Аҳамияти садақа дар ривоёти исломӣ
Сабки зиндагӣ
Абӯмӯсо (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд:
“Садақа бар ҳар мусалмон фарз аст.”
Саҳоба гуфтанд:
— Эй Паёмбари Худо! Агар касе чизе надошт, чӣ кунад?
Он ҳазрат (с) фармуд:
“Кор кунад, то ҳам ба худаш нафъ бирасонад ва ҳам ба дигарон садақа диҳад”.
Дубора пурсиданд:
— Агар ин кор аз ӯ сохта набуд, чӣ кунад?
Расули Худо (с) фармуд:
“Ба ситамдидаи ниёзманде кӯмак кунад”.
Пурсиданд:
— Агар инро ҳам натавонист?
Ҳазраташ (с) фармуд:
“Кори нек анҷом диҳад ва аз кори бад худдорӣ намояд. Ҳамин барояш садақа маҳсуб мешавад”.
(Ривояти Бухорӣ)
Қаламонлайн