Ансоруллоҳи Яман: “Ҳадаф қарори додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх идома хоҳад дошт”

Ансоруллоҳи Яман: “Ҳадаф қарори додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх идома хоҳад дошт”

Ахбори байналмилал

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Таҷовуз ба Яман, мавозеъи моро дар ҳимоят аз миллати Фаластин тағйир нахоҳад дод ва ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх ҳамчунон идома хоҳад дошт.” Вай таъкид кард: “Мутаҷовизони омрикоӣ ва ангилисӣ аз таҳаввулоти таҷовузи 9 сола ба Яман ибрат нагирифтанд. Омрикоиҳо бояд яқин дошта бошанд, таҷовуз ба Яман тавони низомии моро афзоиш хоҳад дод. Мо Худовандро ба иллати фароҳам кардани заминаи тақобули мустақим бо Омрико, Исроил ва Ангилис шокирем, чаро ки онҳо манбаъи шарр ва фасод дар замин ҳастанд.”

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алъолам, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, зимни суханронӣ дар бораи тозатарин таҳаввулоти кишвараш ва минтақа гуфт: “Режими саҳюнистӣ дар таҳаққуқи аҳдофаш ноком монд, аммо ҳамчунон ба рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ ва шаҳид кардани онон ва захмӣ кардани ҳазорон нафар идома медиҳад. Омрико ҳамдасти ҷиноёти режими саҳюнистӣ аст ва ҳамаи анвоъи ҳимояти низомӣ ва сиёсӣ аз ин режим дар куштор ва ҳадаф қарор додани фаластиниён анҷом додааст. Маслиҳати уммати исломӣ ин аст, ки аз мардуми Фаластин дар муқобила бо душмани муштарак, ки душмани ҳама мусалмонон аст ҳимоят кунанд. Омрико талош мекунад ҷаҳони исломро дар хусуси ҳар гуна кӯмаки низомӣ ба миллати Фаластин таҳдид кунад ва бисёре аз бими ин таҳдид, ба миллати Фаластин кӯмак накарданд. Омрико талош кардааст, ҳамаи ҳимоятҳо ва кӯмакҳоро ба режими саҳюнистӣ мутамаркиз кунад, ба хусус кишварҳое, ки аз Омрико итоат мекунанд монанди бисёре аз кишварҳои урупоӣ, ки ба дастуроти Омрико гӯш медиҳанд.”

Таърихи Омрико ва Англис пур аз қатли ом ва куштор аст

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ афзуд: “Рӯйкарди муҷримона ва ғайриахлоқии Омрико ва Ангилис дар қиболи миллатҳои минтақа бавежа Фаластин ва Яман, мавзӯъи шигифтангезе нест, чаро ки таърихи ин ду кишвар мамлув аз куштор ва қатли омми бумиҳои Омрикост.”

Вай идома дод: “Бойден ахиран тайи суханонӣ худро як саҳюнист муаррифӣ кард ва Блинкен, вазири хориҷаи ӯ низ гуфт, ба Фаластини ишғолӣ сафар кардааст, то ҳимояти худро аз саҳюнистҳо эълом кунад.”

Бадруддин тасреҳ кард: “Шумори зиёде аз сарон ва мақомоти Омрико бо саҳюнистҳо дар иртибот ҳастанд, ҳатто агар ин масъала ба зиёни миллати худашон бошад. Аъзои ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демукрот дар Омрико барои эъломи ҳимояти бештар аз саҳюнистҳо, бо якдигар рақобат мекунанд.”

Ҷаҳони наззорагари мазлумияти Фаластин аст

Раҳбари Ансоруллоҳ гуфт: “Режими муҷрим ва ишғолгари саҳюнистӣ дар 104 рӯзи гузашта ҳудуди ду ҳазор куштор ва ҷинояти ҷамъӣ ва алайҳи фаластиниҳо дар навори Ғазза муртакиб шудааст. Ҷаҳон наззорагари мазлумияти миллати Фаластин аст ва ба он эътироф кардааст. Ҳамаи тарафҳое, ки худро ба унвони бозигар дар масъалаи Фаластин муаррифӣ мекунанд, дар қиболи таҳаввулоти Ғазза фақат нақши тамошогар доранд. Бархе кишварҳои исломӣ дар бораи масъалаи Фаластин кӯтоҳӣ мекунанд.”

