Ансоруллоҳ: Омрико ва Англис дигар набояд аз Бобулмандиб убур кунанд

Ансоруллоҳ: Омрико ва Англис дигар набояд аз Бобулмандиб убур кунанд

Ахбори байналмилал

Alalam

Ҷунбиши Ансоруллоҳ пас аз ҳамлаи соатҳои пеши Яман ба як киштии Омрико дар баҳри Сурх, ҳушдор дод, ки нерӯҳои омрикоӣ ва ангилисӣ дигар наметавонанд аз Бобулмандиб убур кунанд.

Ба гузориши Алъолам, Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ, ҳамчунин таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ҳоли омодасозии тавоноиҳои мушакии худ ҳастанд ва ба зудӣ ғофилгириҳое рух хоҳад дод.

Ал-Бухайтӣ бо ишора ба ин ки нерӯҳои омрикоӣ ва ангилисӣ дигар наметавонанд аз Бобулмандиб убур кунанд, гуфт: “Мо вориди марҳалаи ҷадиде шудаем ва Меҳвари Муқовамат, зимоми умурро дар минтақа ба даст гирифтааст. Омрико ҳам аз ҳамла ба Яман пушаймон хоҳад шуд ва бозанда хоҳад буд.”

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, шомгоҳ дирӯз (душанбе, 15 январ) хабар дод, ки нерӯҳои ин кишвар, дар ҷараёни як амалиёти низомӣ, як киштии мутаъаллиқ ба Омрикоро дар халиҷи Адан ҳадаф қарор додаанд.

Яҳё Сареъ ҳамчунин гуфт: “Ин амалиёт бо чанд мушаки дарёӣ сурат гирифт ва ба сурати мустақим ва дақиқ, ба ҳадаф исобат кард.”

Ал-Бухайтӣ бо ишора ба ин ки Яман қодир ба муқобила бо Омрикост ва қоъидаҳои қувоъд даргириро таъйин мекунад, тасреҳ кард: “Дар амалиёти қаблии нерӯҳои мо, як киштии ҷангии Омрико осеб дид ва Омрико ҳам эътироф кард, ки ду нафар аз нерӯҳояш нопадид шудаанд.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идома ҳушдор дод: “Тамоми киштиҳои ҷангии Омрико ва Ангилисро, ки дар ҳамла ба кишварамон мушорикат доштаанд, аҳдоф мутахосиме медонем, ки дар бонки аҳдофи нерӯҳои мо қарор доранд.”

Сареъ ҳамчунин таъкид кард, ки посух ба ҳамалоти Омрико ва Ангилис, яқинан дар роҳ аст ва ҳар гуна ҳамлаи ҷадид, бидуни посух ва муҷозот боқӣ нахоҳад монд.

Шабакаи хабарии Алҷазира соатҳое пеш ба нақл аз як манбаъи низомии Яман гузориш дод, ки нерӯҳои Ансоруллоҳ як киштиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор доданд, ки озими Исроил буд.

Ин манбаъ гуфт, ки хадамаи киштӣ таваҷҷӯҳе ба ҳушдорҳои нерӯҳои Яман надоштанд ва ба ҳамин далел ин киштӣ ҳадаф қарор гирифт.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакии Сипоҳи Эрон ба мақарри ҷосусии Исроил дар Ироқ
Баёнияи Сипосҳи Посдорони Эрон дар хусуси ҳамла ба Курдистони Ироқ ва Идлиби Сурия

Матолиби пурбоздид