Бадбахтем чун мусалмон нестем, на ин ки бадбахтем чун мусалмонем

Бадбахтем чун мусалмон нестем, на ин ки бадбахтем чун мусалмонем
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ба муносибати вилодати босаодати Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳаммад (с)
Бисёр ҳастанд дар миёни мо, мусалмонон, касоне, ки ҳамеша ин шикоят дар дилашон ва ҳатто дар забонашон ҷорист, ки чаро имрӯз мо бадбахтем?! Бадбахт ба ин маъно, ки ҳам аз дунё маҳрумем ва ҳам аз охират ва ба таъбири маъруф: “хасирад-дунё вал-охира” ҳастем. Дар бештари ҷиҳот ва аслан дар ҳамаи ҷиҳот ақибмондаем; аксари қариб ба иттифоқи давлатҳоямон диктотур ва вобаста ба бегонаанд; мардумонамон бештар фақир ва аммо ақаллияти сарватмандонамон аблаҳ. Хулоса, вазъи бисёр вахиме гиребогирамон аст.
Баъд дар мақоми ёфтани посух, ин шубҳа дар зеҳни баъзе аз мо падид омада, ки шояд сабаби ин бадбахтӣ ва шақоват, мусалмон будани мо бошад! Ва аслан баъзеҳо, ки ба ин сухан яқин доранд ва тасреҳ мекунанд.
Аммо воқеият, дуруст баръакси қазия аст. Яъне мо, ба ин далел бадбахту бечора шудаем, ки мусалмон нестем; мусалмоне, ки Қуръон ва суннат аз ӯ мегӯяд, мо фақат ба ном мусалмонем, ҳатто уламо ва фуқаҳоямон мутаассифона ба зоҳир мусалмонанд, дар воқеият аммо ҳеч фарқе бо умматҳои паёмбарони пешин, ки Қуръон аз онҳо мегӯяд ва мазамматашон мекунад надорем. На ин ки бадбахтем чун мусалмонем.
Ривояте ҳаст аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ки бисёре аз муҳаддисон аз ҷумла Бухорӣ дар Саҳеҳи онро худ нақл карда, ки ҳазраташ фармояд:
لَتَتَّبِعُنَّ سنَنَ مَنْ قَبْلَكُمْ شِبْرًا بِشِبْرٍ، وَذِرَاعًا بِذِرَاعٍ، حَتَّى لَوْ سَلَكُوا جُحْرَ ضَبٍّ لَسَلَكْتُمُوهُ، قُلْنَا: يَا رَسُولَ اللَّهِ! الْيَهُودَ وَالنَّصَارَى؟ قَالَ: فَمَنْ
“Шумо мусалмонон (баъд аз ман) ҳамон равиши умматҳои пешинро ваҷаб ба ваҷаб ва қадам ба қадам анҷом хоҳед дод, ҳатто агар умматҳои гузашта вориди як сӯрохӣ шуда бошанд, шумо ҳам вориди он хоҳед шуд. Пурсидем: эй Расули Худо (с)! Оё манзур, роҳи яҳуд ва насоро аст? Ҳазрат фармуд: пас ман чӣ касеро мегӯям?” (Ривояти Бухорӣ)
Ин ки мефармоянд, “ҳатто агар умматҳои гузашта вориди як сӯрохӣ шуда бошанд, шумо ҳам вориди он хоҳед шуд”, киноя аз ин аст, ки шумо дақиқан ва бе каму зиёд, ҳамон роҳҳоеро хоҳед паймуд, ки онҳо паймуда буданд.
Яъне ҳамон рафторҳои нописанд ва зиште, ки аз онон сар зада буд, аз шумо ҳам сар мезанад.
Яъне ҳамон камлутфиҳое, ки аз онон нисбат ба шариъати Худо дида шуда, аз шумо ҳам дида хоҳад шуд.
Яъне ҳамон саҳлангориҳо, кӯтаҳиҳо, тақсирҳо ва бетаваҷҷӯҳиҳо, ки онон нисбат ба дастуроти илоҳӣ аз худ ба намойиш мегузоштанд, шумо ҳам ба намоиш хоҳед гузошт.
Яъне агар дар бораи онҳо гуфта шуда, ки:
وَقَالَتِ الْيَهُودُ وَالنَّصَارَى نَحْنُ أَبْنَاءُ اللَّهِ وَأَحِبَّاؤُهُ
“Яҳуд ва насоро гуфтанд: мо фарзандони Худо ва дӯстони хосси ӯ ҳастем.” (Сураи Моида, ояти 18), шумо низ хештанро тофтае ҷудобофта ва бартар ва волотар аз ҳама хоҳед донист ва мепиндоред ҳамин ки аз уммати Муҳаммад (с) ҳастед, дигар ҳамин миқдор басанда аст, ки дарҳои биҳишт бар рӯйи шумо боз бошад ва он гоҳ ба ҳар гуноҳе даст меёзед.
