Андешаҳои Стивен Ҳокинг дар гуфтугӯ бо Маҳдии Гулшанӣ

Андешаҳои Стивен Ҳокинг дар гуфтугӯ бо машҳуртарин физикдон, Маҳдии Гулшанӣ
“Хатои Ҳокинг, натиҷагирии фалсафӣ аз назариёти илмӣ буд… Тавзеҳи ҷаҳон бо фарзи вуҷуди Худо осонтар аст… Ин ки чаро Стивен Ҳокинг Ҷоизаи Нобел нагирифт, далелаш ин аст, ки ҳеч як аз пешбиниҳояш қобили исботи таҷрибӣ набуд. Агар пешбиниҳояш собит мешуд, ҳатман Ҷоизаи Нобелро мебурд. Вале ба ҳар ҳол, пешбиниҳои Ҳокинг иддаи зиёдеро машғули таҳқиқу мутолеа кард…”
Ишора: Дуктур Маҳдии Гулшанӣ, физикдони барҷаста ва устоди Донишгоҳи санъатии Шариф аст ва дар сатҳи ҷаҳон ба унвони назарияпардози илми физик шинохта мешавад. Оқои Гулшанӣ дар гуфтугӯ бо сойти Асри Эрон, ба тафсил дар бораи нуқоти заъф ва қуввати андешаҳои илмии Стивен Ҳокинг тавзеҳ додааст.
* * *
Ба гузориши Асри Эрон, дуктур Гулшанӣ яке аз муҳимтарин нуқоти заъфи андешаи Ҳокингро такяи томму тамоми ӯ бар назарияи квантум медонад ва мегӯяд, бисёре аз физикдонони имрӯза ба ин натиҷа расидаанд, ки дунёи физик бояд аз назарияи квантум убур кунад ё дастикам назарияи квантуми ҷадиде ироа кунад.
Вай таҳқиқоти Ҳокинг бар рӯйи сиёҳчолаҳоро (чёрная дыра) бисёр муҳим ва ҷиҳатбахш медонад, вале исбот нашудани пешбиниҳои вай дар ҳамин заминаро далели аслии адами эътои Ҷоизаи Нобел ба Стивен Ҳокинг қаламдод мекунад.
Инак, матни гуфтугӯ бо дуктур Гулшанӣ:
— Ҷаноби дуктур Гулшанӣ, дар бораи Стивен Ҳокинг бо таваҷҷӯҳ ба шӯҳрати ҷаҳониаш ҳарфу ҳадис зиёд аст, вале шояд аксари мардум ба дурустӣ надонанд далоили аҳаммияти Ҳокинг дар дунёи илм чист. Ибтидо роҷеъ ба ин мавзӯъ тавзеҳ медиҳед?
— Чанд омил даст ба дасти ҳам доданд ва Ҳокингро бузург карданд. Албатта Ҳокинг кайҳоншиноси бузурге буд ва корҳои тозае ҳам дар дунёи илм анҷом дод. Мо набояд ҳаққи ашхосро аз байн бибарем, ҳатто агар бо як назария ё дидгоҳи онҳо мухолиф бошем.
Ҳокинг дар соли 1965 дуктурои худашро мегирад ва бо чанд донишманди муҳим ҳамкорӣ мекунад; аз ҷумла Роҷер Пенроуз ва Ҷорҷ Эллис. Аммо Ҳокинг як саре натиҷагириҳои назарӣ дошт, ки буъди фалсафӣ доштанд.
Хатои кори Ҳокинг ба назари ман дар ҳаминҷо буд. Яъне ӯ агар ба риёзиёт ва пешбиниҳои риёзиаш иктифо мекард, хеле беҳтар буд. Ба лиҳози илмӣ, ман Ҳокингро муҳимтар аз Пенроуз намедонам. Пенроуз лоақал медоли Филдсро гирифт, ки болотарин ҷоиза дар риёзиёт аст. Ҳокинг на чунин ҷоизае касб кард, на ҷоизаи Нобелро, вале кораш хуб буд. Ӯ пешбиниҳое кард ва баъзе аз пешбиниҳояш мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шуд.
— Кадом пешбиниҳо?
— Яке дар бораи сиёҳчола буд. Албатта достони сиёҳчола қадимитар аз Ҳокинг аст. Сиёҳчола мутакосиф (чагол, бар ҳам нишаста ва ҷамъшуда) ва сангин аст. Дар кайҳоншиносӣ собит мекунанд, ки агар ҷирми чизе бештар аз ҳадди муайяне шавад, ба иллати фишори ҷозиба кучаку кучактар мешавад ва ниҳоятан як сиёҳчола ё ҷирми сиёҳ ташкил мешавад. Бар сари ин нукта иттифоқи назар буд, ки вақте чизе вориди сиёҳчола ё Black Hole шавад, ҷозибаи дохили сиёҳчола ба он шайъ иҷозаи хуруҷ намедиҳад.
— Афзоиши ҳолати чаголи сиёҳчола ба иллати ҳамин ҷозибаи дохилаш аст?
