Андешаҳои доктор Насибулло Умаров перомуни ҳаводиси ахири Фаластин

Таҳлили хабарӣ

Андешаҳои доктор Насибулло Умаров перомуни ҳаводиси ахири Фаластин

Андешаҳо ва таҳлилҳои кутоҳ

Муҳимтарин дастоварди тамаддуни муосири Ғарб:

Вақте маънавият дар миёни мардум ранг бозад ва инсон аз дарун пуч гардад, дар баробари дурӯғ комилан ором хоҳад буд…

***

Бетафовутӣ – натиҷаи пучӣ, беҳадафӣ ва нобоварӣ ба ҷаҳони дигар аст…

***

Бузургтарин дурӯғи қарни ахир:

Озодии баён…

***

Зулму ситами Исроил, марудми Фаластинро маҷбур кардааст, ки барои зинда мондан ҷон бикананд, на барои зиндагӣ…

***

Агар баъзеҳо дар масъалаи Фаластин хомӯшанд, маъзур доред,чун арбобонашон хатту нишон кашидаанд!

***

Агар пурсанд: Таҳмондаи инсонияти тамаддуни Ғарб чист?

Бигӯ: Бомбборони бемористони Маъмадонӣ дар Ғазза.

***

Бо бомб задани бемористон равшантарин нишонаи заъфу шикасти роҳбурди низомии режими ҷаълии Исроил аст…

Субҳ наздик аст.

***

Шоҳроҳи фатҳи иззатбори Қудс

(Устод Насибулло Умаров)

Ғазза, эй ту модари пар-паршуда бо кудакон!

Ғазза, эй ту сарзамини нолаву хуну фиғон!

Ғазза, эй ту парварандай марду занҳои ғаюр!

Ғазза, эй ту маҳди танҳои шаҳиди қаҳрамон!

Ғазза, эй модар, падар, фарзанди гулгун зери хок!

Ғазза, эй хоҳар, бародар, ҳамсари ҷон зери хок!

Ғазза, эй ҳамсоя, ҳамкор, ошнои ҳар пагоҳ!

Ғазза, эй арвоҳи поки паркашон аз зери хок!

Ғазза, эй ту ашк андар ашки ҳар озодае!

Ғазза, эй ту ҳанҷари фарёди ҳар озодае!

Ғазза, эй ту дар дили ҳаро шиқи инсоният!

Ғазза, эй ту қалб, андар қалби ҳар озодае!

Ғазза, эй ту қиблаи уммед, намозу рози Қудс!

Ғазза, эй ту остони ҳар шаҳид дар роҳи Қудс!

Ғазза, эй ту он нигини хотами дасти шаҳид!

Ғазза, эй ту шоҳроҳи фатҳи иззатбори Қудс!

(Насибулло Умаров, 17-октябри 2023; 25-меҳри 1402 шамсӣ; 1-рабиуссонӣ, соли 1445 ҳиҷрӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати Ҳиба Абунадо, шоира ва румоннависи фаластинӣ 
Ба сими охир задаанд?

Матолиби пурбоздид