Агар Қуръон яҳудро қавме тарсу тавсиф карда, ки ҷуръати “На!” гуфтан ба ситамгарро надоштанд ва аз мубориза ва пайкор бо золим шона холӣ мекарданд – он ҷо ки паёмбарашон аз эшон хост, то бапо бихезанд, вале дар посухи паёмбарашон гуфтанд:
قَالُوا يَا مُوسَى إِنَّا لَنْ نَدْخُلَهَا أَبَدًا مَا دَامُوا فِيهَا فَاذْهَبْ أَنْتَ وَرَبُّكَ فَقَاتِلَا إِنَّا هَاهُنَا قَاعِدُونَ
“Эй Мӯсо! То вақте ҷабборон ва ситамгарон дар онҷоянд, ҳаргиз мо ба он шаҳр дохил нахоҳем шуд. Мо инҷо менишинем, ту ва парвардигорат биравед ва бо онҳо биҷангед!” (Сураи Моида, ояти 24) – шумо низ қавме тарсу ва буздил хоҳед буд ва ҳар зулму ситамеро таҳаммул хоҳед кард ва мисли яҳуд таваққӯъатон ин хоҳад буд, ки бигузор худи Худо золимро аз саратон бардорад.
Агар пайкоре ба миён буд ва шикаст домангиратон шуд, шумо ҳам мисли яҳуд тақсир ва кӯтаҳиро бар гардани раҳбарони хеш хоҳед андохт, он ҷо, ки мефармояд:
وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ يَطَّيَّرُوا بِمُوسَى وَمَنْ مَعَهُ
“Вақте ки бадӣ (ва бало) ба онҳо (яҳуд) мерасид, мегуфтанд: (ин) аз сӯйи Мӯсо ва касони ӯст!” (Сураи Аъроф, ояти 131)
Агар дар бораи яҳуд мефармояд:
ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَلِكَ فَهِيَ كَالْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً
“Сипас дилҳои шумо баъд аз воқеъа сахт шуд ҳамонанди санг ё сахттар…” (Сураи Бақара, ояти 74), шумо низ чунон сангдил ва қасиюлқалб хоҳед шуд.
Ва ин қасовати қалбу сангдилӣ ва тарсу буздилии шумо ҳамонанди яҳуд, натиҷаи ин аст, ки:
وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ النَّاسِ عَلَى حَيَاةٍ وَمِنَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِ مِنَ الْعَذَابِ أَنْ يُعَمَّرَ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا يَعْمَلُونَ
“Онҳоро (яҳудро) ҳаристарини мардум, ҳатто ҳаристар аз мушрикон, бар зиндагӣ хоҳӣ ёфт, (то он ҷо, ки) ҳар як аз онҳо дӯст дорад ҳазор сол умр бинад, дар ҳоле ки ин умри тӯлонӣ ӯро аз азоби Худо бознахоҳад дошт ва Худованд ба аъмоли онҳо биност.” (Сураи Бақара, ояти 96)
Ва ин қасовати қалб ва сангдилии шумо ҳамонанди яҳуд, ба далели паймоншиканиҳо ва аҳдшиканиҳои шумост, он ҷо ки мефармояд:
فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِيثَاقَهُمْ لَعَنَّاهُمْ وَجَعَلْنَا قُلُوبَهُمْ قَاسِيَةً
“(Бани Исроилро) ба хотири паймоншиканӣ, аз раҳмати хеш дур сохтем ва дилҳои ононро сахт ва сангин намудем.” (Сураи Моида, ояти 13) Агар ваъда медиҳед, дар ваъдаи худ ҷиддӣ нахоҳед буд ва мисли об хӯрдан ваъдаи худро хоҳед шикаст.