— Бале. Албатта монеъаҳое ҳам вуҷуд доранд. Масалан электронҳо, мутобиқи Қонуни Паулӣ (Принцип Паули), намехоҳанд беш аз ҳадди муайяне ба ҳам наздик шаванд. Бинобар ин нисбат ба ҳам дофеъа доранд ва фишоре, ки эҷод мекунанд, нақши монеъро ифо мекунад, вале агар ҷирми ҷисми осмонӣ хеле зиёд бошад, бар фишори электронҳо ғалаба мекунад ва кучактару кучактар мешавад, то ин ки ниҳоятан табхир (бухор) шавад.
Ибтидо ин баҳс матраҳ буд, ки вақте иттилоот вориди сиёҳчола мешаванд, дигар қобили истифода нестанд. Ҳокинг ҳам ибтидо чунин мепиндошт, вале баъдан гуфт, ки ин иттилоот метавонанд ба берун дарз пайдо кунанд ва қобили истифодаанд. Ҳарфи муҳимми Ҳокинг ин буд.
Албатта Ҳокинг як кори муҳимми дигар ҳам анҷом дод ва он ин ки ҳамроҳи Пенроуз ва Эллис қазияҳоеро собит кард, ки ба қазияҳои такинагӣ (Теоремы Пенроуза — Хокинга о сингулярности) маъруфанд. Мутобиқи ин қазияҳо, таҳти шароите, ҷаҳон як оғози замонӣ дорад. Яъне агар ба ақиб баргардем, ҷаҳон доиман кучактар ва кучактар мешавад, то ба як нуқта мерасад. Ин нуқтаро такинагӣ (сингулярность) меноманд.
Яке аз далоили аҳаммияти Ҳокинг дар илм, исботи ҳамин қазияҳои такинагӣ аст. Далели дигари аҳаммияташ ин аст, ки гуфт, иттилооте, ки вориди сиёҳчола мешавад, баъд аз ин ки сиёҳчола кучак шуд ва ниҳоятан ба як нуқта табдил шуд ва ба истилоҳ табхир шуд, аз байн намераванд.
Ин иддаои Ҳокинг қобили исбот набуд. Ин ки чаро Ҳокинг Ҷоизаи Нобел нагирифт, далелаш ин аст, ки ҳеч як аз пешбиниҳояш қобили исботи таҷрибӣ набуд. Агар пешбиниҳояш собит мешуд, ҳатман Ҷоизаи Нобелро мебурд. Вале ба ҳар ҳол, пешбиниҳои Ҳокинг иддаи зиёдеро машғули таҳқиқу мутолеа кард.
— Андешаи такинагӣ қабл аз Ҳокинг ҳам вуҷуд дошт?
— Бале, Эйнштейн муъодилоти нисбияти оммро дар 1915 арза кард ва дар 1917 аввалин мақолаи кайҳоншиносиро навишт. Дар авохири даҳаи 1920 иддае гуфтанд, ки ҷаҳон аз як нуқта шурӯъ шуда ва ин нуқта ҳамин тавр бузург шуда ва ҷаҳони феълӣ дар ҳоли инбисот аст. Ин назар кам-кам тақвият шуд. Пас агар ҷаҳон дар ҳоли бузургтар шудан аст, лобуд қаблан кучактар ва кучактар будааст. Қазияҳои такинагии Ҳокинг ҳам мегӯяд, ҷаҳон дар як раванди маъкус ва рӯ ба ақиб, ниҳоятан бояд ба як нуқта бирасад. Бинобар ин, ин баҳс қабл аз Ҳокинг матраҳ буд, ки оё оғози ҷаҳон бо як такинагӣ будааст ё на?
— Қабл аз ин ки пештар биравем, такинагиро дақиқтар тавзеҳ медиҳед?
— Яъне як нуқта, ки дар онҷо бениҳоят энергия ва бениҳоят дараҷаи ҳарорат вуҷуд дорад.
— Ва қонунҳои физик онҷо ҷорӣ нест?
На, қонунҳои физик онҷо дигар фурӯ мерезанд. Эйнштейн ҳудуди панҷ сол қабл аз маргаш сареҳан гуфт, ки агар воқеан такинагӣ дар кор бошад, нисбияти омм дар такинагӣ фурӯ мерезад ва дар онҷо эътиборе надорад. Бинобар ин физикдонҳо гуфтанд, ҳарфи нисбатан дақиқи мо дар бораи оғози олам, то 10 ба тавони 44-сония баъд аз Бик Бенг (Big Bang) ё такинагӣ аст. Яъне вақте ба такинагӣ наздик мешавем, дигар теорияи нисбияти омм эътиборашро аз даст медиҳад.
Ҳокинг собит кард, таҳти фалон ва фалон шароит, такинагӣ ҳодис мешавад. Аммо баъдан ба ин натиҷа расид, ки такинагӣ, яъне оғози олам аз як замони хосс, мусталзими фарзи Худост. Ӯ ин нуктаро сареҳан матраҳ кард. Сипас барои ин ки фарзи Худоро ҳазф кунад, гуфт, олам аз як нуқта шурӯъ нашудааст ва дар мунҳании фазо-замон даст бурд ва коре кард, ки ин мунҳанӣ нуқта нашавад. Яъне дар муъодилот, замони ҳақиқиро табдил ба замони мавҳум кард, то аз такинагӣ наҷот пайдо кунад. Албатта инро ҳам гуфт, ки вақте аз замони маҳумӣ ба замони воқеӣ баргардем, такинагӣ дубора зоҳир мешавад.
