Аҳамияти кору талош дар аҳодиси набавӣ

Муҳоҷират

 

Аҳамияти кору талош дар аҳодиси набавӣ

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Кор кардан барои ба даст овардани рӯзии ҳалол, бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст”.

Инчунин дар ривояти дигаре фармудаанд:

“Ибодат даҳ ҷузъ аст, ки нӯҳ ҷузъи он дар кору талош ва барои ба даст овардани рӯзии ҳалол аст”.

Аҳамияти кору талош барои рӯзии ҳалол ба ҳадде муҳим аст, ки Паёмбари Акрам(с) талош дар ин роҳро сабаби бахшида шудани гуноҳон донистаанд:

“Баъзе аз гуноҳон ба василаи намоз ва садақа ҳам омурзида намешавад.

Савол шуд: Ё Расулаллоҳ, пас ба чӣ чизе пок мешавад?

Фармуданд: Ҷиддият ва талош дар талаби маишату рӯзӣ”.

Дар ривояти дигаре талош дар роҳи талаби рӯзии ҳалол, ба унвони итоат аз Худованди Субҳон дониста шудааст:

“Ба тоати Худои Субҳон даст наёбад, магар касе, ки талош кунад ва ниҳояти кӯшиши худро ба кор гирад”.

Танбалӣ осебрасонтарин масъала бар муваффақият аст ва агар танбалӣ бар мо чира шавад, на танҳо пешрафте нахоҳем дошт, ки ба ҳеч як аз аҳдофамон даст пайдо нахоҳем кард, ба ҳамин хотир аст, ки дар ривояте ворид шудааст:

“Офати муваффақият танбалӣ аст”.

Дар ривояте аз Имом Ҳусейн(р) нақл шудааст, ки фармуданд:

“Барои дунёят он чунон кор кун, ки гӯё ҳамеша дар ин дунё хоҳӣ буд ва барои охират низ чунон саъю талош кун, ки гӯё фардо аз дунё хоҳӣ рафт”.

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷойгоҳи зан дар Ислом
Ҷуз кутуб ҳамнафас набуд маро…

Матолиби пурбоздид