Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ …

Адаб

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ …

Дарвеше мустаҷобуддаъва дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷи Юсуфро хабар карданд. Бихондашу гуфт:

– Дуои хайре бар ман бикун.

Гуфт:

– Худоё, ҷонаш биситон.

Гуфт:

– Аз баҳри Худо, ин чӣ дуост?!

Гуфт:

Ин дуои хайр аст туро ва ҷумла мусалмононро.

* * *

Эй забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?!

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

(Гулистони Саъдӣ)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷомеа ва таодули иҷтимоӣ
Вокуниши Яҳё Синвор ба тавофуқи пешниҳодии оташбас дар Ғазза

Матолиби пурбоздид