Ин иддаои Ҳокинг, ки маркази сиёҳчола мисдоқи такинагӣ аст, дар ҷомеъаи илмӣ муддаои нисбатан пазируфташуда аст?
— Бале. Албатта ман ҳудуди 30 сол пеш дар Кембриҷ будам. Дар он замон донишмандони зиёде нисбат ба вуҷуди сиёҳчолаҳо тардид доштанд. Алъон сиёҳчоларо қабул доранд, вале ҳеч як аз ин чизҳо собит нашуда, ки бигӯем, ин ҳарфҳо ҳарфи охир аст. Ҳамон тавр, ки худи нисбияти омм ба далели ин ҷирми торике, ки матраҳ шуда, мумкин аст тағйир кунад, натоиҷи Ҳокинг ва дигарон дар бораи сиёҳчолаҳо низ мумкин аст тағйир кунанд. Ба ҳар ҳол, Ҳокинг мегӯяд, сиёҳчола он қадр кучак мешавад, ки билохира табхир мешавад. Қаблан мегуфтанд, пас аз табхири сиёҳчола, иттилооташ маҳв мешавад, аммо Ҳокинг гуфт, пас аз табхири сиёҳчола, иттилоот ба сурати тобиш зоҳир мешавад. Ин иттилоот агар кашф мешуд, бояд ба Ҳокинг Ҷоизаи Нобел медоданд.
— Яъне ташаъшуъи иттилоот ба сурати нур хоҳад буд?
— Нур ва чизҳои дигаре мисли электрон, позитрон, нейтрон, антинейтрино ва ғайра; чизҳое, ки ҳомили энергияанд.
— Ва ин муддао собит нашуда?
— На.
— Алъон аксари ахтарфизикдонон ҳадсашон ин аст, ки иттилоот дар сиёҳчолаҳо аз байн мераванд?
— Мувофиқон ва мухолифон тақрибан ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Кайҳоншиносӣ ҷузъи улуме аст, ки аз ҷое ба баъд, ба шиддат бо адами қатъият мувоҷеҳ аст. Иллаташ ҳам ин аст: мо ба бисёре аз умур дастрасии мустақим надорем ва ҳама чизро бар асоси иттилооти нур матраҳ мекунем. Яъне аксари донистаҳои мо дар кайҳоншиносӣ, маҳсули иттилооте аст, ки 300 ҳазор сол пас аз Big Bang ба сурати нур равонаи замин шудаанд. Агар рӯзе башар битавонад ашиъаи нейтрино ё ашиъаи гирониш (гравитон)-ро кашф кунад, иттилооташ нисбат ба гузашта қавитар мешавад.
— Фармудед, Ҳокинг нуқтаи шурӯъи замонро ба суди вуҷуди Худо медонист ва кӯшид, то чунин нуқтаеро нафй кунад. Яъне ӯ дар раванди оддии таҳқиқоташ ба чунин натиҷае нарасид?
— На, Ҳокинг доиман дунболи фирор аз андешаи Худо буд. Масалан, илм мегӯяд, барои ин ки мавҷуди зишуъуре мисли инсон ба вуҷуд ояд, карбон ва фосфор ва гидроген ва ҳелий ва азот лозим аст. Кайҳоншиносӣ ба мо мегӯяд, пайдоиши чунин аносире мусталзими вуҷуди ситорагоне бо тӯли умри бисёр зиёд аст ва дохили ин ситорагон бояд фавқулъода гарм бошад, то ин аносир тавлид шаванд. Илова бар ин, илм ба мо мегӯяд, чаҳор нерӯи шинохташудаи табиат — нерӯи сиқл (центр масс), нерӯи электромагнитӣ (электромагнитное взаимодействие), нерӯи ҳастаии заъиф (слабое взаимодействие) ва нерӯи ҳастаии қавӣ (сильное взаимодействие) — агар нисбати қувваташон андаке мутафовит аз нисбати феълӣ мебуд, мавҷудоти ҳушёр дар ҷаҳон ба вуҷуд намеомаданд. Ин як асл аст ва ба он асли антропик (ё асли инсонмеҳварӣ = антропный принцип) мегӯянд. Яъне дар ҷаҳони мо қуввати чаҳор нерӯи шинохташудаи табиат нисбати хоссе доранд ва агар нисбатҳое ҷуз ин медоштанд, инсон ва соири мавҷудоти ҳушёр падид намеомаданд.
Ҳокинг ва иддае дигар аз донишмандон барои ин ки аз пазириши ин воқеият эҳтироз кунанд, гуфтанд, ба ҷойи ин ки қоил ба як ҷаҳон бошем, бениҳоят ҷаҳонро дар назар мегирем. Дар ҳар ҷаҳонӣ, нисбати хоссе байн нерӯҳо барқарор аст ва дар ҷаҳони мо, чунин нисбате байни нерӯҳо барқарор шудааст. Яъне шумо агар бениҳоят ҷаҳон дошта бошед, билохира дар яке аз ҷаҳонҳо чунин нисбате байн нерӯҳо барқарор аст ва ба табаъи он, мавҷудоти зишуъур низ падид меоянд. Аммо дар радди ин ҳадс, ҷавобҳои қобили таваҷҷӯҳе матраҳ шудааст. Масалан, гуфтаанд, ки агар бениҳоят адади фард дошта бошем, ҳеч адади завҷе дар байни ин ҳама адади фард вуҷуд надорад. Пас агар мо бениҳоят ҷаҳон дошта бошем, лузуме надорад, ки ин ҷаҳони кунунӣ ҷузъи он ҷаҳонҳои бешумор бошад. Ба илова, барои пайдоиши ҷаҳони феълӣ шароити бисёр хоссе лозим аст.
