Артиши Яман: “Киштии омрикоиро ҳадаф қарор додем”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди ҷумъа (19 январ) дар баёнияе аз ҳамла ба як киштии омрикоӣ дар наздикии савоҳили ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ гуфт: “Як фарванд киштии омрикоӣ бо номи Kim Ranger-ро бо мушакҳои дарёии муносиб ҳадаф қарор додем.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман афзуд: “Ин амалиёт бо муваффақият анҷом шудааст ва мушакҳо ба киштии мавриди назар исобат карданд.”
Вай, бо баёни ин ки ҳамлу нақл дар баҳри Сурх ва Араб ба рӯйи ҳамаи киштиҳо ба ҷуз киштиҳои исроилӣ боз аст, гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба иқдомоти ҳуҷумии худ барои дифоъ аз мардуми Фаластин идома медиҳад.”
Артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовамати миллати Фаластин дар навори Ғазза, чанд киштии режими саҳюнистӣ ё киштиҳои ҳомили коло барои ин режимро, ки озими сарзаминҳои ишғолӣ дар баҳри Сурх, уқёнуси Ҳинд ва тангаи Бобулмандиб буданд, ҳадаф қарор додааст.
Нерӯҳои артиши Яман мутаъаҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба навори Ғазза ва куштори мардуми ин минтақаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳад дод.
Қаламонлайн