Вай идома дод: “Ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин, таҷовузи ошкор, тахриби фарогир ва зери по гузоштани тамоми қавонин ва мавозини байналмилалӣ аст. Мавзеъи Омрико ва Ангилис дар қиболи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин, дар муқоиса бо мавзеъи ҳамаи умматҳо, кишварҳо ва миллатҳо мавзеъи истисноӣ аст.”

Бадруддин таъкид кард: “Созмони Милал, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳодияи Араб фақат ба судури баёния дар бораи таҳаввулоти Фаластин иктифо мекунанд, вале маҳкум кардани маҳз, дар сатҳи масъулияти ин тарафҳо ва мазлумияти миллати Фаластин нест.”

Размандагони муқовамати Фаластин ҳамчунон диловарона истодаанд

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ дар идома афзуд: “Душманон аз дуртарин сарзаминҳо ба кишварҳои исломии мо меоянд, то ишғолгарии режими саҳюнистиро дар Фаластин тазмин кунанд.”

Вай тасреҳ кард: “Мо бояд дар бораи вазоифи худ дар қиболи масоили одилонаи ҷаҳони ислом дар муқобили душманоне, ки аз масофатҳои дур барои ҳимоят аз саҳюнистҳо ба минтақа омадаанд, огоҳ бошем ва аз худ суол бипурсем. Аз дидгоҳи омрикоиҳо ва урупоиҳо, мушкилот ва мусибатҳои миллати Фаластин тайи даҳаҳои гузашта дар ҳадде нест, ки ҳаққи онҳоро барои дифоъ аз худ ва сарзаминашон тазмин кунад. Беш аз 100 рӯз аз таҷовузи режими ишғолгар ба навори Ғазза гузаштааст ва муҷоҳидони фаластинӣ бо тамоми диловарӣ ва истиқомат барои муқобила бо мошини ҷангии вайронгар ва нобудкунанда Исроил истодаанд.”

Дабири кулли Ансоруллоҳ хотирнишон кард: “Ғарб ҳеч дағдағае ҷуз қарор додани гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва муҷоҳидон дар саффи теруризм надорад, вале ин иқдомоти Ғарб ҷуз ба муқовамати бештари размандагон дар муқобили мутаҷовизон мунҷар нахоҳад шуд. Муҷоҳидони қаҳрамони Фаластин дар қиболи кӯдакон ва занон ва ҳуқуқи машрӯъи худ, ҳаққ ва таъаҳҳудоте доранд.”

Режими саҳюнистӣ барои ҳамаи уммати исломӣ хатарнок аст

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ гуфт: “Муборизони қаҳрамон дар Фаластин ҳуқуқе доранд ва онон бояд дар қиболи кӯдаконашон ва занонашон ва ҳуқуқи машрӯъ ва қонуниашон мутаъаҳҳид бошанд. Миллати Фаластин ҳаққи машрӯъ ва мавзӯе одилона, таъаҳҳуди инсонӣ ва ахлоқӣ барои дифоъ аз худ ва муқобила бо душман дорад. Омрико тасмим гирифт, ки аз Исроил ҳимоят ва фаластиниёнро ба хотири ҷиҳод барои таҳаққуқи як мавзӯъи одилона таҳқир кунад. Омрико ва Ангилис аз миллати Фаластин мехоҳанд, дастбаста таслим ва мутеъ боқӣ бимонанд. Замоне, ки озодагони уммати исломӣ дар Лубнон, Ироқ ва Яман ҳаракат мекунанд, онон бо тавассул ва истинод ба ҳақиқат ва мазлумияти ошкоре иқдом мекунанд. Вақте омрикоиҳо мӯътақиданд, ки бояд аз масофат ва фосилаи 9 ҳазор километрӣ ба минтақаи мо биёянд, пас чӣ гуна мо ҳаққи ҳимоят ва дифоъ аз миллати Фаластинро надорем, дар ҳоле, ки бахше аз мост. Саҳюнистҳо на танҳо барои миллати Фаластин, балки барои ҳамаи уммати исломӣ хатарнок мебошанд.”