Ҳатто бархе аз физикдонони секулор дар посух ба Ҳокинг гуфтаанд, шумо бениҳоят ҷаҳонро фарз мекунед, то ин ҷаҳони феълии моро тавзеҳ диҳед, аммо агар фарзи вуҷуди Худоро ба миён оваред, тавзеҳи ин ҷаҳон осонтар мешавад.
Нақди дигаре, ки ба ин фарзи Ҳокинг ва ҳамфикронаш ворид шуда ин аст, ки ҷаҳонҳои мувозӣ бо ҷаҳони кунуниро наметавон собит кард ва ин як фарзи бисёр сангин аст. Албатта фарзи вуҷуди ҷаҳонҳои мувозӣ бо ҷаҳони кунунӣ, фикри Ҳокинг нест, вале Ҳокинг ҳам ба ҷамъи мудофеъони ин андеша пайваст.
Роҳи дигаре, ки Ҳокинг паймуд ин буд, ки гуфт, ҷаҳон аз халаъи квантумӣ ба вуҷуд омадааст. Агар шумо як майдони квантумӣ дошта бошед, он ҳолатеро, ки ин майдон камтарин энергияро дорад, халаъи квантумӣ мегӯянд. Ҳокинг гуфт, ҷаҳон аз халаъи квантумӣ ба вуҷуд омадааст. Вале ин халаъ ниёзманд як майдон аст. Пас ин суол матраҳ мешавад, ки ин майдон аз куҷо ва чӣ тавр ба вуҷуд омадааст? Инҳо суолоте аст, ки дар муқобили Ҳокинг матраҳ шуд. Физикдонон ба Ҳокинг гуфтанд: халаъи мадди назари шумо халаъи мутлақ нест. Халаъи Арасту яъне ин ки ҳеч чизе набошад, аммо вақте шумо як майдони квантумиро фарз мекунед, ин майдони квантумӣ ҳам як саре хавосс дорад, пас шумо бо як халаъи мутлақ сару кор надоред.
— Агар такинагӣ мунҳасир ба оғози олам набошад, ин воқеан ба зарари андешаи вуҷуди Худост ё тасаввур мешуд, ки ба зарари ин андеша аст?
— Фалосифаи мо ва ҳатто фалосифаи Худобовари феълии ғарб мегӯянд, ҷаҳон чӣ шурӯъи замонӣ дошта бошад ва чӣ надошта бошад, барои исботи Худо фарқе намекунад. Ибни Сино ва Суҳравардӣ ва тамоми фалосифаи исломӣ аслан мӯътақид ба шурӯъи замонӣ барои олам набуданд. Яъне вобастагии олам ба Худоро дар гарави шурӯъи замонии олам намедонистанд. Фалосифа ва физикдонҳои урупоӣ ва омрикоии Худобовар ҳам, ин мавзӯъро, ки барои Ҳокинг муҳим буд, аслан муҳим намедонанд. Масалан, барои Эллис шурӯъи замонии олам муҳим нест. Ҳатто ин ки як ҷаҳон вуҷуд дошта бошад ё чанд ҷаҳон, барои ин фалосифа ё физикдонон дар баҳс аз Худо муҳим нест.
— Вуҷуди сиёҳчолаҳо исбот шудааст?
— На, фарз шудааст, ки сиёҳчолаҳо вуҷуд доранд. Албатта иддае аз донишмандон ин падидаро исботшуда талаққӣ мекунанд. Вале ман бо вазъияти кунунии кайҳоншиносӣ, ҳеч баъид намедонам он чи ки сиёҳчола медонем, баъдан аз тариқи дигаре тавҷеҳ шавад. Масалан инбисот (расширение) ҳамроҳ бо таваррум (инфляция)-и олам ҳудуди 30-40 соле аст, ки пазируфта шудааст, вале Стейнҳардт, ки 30 сол рӯйи таварруми олам (инфляционная модель вселенной) кор карда буд ва умдаи шӯҳрати ӯ мадюни ин амр буд, ниҳоятан худаш фарзи таварруми оламро канор гузошт. Алъон ҳам теъдоде аз физикдонони тирози аввал эътиқоде ба таварруми олам надоранд. Таъаддуди ҷаҳонҳо ва таъаддуди нуқоти шурӯъи ҷаҳон аз теорияи таварруми олам меояд, аммо худи ин теория аз назари бархе кайҳоншиносони тирози аввал воқеан исботшуда нест. Масалан Пенроуз, ки шарики баъзе таҳқиқоти Ҳокинг буд, мӯътақид ба таваррум нест.
— Агар вуҷуди сиёҳчолаҳо исботшуда нест, пас нобудии сиёҳчолаҳо ҳам барои донишмандон собит нашудааст. Бинобар ин мо ҳеч иттилооте аз даруни як сиёҳчолаи муталошишуда дар ихтиёр надорем?
