Арзиши илм дар каломи нуронии Паёмбари Акрам(с)
Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:
“Боарзиштарини мардум, олимтарини онҳост ва камарзиштарини мардум, нодонтарини онҳост”.
“Дониш саромади ҳар гуна хайре аст”.
“Худованди азза ва ҷалла мефармояд: Гуфтугӯи илми дар миёни бандагонам, дилҳои мурдаро ҳаёт мебахшад, онгоҳ ки дар он ба амри ман бирасанд”.
“Дониш дастёри некӯе барои имон аст”.
“Дониш мояи ҳаёти Ислом ва сутуни имон аст”.
“Боимонтарини шумо олимтарини шумост”.
“Ҳар кас бедониш даст ба коре бизанад, беш аз он ки ислоҳ кунад, табоҳ мекунад”.
Қаламонлайн