Мардуми Яман дар гуфтор ва амал аз миллати Фаластин ҳимоят карданд

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ гуфт: “Уммати исломӣ имрӯз ё бояд ба Омрико ва саҳюнизм мутаъаҳҳид бошад ё ба масоили уммати ислом ва таҳарруки мардуми Яман бар асоси ин мантиқ аст. Мо бояд ҷиҳод кунем ва ногузир аз ҷиҳод ҳастем ва бояд мавзеъе иттихоз кунем. Ямани имон ва ҳикмат агар ҳеч ҳаракате намекард, ҳар ойина нақшашро дар барафроштани парчами ҷиҳод дар роҳи Худо ва дар рӯйкарди имониаш инкор ва пинҳон карда буд. Миллати Яман бо гуфтор ва амал аз миллати мазлуми Фаластин ва муборизони қаҳрамонаш ҳимоят кард ва дар канори онон истод. Мавзеъи низомии Яман дар қиболи мардуми Яман низ як мавзеъи нашъатгирифта аз мантиқи имон аст ва Омрико бояд дарк кунад манзури мо аз вобастагии имонӣ ва эътиқодӣ чист ва мавзеъи имонӣ ва эътиқодии мо ин аст, ки ба хотири он зинда мешавем ва ба хотири он мемирем. Мо дар чорчӯби мавзеъи эътиқодиамон омодагӣ дорем, ки дар роҳи Худо шаҳид шавем. Миллати мо бар асоси рӯйкарди имонӣ ва эътиқодӣ, ки дорад, алайҳи душманони Худо ба таври муассир ва пӯё бапо хост ва миллиардҳо доллар хасорат ва зиён бар онон таҳмил кард.”

Ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх идома хоҳад дошт

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ гуфт: мо омодаем дар чорчӯби мавзеъи имонии худ, дар роҳи Худо ба шаҳодат бирасем. Мардуми Яман бо истинод ба мантиқи имонии худ ба сурати муассир алайҳи душманони Худо қиём карданд ва миллиардҳо доллар ба онҳо хсорат заданд. Таҷовуз ба Яман, мавозеъи моро дар ҳимоят аз миллати Фаластин тағйир нахоҳад дод ва ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх ҳамчунон идома хоҳад дошт.”

Вай тасреҳ кард: “Мутаҷовизони омрикоӣ ва ангилисӣ аз таҳаввулоти таҷовузи 9 сола ба Яман ибрат нагирифтанд. Омрикоиҳо бояд яқин дошта бошанд, таҷовуз ба Яман тавони низомии моро афзоиш хоҳад дод. Мо Худовандро ба иллати фароҳам кардани заминаи тақобули мустақим бо Омрико, Исроил ва Ангилис шокирем, чаро ки онҳо манбаъи шарр ва фасод дар замин ҳастанд.”

Бадруддин афзуд: “Мо бо истинод ба ҳимояти худ аз миллати Фаластин, ки дар маърази анвоъи ҷиноятҳо қарор гирифтааст, ба ҳаракат даромадаем. Мо бо огоҳӣ ва шиори “Аллоҳу Акбар” ҳаракат мекунем ва ба ваъдаҳои илоҳӣ, ки дар Қуръони Карим борҳо такрор шудааст, имон ва эътимод дорем.”

Дабири кулли Ансоруллоҳ таъкид кард: “Мо ҳаросе аз таҷовузоти ахири Омрико надорем ва ин таҷовузот ҳеч таъсире бар мо надорад ва моро нигарон намекунад. Миллати Яман дар мувоҷеҳа бо ашрор, тоғутиён, ситамкорон ва фосидони рӯйи замин, ба пирӯзӣ ва ёрӣ аз ҷониби Худованд чашм дӯхтааст.”