— Баъзе мӯътақиданд, ки иттилооте дар даст дорем, вале мумкин аст ин иттилоот баъдан аз роҳи дигаре тавҷеҳ шавад.
— Яъне мумкин аст иттилооте, ки мо аз дурдасти кайҳон дарёфт мекунем, иттилооти раҳошуда аз даруни як сиёҳчолаи муталошишуда набошад ва аз ҷойи дигаре насиби мо шуда бошад?
— Бале, дақиқан. Ландау, ки як физикдони машҳур ва атеисти русӣ буд, мӯътақид буд, ки дар кайҳоншиносӣ наметавон гуфт, ин ҳарф ҳарфи охир аст. Иллаташ ҳам ин аст, ки шумо дар кайҳоншиносӣ ба хеле чизҳо дастрасии мустақим надоред. Шумо дар илм чизҳоеро метавонед озмоиш кунед. Дар физики зарроти бунёдӣ (фундаментальная частица) гуфтанд, зарраи Ҳиггс (Бозон Хиггса) вуҷуд дорад, дар натиҷа шитобгар (суръатбахш) онро дар CERN (Созмон урупоии пажӯҳишҳои ҳастаӣ) сохтанд. Вале зарроте, ки дар ибтидои олам (пас аз такинагӣ) буданд, энергияашон ба қадре болост, ки агар мо шитобгаре ба қутри каҳкашон ҳам бисозем, наметавонем он энергияро тавлид кунем. Энергияи заррот дар ибтидои олам бисёр боло буда. Ба ҳамин далел бисёр душвор аст, ки қазияҳои марбут ба онҳоро бо қатъият баён кунем. Кайҳоншиносӣ бо бақияи ҳавзаҳои илм фарқи зиёде дорад.
— Ин андеша, ки инбисоти (васеъшавии) ҷаҳон мумкин аст мутаваққиф шавад ва ба ҷойи он раванди инқибози (тангшавии) ҷаҳон оғоз шавад, то ба як такинагии поёнӣ бирасем ва ҷаҳон ба куллӣ нобуд шавад, мутаъаллиқ ба чӣ даврае аст?
— Ин назар қабл аз Ҳокинг ҳам матраҳ буд, вале алъон дигар канор рафтааст. Ин раъй то авоили даҳаи 1990 раъйи роиҷе буд.
— Дар бораи нисбати замон ва такинагӣ тавзеҳ мефармоед? Агар ҷаҳон оғозу поёне дошта бошад, таклифи замон чӣ мешавад? Дар ин моқаблу мобаъди пайдоиши ҷаҳон, замоне дар кор набуда ва нахоҳад буд?
— Баъзе аз кайҳоншиносони барҷаста, ки бо баъзе назароти Ҳокинг ҳам мухолифанд, мегӯянд, вақте ба такинагӣ наздик мешавем, замон маънои мутаъорафашро аз даст медиҳад.
— Яъне маънои кунуниаш ба чӣ сурат дармеояд?
— Мегӯянд, маънояшро аз даст медиҳад ва маълум нест маънои замон ба чӣ сурат дармеояд; барои ин ки шумо муъодилае надоред, ки битавонед аз ӯҳдаи тавзеҳ бароед. Кайҳоншиносоне, ки мӯътадил ҳастанд ва бо эҳтиёт ҳарф мезананд, мегӯянд, инҷо дигар бояд сокит шуд; барои ин ки дастрасии мустақим ба оғози олам надорем ва иттилоотамон дар ҳадди додаҳои мавҷуд аст. Мо сад сол пеш фақат дуто нерӯ дар олам мешинохтем, аммо алъон чаҳор нерӯ мешиносем, ки пештар ба онҳо ишора кардам. Алъон иттилоотро аз тариқи нур дарёфт мекунем. Мумкин аст панҷоҳ соли дигар иттилоотро аз тариқи гирониш (гравитация) ва нейтрино дарёфт кунем. Бинобар ин мураттабан ба иттилооти мо изофа мешавад. Нуктаи асосӣ ин аст.
— Нютон ҳам гуфтааст: мумкин буд Худо мавҷуде ҷуз замон халқ накунад.
— Нютон мӯътақид буд, фазо ва замон абадианд ва Худо моддаро дар ин олам рехтааст. Яъне замон ва фазоро мафруз мегирифт.
— Вале Ҳокинг мӯътақид буд, қабл аз оғози ҷаҳон на замоне буд, на фазое на модда; ва баъд аз поёни ҷаҳон ҳам авзоъ ба ҳамин сурат хоҳад буд.
— Ин фақат ҳарфи Ҳокинг нест. Бархе аз кайҳоншиносон мегӯянд, вақте ба такинагӣ наздик мешавем, модда бо энергияи зиёд вуҷуд дорад, вале замон маънояшро аз даст медиҳад.
— Дар бораи “назарияи ҳама чиз” тавзеҳ мефармоед?
