муддате дар ин ҷазира ба тангдастӣ ва ниёзмандӣ гирифтор шавед ва дар коратон чорае наяндешед, обрӯятон бар бод хоҳад рафт. Шумо бо ҳаросе, ки дар дили душманон андохтаед, шуҷоат ва ҷуръатро дар худ парвардаед. Пас, хорӣ ва пастиро аз ояндаи кори хеш дур кунед ва ин ситамкоронро аз ин сарзамин биронед.

Акнун лашкаре қавӣ дар баробари шумо омада ва ҳар гоҳ шумо маргро бар худ ҳамвор кунед, пирӯз мешавед, зеро фурсат ҳамакнун бар шумо даст медиҳад. Ман шуморо аз чизе барҳазар намекунам, ки худ аз он дур бошам, магар он ки ман пешрави шумо бошам.”

 

Меъмории исломӣ дар Андалус

Абдурраҳмони аввал ва писараш Ҳишом ибни Абдирраҳмон, тарроҳон ва созандагони бахши аввали тамаддуни Андалус, яъне имрон ва ободии шаҳрҳо ва ташкилоти идорӣ будаанд ва донишмандон ва мутафаккирони Андалус тарроҳони шолудаи фикрӣ ва маънавӣ. Менависанд: “Абдурраҳмони аввал перомуни шаҳри Қуртубаро ҳисор кашид ва қанотҳои фаровоне ҳафр кард.”

Ҳаммомҳо, меҳмонхонаҳо ва аморатҳои олии бисёре сохт ва дар канораи рӯдхонаҳо боғҳои пурдарахте эҷод кард ва дар қасри бисёр зебое ба сабки Расофаи Шом, қасри салтанатии Ҳишом ибни Абдулмалик дар Димишқ, бино намуд, ки боғҳое бо дарахтони анбӯҳ онро иҳота карда буданд.

Аз биноҳои маъруфи ин давра, Масҷиди Ҷомеи Қуртуба аст, ки ҳанӯз побарҷост ва шукӯҳ ва азамати тамаддуни исломиро намоён месозад.

 

Паёмадҳои пирӯзии мусалмонон

  1. Зуҳури дубораи қудрати ислом ва мусалмонон;
  2. Густариши минтақаҳои мусалмоннишин ва тавсиъаи ҳукумати исломӣ;
  3. Эҷоди бозори кор ва сукунат барои мусалмонон;
  4. Гаравидани бисёре аз масеҳиён ба дини мубини ислом;
  5. Тарбият шудани теъдоди зиёде аз донишмандони бузурги ҷаҳони ислом дар ин минтақа ва пешрафтҳои бузурги фарҳангӣ, илмӣ ва санъатӣ барои мусалмонон дар он сомон.

 

Осори пирӯзӣ бар ҷомеаи Испониё

  1. Ҳуқуқ ва ихтиёроти табақаии мумтози руҳониён ва ашроф аз миён рафт ва табақаи ранҷдидаи ғуломон ва навкарон озод гаштанд, ки то он замон бо онҳо монанди чаҳорпоён рафтор мешуд. Онон дар заминҳое, ки ба дасти мусалмонон даромад, монанди як кишоварзи комилан озод кор мекарданд ва амалан заминҳо дар тасарруфи комил балки моли онҳо буд ва танҳо аз маҳсули тавлидии замин саҳме ба молики мусалмон медоданд;
  2. Авориз ва боҷҳои сангин, ки пеша ва ҳунар ва фанро аз миён бурда буд ва табақаи мутавасситро парешон ва бечора сохта, лағв гардид;
  3. Қавонини молиётии мушаххасе бар асоси адл ва баробарии исломӣ тадвин гардид;
  4. Яҳудиён, ки то он замон мавриди таъқиб ва озор буданд, дар анҷоми маросими динӣ ва умури қазоии худ озод гаштанд;
  5. Рӯшан шудани шӯълаҳои тамаддуни шаҳрнишинӣ ва дониш дар Испониё ба дасти муслимин, ҳангоме ки тамоми Урупо асири ҷаҳл ва нодонӣ ва гирифтори ҷанг ва хунрезӣ буд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст – II
Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст

Матолиби пурбоздид