Дар диндорӣ ва амал ба дастуроти шариъат аммо, шумо низ мисли қавми яҳуд, ба порае аз дастуроти илоҳӣ боварманд ва пойбанд, вале ба пораҳое дигар кофир хоҳед буд. Мегӯед, мусалмонам ва намоз ҳам мехонед, рӯза ҳам мегиред, вале ба роҳатӣ рибо мехӯред, закоти моли худ пардохт намекунед, ба номаҳрам нигоҳ мекунед, зино мекунед, шароб менӯшед… Ин дақиқан ҳамон хӯйи яҳуд аст, ки Қуръон дар бораашон мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيُرِيدُونَ أَنْ يُفَرِّقُوا بَيْنَ اللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيَقُولُونَ نُؤْمِنُ بِبَعْضٍ وَنَكْفُرُ بِبَعْضٍ وَيُرِيدُونَ أَنْ يَتَّخِذُوا بَيْنَ ذَلِكَ سَبِيلًا
“Касоне, ки ба Худо ва фиристодагони ӯ кофир мешаванд ва мехоҳанд миёни Худо ва паёмбарони ӯ ҷудоӣ афкананд ва мегӯянд: ба бархе имон меорем ва ба бархе кофир мешавем ва мехоҳанд дар ин миён роҳе фаро гиранд.” (Сураи Нисо, ояти 150)
Ва шигифтовартар аз ҳамаи инҳо он аст, ки дар бадхӯйӣ, дар мавориде, ҳатто аз яҳуд ҳам шумо ҷилавтар меравед. Қуръон яҳуду насороро чунин тавсиф мекунад, ки бархе аз онон ба амонат хиёнат намекунанд ва вақте амонате пеши онҳо бигузоред, бароятон бармегардонанд, вале баъзе аз онҳо чунинанд, ки то замоне ки ба сараш наойед, ҳозир нестанд амонат пасбидиҳанд:
وَمِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مَنْ إِنْ تَأْمَنْهُ بِقِنْطَارٍ يُؤَدِّهِ إِلَيْكَ وَمِنْهُمْ مَنْ إِنْ تَأْمَنْهُ بِدِينَارٍ لَا يُؤَدِّهِ إِلَيْكَ إِلَّا مَا دُمْتَ عَلَيْهِ قَائِمًا ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا لَيْسَ عَلَيْنَا فِي الْأُمِّيِّينَ سَبِيلٌ وَيَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
“Ва аз аҳли китоб касе ҳаст, ки агар ӯро бар пӯсти гове пур аз зар (киноя аз моли бисёр) амин дорӣ ва ба ӯ бисупорӣ, онро ба ту бозгардонад ва аз онҳо касе ҳам ҳаст, ки агар ӯро бар диноре амин дорӣ, ба ту бознагардонад, магар пайваста бар сари ӯ истода бошӣ (ки ночор шавад бидиҳад)…” (Сураи Оли Имрон, ояти 75) Аммо дар миёни шумо, мусалмонон, касоне хоҳанд буд, ки ба ҳадде хиёнаткор ба амонати мардум хоҳад буд, ки ҳатто агар ба сараш биёед ва амонати худ бихоҳед, ҳозир намешавад амонати шумо пасгардонад.
Ва аз ин муҳимтар, бештарин шабоҳат ва монандии шумо бо қавми яҳуд дар ин аст, ки бегонаҳо шуморо якпорча ва воҳид ва муттаҳид мепиндоранд, вале шумо мутафарриқ ва чанддаста ва бо ҳам душманед:
تَحْسَبُهُمْ جَمِيعًا وَقُلُوبُهُمْ شَتَّى ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْقِلُونَ
“Онҳоро (яҳудро) муттаҳид мепиндорӣ, вале дилҳояшон пароканда аст. Ин бад-он сабаб аст, ки онон мардуме ҳастанд, ки намеандешанд.” (Сураи Ҳашр, ояти 14)
Аммо имрӯз ин яҳуд ҳастанд, ки якпорча ҳастанд, вале уммати ҳазрати Муҳаммад (с), ки дар зоҳир бо ҳаманд ва рӯй ба як қибла намоз мегузоранд ва ҳама якранг ва бо либоси якнавохт ҳаҷ анҷом медиҳанд, вале дилҳояшон пароканда ва нисбат ба ҳам душмананд. Чаро? Ба ин сабаб, ки “онон мардуме ҳастанд, ки намеандешанд.”
Ин аст маънои он ривоят, ки мегӯяд: “Шумо мусалмонон (баъд аз ман) ҳамон равиши умматҳои пешинро ваҷаб ба ваҷаб ва қадам ба қадам анҷом хоҳед дод, ҳатто агар умматҳои гузашта вориди як сӯрохӣ шуда бошанд, шумо ҳам вориди он хоҳед шуд. Пурсидем: эй Расули Худо (с)! Оё манзур роҳи яҳуд ва насоро аст? Ҳазрат фармуд: пас ман чӣ касеро мегӯям?”
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ереван ҳукми Девони Кайфарӣ алайҳи Путинро тасвиб кард
Иттиҳод ва ваҳдат – фарзи илоҳӣ

Матолиби пурбоздид