— “Назарияи ҳамачиз” (теория всего) дар даҳаи 1980 матраҳ шуд ва қарор буд ҷавоби ҳама чизро бидиҳад. Ҳокинг дар авоили диҳаи 1980 гуфт, мо то охири қарни бистум ба “назарияи ҳамачиз” мерасем. Вале дар соли 1994 Ҳокинг гуфт, ки физик ҳаргиз ба чунин назарияе намерасад. Сипас дар соли 2002 Ҳокинг дар 100-умин солгарди таваллуди Дирак дар Кембриҷ, дар ҳоле, ки курсии Нютонро дар Донишгоҳи Кембриҷ дар ихтиёр дошт, гуфт, қазияи Гёдел (Теоремы Гёделя) дар мантиқи риёзӣ собит мекунад, ки на риёзиёт интиҳо дорад, на физик; бинобар ин мо ҳаргиз ба “назарияи ҳамачиз” наметавонем бирасем. Аммо дар сол 2010 Ҳокинг гуфт, ки назарияи «M», ки дар теорияи ресмон (теория струн) матраҳ шуда, ҳамон “назарияи ҳамачиз” аст.
Вале дар соли 2014 дар мусоҳибае гуфт: “Барои даҳаҳо мо кӯшидаем, ки ба як назарияи ниҳоии ҳамачиз бирасем; маҷмӯае комил ва созгор аз қонунҳое, ки ҳамаи ҷанбаҳои воқеиятро тавзеҳ медиҳад. Акнун ба назар мерасад, ки ин ҷустуҷӯ мумкин аст ба як назарияи воҳид мунтаҳӣ нашавад, балки ба хонаводае аз назарияҳои муртабит мунтаҳӣ шавад, ки ҳар як қироати худ аз воқеиятро ироа медиҳанд. Мумкин аст мо маҷбур шавем барои тавсифи ҷаҳон назарияҳои мухталиферо барои тавсифи вазъиятҳои мутафовит ба кор бибарем. Ҳар назария қироати худаш аз воқеиятро дорад, аммо ин танаввӯъ қобили қабул аст ва ҳеч кадом аз қироатҳоро наметавон воқеитар аз дигарӣ донист.” Бад-ин тартиб, Ҳокинг “назарияи ҳамачиз”-ро ба куллӣ канор мегузорад.
— Ва навъе плюрализмро мепазирад.
— Бале.
— Оё маҳдудаи ин плюрализмро мушаххас карда?
— На. Дар баҳс аз Ҳокинг беш аз ин ки бар рӯйи назари ӯ дар бораи Худо мутамаркиз шавем, бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард, ки Ҳокинг мегӯяд: “Ман як позитивист ҳастам. Барои як позитивист ин ки дар олами воқеъ чӣ мегузарад матраҳ нест. Мо фақат бояд назарияҳое дошта бошем, ки натоиҷи таҷрибиро ба мо бидиҳад.” Ҳокинг аз аввал чунин мабное дар зеҳнаш буд. Ӯ сареҳан мегӯяд, ки як позитивист аст. Ҳокинг ҷамлаи ҷолиби дигаре ҳам дорад, ки байни худаш ва Роҷер Пенроуз қазоват мекунад. Ҳокинг ва Пенроуз бо ҳам як китоб навиштанд, ки китоби бисёр хубе аст.
Ҳокинг мегӯяд: “Ман ва Роҷер як фарқ бо ҳам дорем. Пенроуз як афлотунии тамомаёр аст ва ман як позитивисти тамомаёрам.” Аммо Пенроуз мегӯяд: “Ҳокинг як позитивист аст, ки фақат ба додаҳои таҷрибӣ нигоҳ мекунад ва коре надорад, ки воқеъи қазияҳо чист, вале ман як реалист ҳастам ва бароям муҳим аст, ки бифаҳмам дар олам чӣ мегузарад.” Яъне Ҳокинг фақат мунтазир буд теорияаш бо натоиҷи таҷрибӣ мутобиқат дошта бошад, аммо барои Пенроуз сирфи ин мутобиқат кифоят намекунад, балки ӯ мехоҳад бифаҳмад дар олам воқеан чӣ хабар аст.
— Магар таҷриба роҳи дарки воқеият нест?
— Инҷо як нуктаи муҳим вуҷуд дорад. Эйнштейн ин нуктаро гуфта буд ва имрӯза бисёре аз фалосифаи илм рӯйи ин нукта иттифоқи назар доранд, ки маҷмӯае аз таҷориб ҳамвора мунтаҳӣ ба як назарияи қатъӣ намешавад. Яъне шумо дар они воҳид метавонед чанд назария дошта бошед, ки ҳамаи онҳо ин таҷорибро тавзеҳ диҳанд. Масалан, алъон мо дуто назарияи квантум дорем: назарияи квантуми де Бройл-Бома (Теория де Бройля-Бома) ва назарияи квантуми копенгагенӣ (Копенгагенская интерпретация). Ҳар дуи инҳо ҳамаи тамоми таҷориби феълии моро тавзеҳ медиҳанд. Пас фарқашон дар чист? Фарқашон дар ин аст, ки Бройл-Бома иллиятро қабул дорад, вале Ҳейзенберг мегӯяд, дар дунёи атомӣ шонс ҳоким аст. Пас таҷриба барои қатъӣ шудани як назария кофӣ нест.
— Чатри плюрализми Ҳокинг сирфан болои сари табйинҳои илмии олам буд ё ин ки табйинҳои динии оламро ҳам метавонад дарбар гирад?
