Афроди муваффақ рӯъёҳои бузурге доранд

Муҳоҷират

Афроди муваффақ рӯъёҳои бузурге доранд

“Ҳар чизе ки бо итминонму боварӣ ва эътимод ба нафс дар интизораш ҳастем, ба пешбинии мо аз оянда табдил мешавад”.

“Ҳеч фарде он қадар фурсат надорад, ки битавонад ҳама чизро аз ибтидо фаро гирад. Барои дастёбӣ ба муваффақият, ҳатман бояд афродеро пайдо кунем, ки ҳазинаи лозим барои ёдгирии чизҳоеро, ки бояд барои дастёбӣ ба аҳдофамон бипардозем, пардохта бошанд”.

«Мо барои расидан ба ҳадафамон ё аз таҷрибаи худамон истифода мекунем ва пас аз чанд бор, озмуну хато таҷрибаи кофиро ҳосил мекунем, ё аз машварати касоне, ки ин роҳро рафтаанд ва дар ин роҳ таҷрибаи кофӣ доранд, истифода менамоем ва бо ҳазинаи камтаре, ба ҳадафамон даст пайдо мекунем».

“Афроди муваффақ ҳамеша дар паи ёфтани роҳе барои кӯмак ба дигарон ҳастанд. Афроди номуваффақ ҳамеша мепурсанд: Ин кор чӣ фоидае барои ман дорад?”

“Тасаввури мо аз худамон ҳамеша монанди касест, ки бовар дорем, бояд шабеҳи он бошем”.

“Тамоми афроди муваффақ рӯъёҳои бузурге доранд. Онҳо ояндаи идеолашонро таҷассум ва тасаввур кардаанд ва ҳар рӯз дар ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафи мавриди назарашон ҳаракат кардаанд”.

“Бояд он қадар ҷузъӣ талош кунед, то пеш аз дастёбӣ ба як чизи арзишманд, ҳеч кас натавонад онро бубинад, ё таҳсин кунад”.

“Асли муҳим барои муваффақият ин аст, ки зеҳни худогоҳамонро рӯи чизҳое мутамаркиз кунем, ки бо иштиёқ ба дунболашон ҳастем, на чизҳое, ки аз онҳо воҳима дорем”.

“Афроди муваффақ касоне ҳастанд, ки одати муваффақиятро дар худ эҷод кардаанд”.

Бройон Трейси

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Масҷид – омили ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон
Амалиётҳои муқовамати Фаластин алайҳи артиши ишғолгар дар Рафаҳ ва Карам Абӯсолим

Матолиби пурбоздид