Ансоруллоҳи Яман: “Дар ҳамлае дақиқ ва мустақим як киштии исроилиро ҳадаф қарор додем”

Ансоруллоҳи Яман: “Дар ҳамлае дақиқ ва мустақим як киштии исроилиро ҳадаф қарор додем”

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳадаф қарор додани “дақиқ ва мустақим”-и як киштии саҳюнистӣ бо истифода аз мушакҳои дарёӣ дар тозатарин амалиёти нерӯҳои ин кишвар хабар дод.

Ба гузориш шабакаи Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар ин бора эълом кард: “Нерӯи дарёии кишварамон як амалиёти низомӣ дар ҷануби шарқи Адан анҷом доданд, ки дар он киштии исроилии MSC SKY ҳадаф қарор гирифт.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: “Нерӯи дарёии артиш бо истифода аз мушакҳои дарёии муносиб, ин киштиро дар халиҷи Адан ҳадаф қарор дод ва ба лутфи Худо ин ҳамла дақиқ ва мустақим буд.”

Вай ҳамчунин эълом кард: “Ин ҳамла соатҳое пас аз анҷоми як амалиёти мунҳасир ба фард бо истифода аз теъдоде мушаки болистик ва паҳподӣ ба чанд киштии ҷангии омрикоӣ дар баҳри Сурх сурат гирифт.”

Яҳё Сареъ идома дод, ки амалиёти мунҳасир ба фарди мо алайҳи аҳдофи мутахосими омрикоӣ ва ангилисӣ дар баҳрҳои Сурх ва Араб дар чорчӯби “ҳаққи машрӯъи посух ба таҷовуз алайҳи Яман” ва ҳаққи мо барои дифоъ аз Яман ва миллати он идома дорад.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард: “Мо бар идомаи амалиёти дарёии худ алайҳи киштиҳои исроилӣ ё киштиҳои озими бандарҳои Фаластини ишғолӣ, то поёни таҷовуз ба Ғазза ва рафъи муҳосира таъкид мекунем.”

Ин изҳорот пас аз он баён шуд, ки Созмони амалиёти тиҷорати дарёии Ангилис низ эълом кард, гузорише мабнӣ бар вуқӯъи як ҳодисаи амниятӣ дар ҷануби шарқии Адан дарёфт кардааст.

Reuters низ ба нақл аз Ambri гузориш дод: “Як киштии исроилӣ бо парчами Либериё дар Адан ҳадаф қарор гирифт.”

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар посух ба таҷовузот ба ин кишвар тайи ҳафтаҳои ахир чандин киштии омрикоӣ ва ангилисиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандиб ҳадафи ҳамалоти худ қарор додаанд.

Муҳаммадалӣ Ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман, имрӯз тайи паёме дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт: “Гузинаҳо дар дасти баррасӣ аст ва барои ҳимоят аз мазлумони Ғазза, ғофилгириҳо дар роҳ аст.”

Нерӯҳои артиши Яман мутаъаҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳанд дод.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори муовини аввали вазири хориҷа бо сафири Амрико
Ҳизбуллоҳ: “Ба ҳамалоти Исроил посух медиҳем”

Матолиби пурбоздид