— Ӯ аслан коре ба табйини динӣ надорад. Плюрализми вай дар маҳдудаи илм аст. Ҳокинг мегӯяд: “Мушкил аст оғози ҷаҳонро мавриди баҳс қарор диҳем бидуни ин ки андешаи Худоро зикр кунем. Кори ман дар мавриди мабдаъи ҷаҳон рӯйи марз байни илм ва дин қарор дорад, аммо ман саъй мекунам, ки дар тарафи илмии марз биистам. Комилан мумкин аст, ки Худованд ба роҳҳое амал кунад, ки қобили тавсиф ба василаи қонунҳои илмӣ набошад. Аммо дар он ҳолат фард бояд дунболи эътиқоди шахсиаш биравад.” Ин ҷумла дар яке аз мусоҳибаҳои Ҳокинг дар соли 1989 омадааст.
— Дар он давра Ҳокинг ҳанӯз мисли авохири умраш қотеъона Худонобовар нашуда буд.
— Ҳокинг дар ҳамон замон китоби “Таърихчаи мухтасари замон”-ро навишта буд. Дар ин китоб ошкоро маълум аст, ки Ҳокинг Худонобовар аст.
— Вале дар чанд соли охири умр тасреҳаш нисбат ба Худонобоварӣ, бисёр бештар буд.
— Бале, вале дар ҳамон китоб ҳам мегӯяд, чӣ ниёзе ба Худо ҳаст? Дараҷаи сароҳаташ баъдан бештар шуд, вале китоби “Таърихчаи мухтасари замон” ҳам дод мезанад, ки қазия чист!
— Пас аз марги Ҳокинг, як руҳонӣ навишт: баҳси квантум ва матолиби Ҳокинг сар то сар бепоя аст.
— Ин ҷумла дақиқ нест ва ношӣ аз нуқсони иттилооти нависанда аст. Албатта назарияи квантум алъон ишкол дорад. Донишмандоне, ки худашон дар сатҳи илмии Ҳокинг қарор доранд, дар нақди Ҳокинг мегуфтанд, ки ҳамаи истидлолҳои вай ба назарияи квантум муттакӣ аст, вале худи назарияи квантум ишколоти асосӣ дорад. Вайнберг дар соли 2015 дар китобаш сареҳан навишт, ки бояд назарияи квантумро канор бигузорем ва ба суроғи назарияи дигаре биравем. Вайнберг барои дифоъ аз Худо чунин ҳарферо назд.
— Чун дар сатҳи зарроти зериатомӣ қонунҳои физик ҷорӣ нест, физикдонҳо ибтидо бо назарияи квантум мушкил доштанд, вале ба тадриҷ онро пазируфтанд. Алъон дубора бо ин назария мушкил пайдо кардаанд?
— Алъон бисёре аз физикдонон мегӯянд, бояд назарияе ҷомеътар аз назарияи квантум биёяд.
— Далелаш ин аст, ки дар назарияи квантумӣ “иллият” ва “мантиқ” ҷойе надоранд?
— Фақат иллият нест. Албатта иллият ба фаҳми хеле чизҳо кӯмак мекунад. Вале масалан дар мавриди масъалаи мавсум ба “муъзали андозагирӣ” (проблема измерения), байни физикдонон ҳеч иттифоқи назаре вуҷуд надорад.
— Яъне назарияи квантум қодир ба эҷоди иҷмоъ нест?
— Дар мавриди ҳамаи масоил на.
— Чаро? Чун дар назарияи квантум “тасодуф” нақши муҳимме дорад?
— Иллаташ фақат “тасодуф” нест. Фейнман, физикдони омрикоӣ, гуфтааст, меконики квантумӣ сиёҳтарин ҷаъбаи сиёҳ аст. Мо намедонем дар он чӣ мегузарад. Вурудиро медонем ва хуруҷиро ҳам метавонем ба сурати мӯҳтамал ҳисоб кунем. Яъне медонем бо ин вурудӣ эҳтимоли фалон хуруҷӣ чӣ қадр аст, аммо ин ки дар ин миён чӣ мегузарад, суоле аст, ки ҷавобашро намедонем. Ин ки электрон дар атом масир дорад ё на, посухаш номаълум нест. Бархе аслан мункири масири электрон ва то ҳадде ҳам мункири макони электрон, то қабл аз андозагирии макон он, ҳастанд.
Квантум ишколоти асосӣ дорад. Вайнберг гуфт, дар бораи “муъзали андозагирӣ” иттифоқи назар вуҷуд надорад; бинобар ин бояд квантумро канор бигузорем. Ӯ ҳамчунин ишколоти дигари квантумро ҳам баршумурдааст. Мушкил фақат фуқдони иллият нест; мушкилоти дигаре ҳам вуҷуд дорад. Таъбири квантум идеалистӣ аст ва аслан реалистӣ нест. Ба ҳамин далел русҳо то 1960 иҷоза надоданд таъбири роиҷи квантум вориди Русия шавад; чун медиданд, ки дар дунёи квантум буъди моддӣ матраҳ нест.
— Фармудед, ин нақд ба Ҳокинг ворид шуда, ки амиқан ба назарияи квантум такя карда буд. Дар бораи ин иттико тавзеҳ медиҳед?
