Банӣ одам аъзои якдигаранд…

Банӣ одам аъзои якдигаранд…
Мӯъмин дар каломи Расули Акрам(с):
* Мусалмони воқеӣ ва комил касест, ки мусалмонони дигар аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд ва муҳоҷир касест, ки манҳиёти Худоро тарк кунад.
* Робитаи мӯъмин ва мусалмон бо якдигар монанди робитаест, ки байни аҷзои як сохтмон барқарор аст, ки баъзе аз онҳо бархе дигарро истеҳком мебахшанд.
* Мусалмон бародари мусалмони дигар аст, ба ӯ хиёнат намекунад, ба ӯ дурӯғ намегӯяд, ӯро хор намекунад, ҳамаи арзишҳои як мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст, обрӯяш, молаш ва хунаш, огоҳ бошед, ки тақвои илоҳӣ инҷост, кофист барои ҳар инсоне он шарру бадие, ки бародари мусалмонашро ҳақир шуморад.
* Мӯъмини воқеӣ ба шумор намеояд ҳеҷ як аз шумо, магар ин ки дӯст бидорад барои бародари мусалмонаш ончиро ки барои худ дӯст медорад.
* Ҳуқуқи мусалмонон бар мусалмонон бар панҷ чиз аст: посухи саломи ӯ, аёдаташ ба ҳангоми беморӣ, рафтан ба ҳамроҳи ҷанозааш, иҷобати даъваташ, дуо ба ҳангоми атса карданаш.
* Намепӯшонад бандае айбҳои бандаи дигарро, магар он ки Худованд дар рӯзи растохез айбҳои ӯро мепӯшонад.
* Вақте ду мусалмон ба якдигар расиданд ва мусофаҳа намуданд ва ҳамду санои Худоро гуфтанд ва аз Худо талаби истиғфор намуданд, мағфирати Худои Таоло барои ҳар ду ҳосил мешавад.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рафтори некӯи Паёмбар(с) бо ҳамсар
Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

Матолиби пурбоздид