Вай хотирнишон кард: “Омрико, ки аз режими муҷрими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад ва ба лиҳози ахлоқӣ дучори варшикастагӣ шудааст ва қонуни ҳамҷинсгароёнро тасвиб кардааст, иқдом ба феҳристбандии дигарон дар саффи теруризм мекунад. Таҷовузоти Омрико ва феҳристбандиҳои он ҳеч аҳаммияте барои мо надорад. Мо ба унвони мардуми Яман ба ҳимоят ва пуштибонии худ аз миллати Фаластин ва фишор бо тамоми абзорҳо барои лағви муҳосира алайҳи мардуми Ғазза идома хоҳем дод.”

Омрико ва Англисро дар листи теруристӣ қарор медиҳем

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ гуфт: “Мо ба ҳадаф қарор додани киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ ва ҳамла ба Фаластини ишғолӣ то замони поёни ҷанг алайҳи навори Ғазза ва лағви муҳосираи ин минтақа идома хоҳем дод. Ин ҳаққи мардуми Ғазза аст, ки муҳосираи таҳмилӣ алайҳи онон поён ёбад ва маводди ғизоӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ барои онон вориди Ғазза шавад. Ин ҳаққи сокинони Ғазза аст, ки илова бар гузаргоҳи марзӣ бо Миср, як оброҳа барои тараддуд дошта бошанд. Мо бо таҷовузгариҳои Омрико ва Ангилис, ки дар ҳимоят аз Исроил сурат мегирад ва ҳадаф аз он идомаи ҷиноёти ин режим дар ҳаққи мардуми Фаластин аст муқобила хоҳем кард. Кишвари мо ба зудӣ Омрико ва Ангилисро дар феҳристи кишварҳои ҳомии теруризми саҳюнистӣ қарор медиҳад. Мо бори дигар аз кишварҳо мехоҳем муроқиб бошанд ва ҳушдор медиҳем, ки бо Омрико ва Ангилис дар заминаи таҷовуз ба кишвари Яман ва ҷанг алайҳи навори Ғазза ҳамроҳ нашаванд. Омрико талош мекунад соири кишварҳоро низ бо худ дар таҷовуз алайҳи миллати Фаластин ба таври мустақим шарик ва саҳим кунад. Мавзеъи дарёӣ таъсири бисёр зиёде доштааст ва ин чизе аст, ки мо мехоҳем ва барои муҳаққақ шудани он талош мекунем. Омрико ва Ангилис ба ҳамроҳи режими саҳюнистӣ ҳокимият ва истиқлол ва тамомияти арзии кишвари моро нақз карданд ва худро вориди ҷанг бо Яман карданд.”

Демукротҳо ва ҷумҳурихоҳони Омрико барои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ бо якдигар рақобат мекунанд

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ гуфт: “Аъзои ду ҳизби демукрот ва ҷумҳурихоҳ дар Омрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Омрико дар ҷиноёти рӯзонаи саҳюнистҳо шарик аст ва ба таври ошкор барои идомаи ин ҷиноёт кӯмак мекунад ва дар он мушорикат дорад ва бар он назорат ва аз он ҳимоят мекунад. Тааҳҳудоти Омрико ба суди саҳюнистҳои яҳуд фаротар аз ҳар эътиборе аст ва ҳамаи эътиборҳои дигарро канор мегузорад. Мо ба унвони уммати исломӣ ва мусалмонони ҷаҳон бояд ин суолро матраҳ кунем, ки чӣ гуна бояд ба унвони як уммати мавриди ҳадаф дар муқобили иқдомоти душманони золим ва саркаш таъомул ва бо он бархӯрд кунем. Душманон аз дуртарин нуқтаи ҷаҳон ба минтақа ва сарзамини исломии мо меоянд, то тазмин кунанд, ки саҳюнистҳо метавонанд Фаластинро ишғол кунанд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил барои ҳамаи уммати исломӣ хатарнок аст
Занон дар биҳишт

Матолиби пурбоздид