— Ҳокинг ба суроғи халаъи квантумӣ (вакуум квантовой теории поля) рафт ва ин халаъ ба назари ман яке аз муаммоҳои назарияи майдони квантумӣ аст. Назарияи майдони квантумӣ аввал аз майдони электромагнитӣ (магнитное поле) шурӯъ шуд, баъд таъмим доданд ва гуфтанд, электрон ҳам як майдон аст ва протон ҳам як майдон аст ва ғайра, инҳо воҷиди ҳолатҳое аз энергияанд. Аз камтарин ҳолат гирифта то ҳолатҳои болотар. Ба ҳолати поя мегӯянд халаъ. Вале ин халаъ нишон додааст, ки як мавҷуди тухолӣ нест. Озмоишҳое осори ин халаъро нишон додаанд. Пас дар халаъ чист? Мегӯянд зарроти маҷозӣ (виртуальная частица). Аммо баҳси зарроти маҷозӣ куллан масъаладор ва зоидаи назарияи “ихтилол” аст. Дар ҳоле, ки табиат ихтилолӣ амал намекунад, балки дарбаст амал мекунад. Бинобар ин назарияи квантум мушкил дорад, вале Ҳокинг куллан ба квантум такя кард.
Як нуктаи дигарро ҳам бояд изофа кунам. Мо дар қарни бистум ду теорияи муҳим доштем: назарияи квантум ва назарияи нисбияти омм. Иддае мехостанд ин ду назарияро яке кунанд, вале натавонистанд. Мунтақидин мегӯянд, вақте назарияи квантум худаш ишкол дорад, чӣ тавр мехоҳед онро бо чизи дигаре таркиб кунед? Мо алъон воқеан дар остонаи чанд инқилоби илмӣ қарор дорем. Инқилоб дар кайҳоншиносӣ, инқилоб дар квантум ва ғайра. Вайнберг сареҳан мегӯяд, мумкин аст назарияи ҷадиди квантумро як донишҷӯи фавқилисонс пайдо кунад. Барои ин ки донишмандон ва устодон ба омӯзаҳои роиҷ одат кардаанд, вале донишҷӯи фавқилисонс дунболи ҳалли як масъалаи ҷадид аст.
— Ҳокинг мегуфт, сиёҳчолаҳои кучаке, ки пас аз инфиҷори бузург ба вуҷуд омаданд, ба иллати ҷирм ва гирониши зиёдашон аз қонунҳои нисбият табаъият мекунанд, вале абъоди ночизи онҳо эҷоб мекунад, ки аз қонунҳои меконики квантумӣ табаъият кунанд. Ин рӯйкард мисдоқи таркиби назарияи квантум ва нисбият аст?
— Бале. Ҳокинг гуфт, агар ҷараён инбисоти ҷаҳонро бигирем ва ҷилав биравем, вақте ки ба ҷаҳони аввалия мерасем, ки бисёр кучак аст, пойи квантум ҳам ба миён меояд ва квантум нуқтаи такинагиро аз байн мебарад. Муддати зиёде аз вақти Ҳокинг сарфи мутолеаи ин мавзӯъ шуд, ки осори квантумӣ он такинагиро аз байн мебаранд. Вале чун Ҳокинг ва ҳамкорон ва ҳамфикронаш натавонистанд назарияе муваффақ аз таркиби квантум ва гирониш бисозанд, ин талоши онҳо ба ҷойе нарасид. Ҳамаи умеди Ҳокинг барои муддате ин буд, ки талфиқи квантум ва гирониш мӯҷиби ҳазфи такинагиҳо шавад, вале ин талоши илмӣ ба ҷойе нарасид, яъне чунин талфиқе муяссар нашуд.
— Ба назари шумо, башар метавонад умедвор бошад, ки ба “назарияи ҳамачиз” бирасад?
— На. Ва физикдонҳо, ба иллати қазияи Гёдел (Теоремы Гёделя) ин нотавониро пазируфтаанд. Ҳар системе усуле дорад. Масалан ҳандаса ва меконик ва ҳар системи дигаре бо чанд асл шурӯъ мешавад. Ҳол тибқи қазияи Гёдел, агар назарияе бо як саре усул дошта бошед, ки усули ҳисоб (ҷамъу тафриқ ва зарбу тақсим) ҳам ҷузъи он бошад, ҳамвора метавонед дар ин назария чизҳое пайдо кунед, ки наметавон гуфт, онҳо дурустанд ё ғалат. Бинобар ин наметавон ба “назарияи ҳамачиз” расид, чун наметавон таклифи ҳамачизро равшан кард.
— “Назарияи ҳамачиз” эҳтимолан дар ихтиёри Худост.
— Бале. Ин нотавонӣ, ба истилоҳ, ба “мо” бармегардад. Алъон дар физик ин нукта матраҳ аст, ки мо наметавонем аломати фавқи нурӣ бифиристем, вале дар табиат чунин иттифоқе меафтад. Ин аз муаммоҳои квантуми феълӣ аст. Мо наметавонем, вале дар табиат интиқоли иттилоот бо суръати фавқи нур сурат мегирад.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоно аз забони Вилём Читик
Изҳороти ПМТ дар робита ба боздоштҳои ахири хонаводаҳои мухолифин

Матолиби пурбоздид