Бардошти дунёи имрӯз аз мафҳуми озодӣ
Муртазо Мутаҳҳарӣ
“Дар заминаи озодии маънавӣ масоили зиёде ҳаст. Ман ҳамин қадар ба шумо арз бикунам, иштибоҳе, ки дунёи имрӯз мекунад – ҳол, иштибоҳи воқеӣ ё иштибоҳи саҳвӣ, ман намедонам – ин аст, ки мехоҳад, озодиҳои иҷтимоиро таъмин кунад, вале асорати маънавӣ эҷод кунад. Яъне мехоҳад, башар судҷӯ ва ҳавопараст ва бандаи нафси худаш бошад, иродаи ахлоқӣ ва инсонӣ надошта бошад, вале дар айни ҳол озодии иҷтимоӣ дошта бошад… Чунин чизе маҳол аст.
Сирри ин ки анбиё дар барномаи адолат ва озодиашон муваффақ шуданд – яъне тавонистанд, инсонҳое таҳвил бидиҳанд, ки воқеан ва ба мафҳуми воқеӣ озодихоҳ бошанд; инсонҳое, ки қудратро ба даст биёваранд ва суистифода накунанд – ин буд, ки аввал барои озодии маънавӣ кӯшиш мекарданд; башарро аз шаҳавоти худаш, аз хурофоташ, аз таассуб ва таҳаҷҷураш, аз вобастагиҳои паст ва аз тааллуқоти ҳайвониаш озод мекарданд. Он гоҳ чунин башаре шоистагии озодии иҷтимоӣ пайдо мекунад. Аммо башаре, ки рӯз ба рӯз дар фасод ғарқ мешавад, маҳол ва мумтанеъ аст, ки ба озодии иҷтимоӣ бирасад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Понздаҳ гуфтор)
Қаламонлайн