Афзоиши чашмгири қарзи хориҷии Тоҷикистон

Афзоиши чашмгири қарзи хориҷии Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Бар асоси гузоришоти расонаҳои маҳаллӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли имсол ба 3,2 миллиард доллар баробар шудааст.

Вазири молияи кишвар, Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 15-уми август гуфт, дар ним сол зиёда аз 121 миллион доллар қарз баргардонда шудааст.

Қаҳҳорзода гуфт, дар шаш моҳи имсол қарзи хориҷӣ тақрибан бетағйир монд, вале соли оянда метавонад зиёд шавад, чун ҳукумат мехоҳад барои бунёди нерӯгоҳи Роғун маблағ бигирад.

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон асосан аз Бонки содироту воридоти Чин, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд қарздор аст.

Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст. Бахусус қарзҳои ҳангуфти Чин, ки шарту шароиташ расман эълон намешавад.

Мақомот борҳо гуфтаанд, ки ҷойи нигаронӣ нест.

Бо ин ҳол, расонаҳои ҷаҳонӣ дар ин маврид, намунаи Шри-Ланкаро пеш меоранд, ки дар ивази қарзҳо, корхонаву бандарҳояшро дар ихтиёри Чин гузоштааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сармояи заволнопазир
Эй инсон, худатро бишнос

Матолиби пурбоздид